СОҲИБКОРОН МУНТАЗАМ ДАСТГИРӢ КАРДА МЕШАВАНД

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ойсара савдо маркази»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ғужим терек»-и ноҳияи Кегейлии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз соли 2021 дар соҳаи савдо ва хидматрасонӣ фаъолият дорад.

Дар корхона асосан барои бонувон сару либосҳои милливу замонавӣ, кӯрпаву кӯрпача, чандин навъи пардаҳо дӯхта ва тайёр карда мешаванд. Маҳсулоти корхона хушсифат ва харидоргир мебошанд. Ҳоли ҳозир дар корхона 10 нафар зан бо кор таъминанд.
Корхона аз маблағи имтиёзноки ҷудокардаи бонки тиҷоратии соҳибкор пурсамар истифода бурда, якчанд асбобу ускунаҳои заруриро харид кард. Он ҳамчунин соҳиби бинои нави дуошёна гардид.
Корхона ният дорад, ки дар оянда навъи маҳсулот, миқдори кормандонро зиёд кунад, ҳамчунин маҳсулоти худро ба бозорҳои хориҷӣ бароварад.
Дар сурат: дар ҷамъият масъулияташ маҳдуди «Ойсара савдо маркази»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ғужим терек»-и ноҳияи Кегейлии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон.
Суратгир: М. ҲАБИБУЛЛОЕВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: