БАРОМАДҲОИ МАФТУНКУНАНДАИ ҲУНАРВАРОН

Ҳар бегоҳ дар деҳа овози савту суруд баланд шунида мешуд.

Фикр мекардем, ки дар он ҷо тӯй ё ки ягон тадбири тантанавӣ баргузор мегардад. Агар чунин бошад, онҳо одатан як ё ду шаб давом мекарданд, лекин он савту садоҳо ҳар поси аввали шаб ба гӯш мерасиданд.
Ба саволи ҳайратафзои мо одамон ҷавоб доданд:
– Дорбозҳо ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ана, аён шуд. Боз тааҷҷубовар буд, ки дорбозон дар торикӣ чӣ тарз тамошо нишон медиҳанд? 
Аз борҳо шунидан диданро афзал шумурда, ба роҳ баромадем. 
Дар торикии шом мошинҳо, гурӯҳ-гурӯҳ сокинон, алалхусус, ҷавонону бачагон дар роҳи васеъ таҳти он мусиқии роҳнамо ба он сӯи деҳа равона буданд. Онҳо гӯё кайҳо бозна чунин тамошою истироҳати маданиро мунтазир буданд... 
Ҳайати дорбозону ҳунармандони маъруф бо номи «Дорбозони Косонсой» то ин вақт дар шаҳри Чуст, деҳаҳои ҳамсояи Каркидону  Ғаво сафари ҳунарӣ карда, дар майдони фарохи деҳаи Варзик ба ҳунарнамоӣ пардохта буданд.
Ин даста нав нест, он таърихи дароз дорад. Дар аҳди собиқ Иттифоқ ба он додарони паҳлавон Ҷӯрахоҷа Норхоҷаев ва Эргашхоҷа Дадахоҷаев (рӯҳашон шод бод!) асос гузошта буданд. Онҳо бо дорбозон дар тӯй, маросиму чорабиниҳои ватанамон ва кишварҳои бародарӣ ҳунарнамоӣ мекарданд.
– Бо ин, – ба дори омодакарда ишоракунон фаҳмонд яке аз ҳунармандони ҳозираи даста Наврӯз, – устодонамон Норхоҷаеву Дадахоҷаев, инчунин дорбозон дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ баромад кардаанд. 
Бале, онҳоро номдору ҷаҳонгашта гуфтан мумкин аст.   
– Барои чӣ рӯзона нею шабона  ҳунарнамоӣ мекунед? 
– Аз он сабаб, ки бегоҳ кормандон аз кор, ҷавонону бачагон аз хондан, хурдсолон аз боғча бармегарданд, – ба пурсиши мо ҷавоб гардонд Наврӯзи ҳунарвар.    
Агар он замон даста танҳо дорбозию паҳлавонӣ карда бошад, минбаъд фаъолияту ҳунари устодонро фарзанду наберагон давом дода, баромадҳоро ҷаззоб гардондаанд.
Ҳоло дорбоз Акрамхоҷа Дадахоҷаев, паҳлавон Ҷавлон Ғайбуллоев, оташу кордбоз Наврӯз, чашмбанд Ҷамшедхоҷа Дадахоҷаев, инчунин Шоҳрух Болтаеви паҳлавон бо ҳунарҳои худ хурду калонро мафтун мекунанд. 
Дастаи «Дорбозони Косонсой», ғайр аз кишварамон, ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон сафари ҳунарӣ карда, бо таассуроти нек баргаштааст.

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: