СЕМИНАРИ ПАЛАТАИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бухоро бахшида ба маънидодкунии моҳияти лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аҳамияти меъёрҳои наве, ки шомили он гаштааст, инчунин қоидаҳои асосии гузаронидани раъйпурсӣ семинар ба амал омад.

Дар кори он Раиси Палатаи қонунгузорӣ Н. Исмоилов, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, намояндагони халқи шӯроҳои маҳаллӣ, фаъолон, намояндагони ВАО ва масъулони дахлдор иштирок карданд. Аз рӯи масъалаи гузошташуда Нуриддинҷон Исмоилов ва раиси Кумитаи институтҳои демократӣ, ташкилотҳои нодавлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрвандон Шӯҳрат Бафоев ба сухан баромаданд. Ҳангоми гузориш намояндагони халқи Шӯрои вилоят, ректори ДДБ Обидҷон Ҳамидов, раиси Садорати маркази маҷмӯи ёдгории Баҳоуддин Нақшбанд Фармон Аминов, роҳбари шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифат Марҳабо Пардаева ва дигарон дар бораи дар лоиҳа ифода ёфтани манфиатҳои шаҳрвандон изҳори ақида намуданд.
***
Баъд аз семинар Н. Исмоилов ва депутатҳо ба маҳаллаи «Мутаваккил Бурҳонов»-и шаҳри Бухоро ташриф оварданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: