Иҷрои вазифаҳои соҳаи геология муҳокима гардиданд

  • Иҷрои вазифаҳои соҳаи геология муҳокима гардиданд
  • Иҷрои вазифаҳои соҳаи геология муҳокима гардиданд
  • Иҷрои вазифаҳои соҳаи геология муҳокима гардиданд
  • Иҷрои вазифаҳои соҳаи геология муҳокима гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 8 июл бинобар масъалаҳои натиҷаҳои ноилгардида дар соҳаи геология ва нақшаи соҳа дар давраи то охири сол ҷамъомад баргузор намуд.

Раиси Кумитаи давлатӣ оид ба геология ва захираҳои маданӣ Б.Исломов дар бораи иҷрои корҳо дар солҳои охир гузориш дод. Аз он ҷумла, дар натиҷаи татбиқи технологияи замонавӣ ҳаҷми корҳои иктишофии геологӣ ва пармакунӣ ба 1,5 маротиба афзуд.

Ставкаи андоз барои истифодаи захираҳо кам карда шуд, ки ин барои сармоягузорони хусусӣ роҳ боз намуд. Аз ҳисоби татбиқи маконҳои истихроҷӣ аз тариқи ауксион сармоягузории 1 миллиарду 400 миллион доллар сар шуд.

Донишгоҳи илмҳои геологӣ таъсис ёфт, ки фаъолияти он дар асоси пешқадамтарин технология ва замонавитарин усул ташкил гаштааст.

Дар тақдимоте, ки 19 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Президент дар заминаи трансформатсияи корхонаи давлатии «Навоиуран» ва афзудани захираи уран супориш дода буд. Имрӯз маълумот дар бораи кори оғозгардида дар ин самт, нишондодҳои мақсаднок барои ояндаи наздик ва дур пешниҳод карда шуд.

Ҳамин тариқ, ҷараёни технологӣ ва ҳисобу китоби молиявиро барои ба стандартҳои байналхалқӣ гузарондан ба нақша гирифта, ҳаҷми истихроҷ ва захираи уранро то соли 2030 2 баробар афзудан ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки барои иҷрои босамари ин чорабиниҳо дар «Навоиуран» идораи лоиҳавӣ бояд кушод, мутахассисони хориҷиро ҷалб намуда, малакаи кадрҳоро боло бояд бурд.

Инчунин азхуд намудани чоҳҳои металлҳои ранга ва нодир муҳокима гардид. Майдони корҳои иктишофии геологӣ бинобар ин намудҳои ашёи хом васеъ карда шуда буд. Ба вуҷуд овардани ширкати «Янги кон» дар назди Фонди реконструксия ва тараққиёти Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст. Ин ширкат бо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба истихроҷи литий, алюмин, магний, графит ва дигар металлҳои нодир машғул хоҳад гардид.

Захираҳои об низ аҳамияти камро молик нест. Дар солҳои охир ҳаҷми обҳои таҳшин дар 21 ноҳия аз сатҳи болоӣ то 20 метр паст рафтааст. Сарфи назар аз ин, дар маҳалҳо пармакунии ғайриқонунии чоҳҳо барои дарёфти об ба назар мерасад. Танҳо соли 2021 1,2 ҳазор чунин ҳолат ба ҳисоб гирифта шудааст.

Маҳз барои ҳамин Президент пештар ташкили босамар истифода намудани обҳои зеризаминиро супориш дода буд. Бо ин мақсад лоиҳаи қонун дар бораи пурзӯр намудани масъулият барои ғайриоқилона истифода намудани заминҳои зеризамонӣ таҳия гардида буд.

Дар бораи чорабиниҳои андешидашуда дар заминаи афзудани захираи обҳои зеризаминӣ дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Самарқанд, Сурхондарё ва Тошканд гузориш дода шуд.

Инчунин маълумот дар бораи васеъ татбиқ намудани манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва ба вуҷуд овардани кластери марбут дар Қашқадарё пешниҳод гардид.

– Умуман геология нерӯи асосии таҳрикбахшандаи тараққиёти иқтисодӣ ба шумор меравад. Лозим аст, ки потенсиали он комилан истифода гардад, – гуфт роҳбари давлат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: