Истеҳсолкунандагони Ӯзбекистон маҳсулоти худро дар намоишгоҳи «Продэкспо-2023» дар Минск муаррифӣ мекунанд

Аз 14 то 17 ноябр дар шаҳри Минск Намоишгоҳ ва ярмаркаи махсуси яклухтии “Продекспо-2023” баргузор мешавад.

Имсол 126 иштирокчӣ аз панҷ кишвар дархост додаанд. Дар байни онҳо ширкатҳо, холдингҳо ва корхонаҳои Беларус, Русия, Ӯзбекистон, Ветнам ва Туркманистон ҳастанд.

Намоишгоҳ 29 сол боз бо технологияҳои пешрафтаи истеҳсолот дар саноати хӯрокворӣ шинос карда, брендҳои навро пеш бурда, бозори дохилии озуқаро бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои хушсифат пур карда, ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба бо истеҳсолкунандагони пешбари саноати хӯрокворӣ мусоидат мекунад.

Ба таври анъанавӣ экспозитсияи намоишгоҳро барномаи васеъмиқёси чорабиниҳои тиҷоратӣ пурра мекунад, ки дар рафти он мушкилот ва дурнамои рушди бозори саноати хӯрокворӣ баррасӣ гардида, байни фурӯшандагон, таъминкунандагон ва истеҳсолкунандагон гуфтушунидҳо ташкил карда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар намоишгоҳ озмунҳои чашидан, симпозиуми байналхалқии нонвойхонаҳо, кубоки байналхалқии қаннодӣ ва ғайра гузаронда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: