Шайхон яке аз деҳаҳои калонтарин ва кӯҳнатарини ноҳияи Бухоро ба шумор рафта, сокинони он аз қадимулайём бо зироатпарварӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат машғуланд.
Дар ин ҷо расму оини аҷдодӣ, пазандагию хӯрокҳои анъанавии миллӣ, савту сурудҳои мардумӣ, ривояту афсонагӯӣ, бозиҳои гуногуни халқӣ, тайёр кардани кӯлашӯртаку хушкмева, қандалоту шириниҳо, маҳсулоти полизу ҳунармандӣ ва ғайра мақоми махсус дорад.
Ба ғайр аз ин, дар шафати шаҳр ва атрофи шоҳроҳи байналхалқӣ воқеъ будани мавзеъ, ёдгориҳои таърихии ҳудуд барин омилҳо диққати роҳбаронро сӯи худ кашид ва боиси дар ин ҷо созмон додани «Этно-маркази Шайхон» барои сайёҳони маҳаллию хориҷӣ қарори дахлдор қабул карда шуда буд. Дар 15 сотих майдон ҳавлиҳои тобистонаю зимистона сар боло кард. Қимати лоиҳавии марказ ба 400 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Ба қарибӣ маросими кушодашавии марказ ба амал омад. Ба ин муносибат дар ин ҷо намоиши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, барномаи консертии савту сурудҳои халқӣ, бозиҳои гуногуни мардумӣ сурат гирифт.
Дар ин ҷо бобати тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ-этникӣ мастер-класс ба роҳ монда мешаванд. Дар назди марказ мавҷуд будани боғ имкон медиҳад, ки барои сайёҳон аз ҳисоби ҳайвоноти хонагӣ «Гӯшаи ҷондор» ташкил карда шавад. Дар маркази деҳа бунёд кардани супермаркет, дорухона, толори зебоӣ, маркази ахбор, сехи дӯзандагӣ, офиси туроператорӣ, почта, кассаи фурӯши чиптаҳои самолёту поезд, дӯкони тӯҳфаҳо, устохонаи ҷиҳоз-ҳои электротехникӣ, сартарошхона, сехи тайёркунии маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳои миллӣ, меҳмонхонаи оилавӣ, дӯкони либос, чойхонаи миллӣ, маркази иҷораи велосипед, нонвойхона ва ғайра ба нақша даромадааст.
Мақсад дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои маҳаллии сайёҳӣ ба равияи нави сайёҳӣ раҳнамун сохтани этно-марказ аст.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.
Суратгир: муаллиф.