ДАР БУХОРО КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ КОР САР КАРД

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 декабри соли 2021 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи сармоявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2022-2026 ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави идоракунии лоиҳаҳои сармоявӣ» дар ноҳияи Когон барпо намудани лоиҳаи истеҳсолии маҳсулоти акрил, ришта-калобаи иқтидори солонааш 40 ҳазор тонна ва арзишаш 36 миллион доллари минтақаи озоди иқтисодии «Ғиждувон» аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сиёвуш текстил Бухоро» оғоз ёфта буд.

24 июли соли ҷорӣ ин лоиҳа ба кор даромад. Ба ин муносибат дар тадбири созмонёфта мутасаддиёни ҳокимиятҳои вилояту ноҳия, аҳли корхона, намояндагони идораю ташкилотҳо иштирок карданд.
Ҳокими вилоят Ботир Зарифов гуфт, ки ба шарофати ин корхона дар вилоят истеҳсоли сифатноки акрил ришта-калоба ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа барои содироти вилоят ба тарзи иловагӣ ба андозаи 6 млн. доллар базаи захиравӣ фароҳам омада, боиси ба буҷаи давлат ворид шудани 4,5 миллиард сӯм даромад мегардад. Баробари ин дар корхона бештар аз 1200-то ҷои нави корӣ ба вуҷуд омад.
Ба кор даромадани лоиҳа ҳосил намудани акрил ришта-калоба ва ҷараёни аз он истеҳсол кардани маҳсулоти тайёр пурра маҳаллӣ кунонда мешавад. Соҳибкорон бобати дар марҳилаи навбатӣ инкишоф додани корхона роҳҷӯӣ менамоянд.
Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи нав, бешубҳа, боиси дастрасшавии имкониятҳои нав мегардад.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: