ЛОИҚИ ЭЪТИБОР ВА ЭҲТИРОМ

27- солагии қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо тантана истиқбол кардем.

Дар ҷамъомад ва чорабиниҳои  ҷашние, ки ба ин муносибат дар сартосари ҷумҳурӣ ба амал омаданд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии мо воқеан рӯзи муҳим будани ин сана алоҳида таъкид гашт. Хусусан,маърӯзаи роҳбари давлати мо дар маросими мутантан бахшида ба 27-умин солгарди қабул шудани Сарқонуни Ҷумҳурии  Ӯзбекитон ба халқҳои ин диёр, дар даврае, ки мамлакатамон дар роҳи тараққиёти нав босуръат пеш меравад, рӯҳбаландии бузург бахшид.
Президенти мо, аз ҷумла дар бораи зарурияти инкишоф додани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии ҷамъият сухан ронд ва таъкид сохт тарбияи ҳуқуқро бояд аз низоми таълими томактабӣ шурӯъ намуда, дар ин замина аввалин барномаҳоро мисли аллаи модар дар қалбҳои фарзандонамон як умр ҷой диҳем. 
Бале, ҳар гуна тарбия аз кӯдакӣ оғоз ёфта, тифл, қабл аз ҳама, дар ихтиёри модар аст ва маҳз зан-модар, ки тимсоли меҳру муҳаббат мебошад, аввалин устоди ҳар яки мо ба маънои ҳақиқист.
Дар муассисаҳои томактабӣ бошанд, асосан бонувон, ки ба хурдтаракон бештар наздик ва онҳоро хубтар мефаҳманд, фаъолият мебаранд.
Президенти мо зимни маърӯза боз гуфт, дар доираи Стратегияи миллӣ фурсати офаридани низоми пайдарпай омӯзондани ҳуқуқҳои инсон, дар мактабҳои таълими умумӣ, муассисаҳлои таълими олӣ, марказҳои бозомӯзии кадрҳо ҷорӣ намудани курсҳои махсуси таълимӣ бо унвони «Ҳуқуқҳои инсон», «Ҳуқуқҳои бача» ва «Ҳуқуқҳои занон» фаро расидааст.
Бале, ба занону духтарон, хусусан ба модарон, ки аввалин хиштҳои тарбияи ҳарҷонибаро маҳз онон мегузоранд, бо чашми эҳтиром нигаристан ба менталитету анъанаҳои миллии халқҳои  мо хос мебошад. Кумита, институт ва бунёдҳое, ки бо ташаббуси роҳбари давлати мо созмон дода шудаанд, ба занону духтарон кӯмаки ҳарҷонибаи ҳуқуқӣ, психологӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. 
Президент Ш. Мирзиёев ҳанӯз дар ҷамъомади умумии бистуми Сенати Олий Маҷлис 21 июни соли 2019 баромад карда ва оиди барҳам додани тамоми шаклҳои маҳдудсозии ҳуқуқи бонувон мулоҳизоти солим баён намуда, вазифадор сохта буд ҳуҷҷатҳои қонунгузории миллии мо ба меъёрҳои байналхалқии эътирофшуда имплементатсия гардонда шаванд.
Дар ҷамъомади баъдинаи Сенати Олий Маҷлис аз рӯи «Оиди барҳам додани тамоми шаклҳои пастзании ҳуқуқи бонувон ҳолати ба ҳуҷҷатҳои қонунии миллии мо имплементатсиясозии меъёрҳои байналхалқии эътирофшуда» ахбори ҷонишини вазири адлия А. Тошқулов шунида ва мавриди муҳокима қарор гирифт.
Президент беҳуда масъалаи марбут ба бонувон, мавқеи онҳо дар ҳаёти ҷамоавӣ ва сиёсӣ,таъмини куллан бо мардон баробарҳуқуқии ҷинси латифро ба рӯзнома нагузошт. Ҳифзи ҳуқуқҳои занону духтарон дар мамлакати мо ҳанӯз аз солҳои аввали дастёбӣ ба истиқлолият оғоз ёфта ва дар ин байн корҳои зиёд амалӣ гардонда шуда бошанд ҳам, пастзании шаън ва эътибори бонувон дар  ин ё он шакл ҳанӯз зуҳур гардида, ҷомеаро ба ташвиш мегузорад.
Ҳоло 49,4 фоизи сокинони ҷумҳуриро занону духтарон ташкил менамоянд.
Дар Конститутсия назди қонун баробарии шаҳрвандон қатъи назар аз ҷинс (моддаи 18), ҳуқуқи якхеларо моликии занону духтарон ва мардҳо (моддаи 46) нишон дода шудааст. Дар даврае, ки гузашт, бештар аз 80 ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ, дар чанд соли охир бошад, 15 фармон ва қарори Президент ва Девони Вазирон ба имзо расонда шуд.
Баробари ҳамин баъзе дигаргунӣ ва иловаҳо ба қонунҳо ворид карда шуданд. Қарорҳо оиди ҳамроҳшавӣ ба бештар аз 10 шартномаи байналхалқии универсалӣ қабул гардиданд.
Масалан, соли 1995 ба Конвенсия «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои пастзании ҳуқуқи занону духтарон», ки аз ҷониби Сарассамблеяи СММ соли 1979 қабул гардида буд, Ӯзбекистон байни давлатҳои Осиёи Марказӣ якумин аъзо гардид.
Мувофиқи яке аз меъёрҳои ин конвенсия «дар қонунгузории миллии ҳар як давлат мустаҳкамсозии баробарии мардҳо ва занон» дар Конститутсияи Ӯзбекистон низ акси худ дарёфт.
Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ таъмини ҳуқуқи бонувон дар асоси баробарӣ бо мардҳо, бо кӯмаки судҳои миллии ваколатнок ва муассисаҳои давлатӣ масъалаи таъмини ҳифзи самараноки занон ва роҳ нагузоштан ба пастзании шаъни онҳо ғайр аз Конститутсия боз дар Қонуни ҷумҳурӣ дар бораи суд, Кодекси шаҳрвандӣ, Кодекси просессуалии шаҳрвандӣ, Кодекс оиди пешбарии корҳои суди маъмурӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо муайян карда шудаанд.
Айни замон, байни даврае, ки сипарӣ гашт, қонунгузории миллии мо қариб ба тамоми меъёрҳои Конвенсия имплементатсия гардонда шуданд.
Таъмини иштироки занон дар интихобот ва раъйпурсиҳои оммавӣ, дар ташаккул ва ба амал баровардани сиёсати давлат ба иҷро расондани вазифаҳо дар тамоми қишрҳои идоракунии давлатӣ қонунан мустаҳкам карда шуда, ҳамчунин дар моддаи 70-уми Кодекси интихоботӣ 30 фоизро ташкил намудани миқдори умумии номзадҳо ба депутатӣ, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ нишон дода мешаванд, муқаррар гардидааст.
30 августи соли 1997 «Дар бораи ратификатсияи конвенсия оиди рағбатноксозии васеи мардҳо ва занону духтарон ба меҳнате, ки арзиши якхела дорад» ва «Дар бораи ҳамроҳшавӣ ба конвенсия оиди ҳуқуқи сиёсии занону духтарон» қарори Олий Маҷлис қабул карда шуд.
Фармони Президент аз 2 феврали соли 2018 «Дар бораи чораҳои куллан такмилдиҳии дастгирии занону духтарон ва фаъолияти онҳо дар мустаҳкамсозии институти оила» дар роҳи боз ҳам такмил додани муҳофизати ҳуқуқи занону духтарон боз як қадами муҳим гардид. Бо мақсади иҷрои нуктаҳои ҳуҷҷати мазкур қонунҳои Ӯзбекистон «Дар бораи кафолатҳои баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои мардҳо ва занон», «Дар бораи аз тазйиқ ва зӯровариҳо ҳимоя намудани занону духтарон» қабул карда шуданд.
Зан муътабар ва чароғбону чароғдори оила, равшангари рӯзгори мост. Эъзоз ва эҳтироми ҷинси латиф, талқини  муқаддасии занон ва тимсоли бардавомии зиндагӣ будани онҳо дар анъана ва арзишҳои миллиамон равшан ифода ёфтаанд. Эътибор ба зан, ҳифзи манфиати бонувон, гуфтанием, дар маркази кулли саъю ҳаракатҳои мост. Зеро эътибор ба зан ва ба модар – эътибор ба ҷамъият аст. Вале гоҳо ҳамон ба ҳодисаҳои номатлуб – хор ва дучори тазйиқгардии бонувонамон гувоҳ мегардем. Дар яке аз кӯчаҳои назди бозори Қӯйлиқ (шаҳри Тошканд) марди тануманде ба сари як зан мушт мебардошт, носазо мегуфт. Роҳгузарон мехостанд занро ҳимоя кунанд, мардро, ки ошкоро бемаданиятӣ зоҳир менамуд, ба тартиб кашанд. Вале наздик рафта: «Э, зани худаш будааст-ку», – гӯён ба роҳашон давом менамуданд. Аҷиб, ба мард кӣ ҳуқуқ додааст, ки «зани худам» гуфта, нисбати як оҷиза, дар ҳузури умум, ин гуна ваҳшигарӣ намояд?
Дар боло ду қонунро марбут ба ҳифзи бонувон аз тазйиқ ва зӯровариҳо, кафолатҳои аз ҳуқуқ ва имкониятҳои якхела истифодабарии занон ва мардҳо, ки аз ҷониби Президент тасдиқ ёфтаанд, зикр кардем. Тавассути ин ҳуҷҷатҳо масъалаи муҳофизати бонувон аз хориву зӯроварӣ, роҳ нагузоштан ба шикастани шаъни онҳо қонунан мустаҳкам карда шуд.
Барои кӯмак ба занҳое, ки ба вазъияти ногувори иҷтимоӣ афтодаанд, ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии иҷтимоӣ, психологӣ ва тиббӣ ба занҳои эҳтиёҷманд имкониятҳо васеъ гардиданд.
Ба наздикӣ дар Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ оиди таъмини иҷрои ду қонуне, ки дар боло қайд кардем, ҷамъомад баргузор гардида, таъкид ёфт тӯли 9 моҳи охир бештар аз 250 ҳазор занону духтарон ба шуғл таъмин карда шуданд. Муовини аввали раиси Кумитаи занон Зулайхо Маҳкамова оиди муаммоҳо марбут ба ҳаёти занон низ истода гузашт ва гуфт, онҳоро вақтҳои охир масъалаҳои манзил, моҷароҳои оилавӣ, кредит ва тазйиқу зӯровариҳо ба шиканҷа мегузорад. Дар бисёр шикоятҳое, ки ба кумита афтодаанд, поймол гардидани ҳуқуқи онҳо қайд шудаанд. Ҳамчунин маълум гашт, наздик 2 ҳазор кордиҳанда ҳуқуқи бонувонро вайрон кардаанд. Бо саъю ҳаракати кумита аксарияти муроҷиатҳо ҳалли мусбии худ ёфтанд.

М. ШОДИЕВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: