ГӮЯМ, Ё НАГӮЯМ...

Китоб хазинаи маънавии инсон аст.

Шахсе, ки китоб мехонад ва ё бо он сарукор дорад, албатта, хулқу атвори неку рафтори муносибро дорост. Китоби дарсӣ, китобест, ки хонанда аз он илму дониш мегирад ва ҷаҳонбинии худро бунёд месозад. Оиди китобҳои дарсии мактабҳои тоҷикӣ борҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаҳо мулоҳизаву пешниҳодҳо дарҷ шуд. Вале аз тарафи масъулони ин соҳа саъй ва кӯшиш нашуд. Имрӯз омӯзгорон чӣ кор карданашонро намедонанд. Адабиёти синфи 10 то ҳол дастрас нашудааст. То нимсола аз рӯйи нақшаи нав мавзӯъҳоро пайдо намуда гузаштем. Азбаски хонандагон дар хона китоби хонданӣ надоштанд, пас аз нимсола боз аз рӯйи китоби кӯҳна кор бурданро ба роҳ мондем. Имрӯз омӯзгорону хонандагон ҳайрони онанд, ки имтиҳонро аз рӯи кадом китоб месупоранд. Омӯзгор тоифа гирифтанаш лозим, хонанда бошад, алалхусус, хонандаи синфи 11 барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ тайёрӣ диданаш зарур. Чӣ бояд кард? Ин дард қариб ҳамаи омӯзгорони дигар ихтисосҳоро низ ранҷ медиҳад. Дигар ин ки адабиёти синфи 10-ум то ҷое аз адабиёти нав, ки бо воситаи шабакаҳо дида баромадем, бартарӣ дорад. Дар адабиёти кӯҳна симоҳое оварда шудаанд, ки то ин дам хонанда кам огоҳ буд. Баҳра бурдан аз ашъори Саноиву Аттор, Румӣ ва ғайра чанд соли аввал имкон надошт. Инчунин тарзи баён то дараҷае аз китобҳое, ки дар Тоҷикистон чоп шудаанд, душворанд. Барои чӣ? Одатан таърифҳое, ки оиди ин ё он ҳиссаи нутқ, аъзоҳои ҷумла ва ғайра оварда шудаанд, ба фаҳмиши хонанда номувофиқанд. Имрӯз хонанда торафт бо сабабҳои гуногун аз китоб дур шуда истодааст ва ё китоб намехонад. Бар замми ин, тарзи баёни китобҳо мушкил. Ҳатто имрӯзҳо омӯзгорон аз хондан дуранд, намехоҳанд хонанд. Омӯзгоре, ки аз забони адабӣ огоҳ аст, мефаҳмад. Хонанда-чӣ? Ҳама забоншинос ё омӯзгор намешаванд. Барои шавқу завқи хонандаро бедор кардан  китобҳо ба забони адабӣ, содаву кӯтоҳ бояд навишта шаванд. Муаллифони китобҳо ҳама шахсони соҳаи илманд. Бисёр омӯзгорон медонанд, ки чанд сол боз ҳамин аҳвол. Одат кардаанд. «Об аз таги пул гузарад шуд» – шиор шудааст. Аз гуфтан, ё нагуфтани мо чӣ суд? Ба фикрам ин муаммо то андозае хонандаи тоҷик, омӯзгоронро аз китобхонӣ дур карда истодааст.
Боқӣ, Худо инсоф диҳад.

Сулаймон  СОДИҚ,
омӯзгори мактаби 
рақами 9-уми
ноҳияи Бӯка.

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: