КОМИЛ ЁРМАТОВ – ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ ҲУНАРИ СИНАМО

Фаъолияти эҷодии Ёрматов дар санъати кино аз охирҳои соли 1926 дар киностудияи «Ӯзбекгоскино» («Ӯзбекфилм») оғоз ёфтааст. Дар якчанд филми ӯзбекӣ дар вазифаҳои мудир ва ёрдамчии коргардон кор кардааст.

Ӯ дар ин муассиса ҳамчун ҳунарпешаи кино нақшҳои лаҳзавӣ: афсари душман – «Шағолҳои Равот» (1927) ва асосӣ: Умар – «Аз зери гумбазҳои масҷид» (1927); Ботур – «Беки охирин» (1930) ва дар филми «Меҳмон аз Макка»-и истеҳсоли киностудияи «Одесса» (1930) нақши шоҳзодаро бо маҳорати баланд бозидааст. Солҳои 1928-1931 аввал дар факултаи актёрӣ, сипас дар риштаи коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскав таҳсил мекунад ва баъди хатми он ба киностудияи «Тоҷиккино» меояд. Аз бунёдгузорони синамои миллии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар таъсису пешрафти синамои тоҷику ӯзбек саҳми бориз дорад. Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Ӯ нахустин коргардони кинои миллии тоҷик маҳсуб мешавад. «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (1932) аввалин филми дар жанри ташвиқотию тарғиботӣ таҳиякардааш дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми дигараш «Муҳоҷир» ном дорад, ки барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик дониста мешавад ва қаҳрамони асосӣ, ки Комил ном дорад, худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон – нақши асосии занонаро – аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик София Тӯйбоева иҷро кардаанд. Ин филм ҳикоятест оид ба бунёди колхоз, муборизаи беамон бо душманони синфӣ ва тақдири инсон дар ҷамъияти шӯравӣ. Нахустин филми ҳуҷҷатӣ-бадеии тоҷик «Ҳуқуқи фахрӣ»-ро соли 1932 вай ба навор гирифта буд ва ин филм барои офаридани филмҳои бадеии миллӣ замина гузошт. Филми «Дӯстон аз нав вомехӯранд»-и Комил Ёрматов (1939) кинои тоҷикро машҳуру маълум кард. Дар ин филм мавзӯи мубориза бо хиёнаткориҳои ҷосусони хориҷӣ ва садоқат ба зиндагии сотсиалистӣ матраҳ шудааст. Таҷрибаи зиндагии гузашта ва истеъдоди зиндагифаҳмии Ёрматов дар филмҳои мазкур аносири пурқуввати воқеънигориро ба вуҷуд овардаанд. Дар рӯзҳои омодагӣ ба баргузории Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Маскав Ёрматовро роҳбари бадеӣ таъйин карданд. Дар ин робита ӯ ба Помир ва дигар навоҳии ҷумҳурӣ сафар карда, ансамблҳои фолклорӣ ташкил намуд. Ба ибораи дигар баъди хатми Донишгоҳи синамо ӯ чанд филми хуберо дар Тоҷикистон таҳия кард, ки аз ҷониби давлатмардони он замон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Комиссари Халқии Нақлиётӣ Вагаршак Карамов дар таҳияи филми аввали ӯ мустақиман ширкату пуштибонӣ доштанд. Баъди барканории ин сиёсатмадорон батадриҷ муносибат ба ин ҳунарманд иваз шуд. Соли 1940 барои Даҳаи адабиёту ҳунари Тоҷикистон дар Маскав барномаи консертие таҳия ва филмбардорӣ шуд, ки коргардони он Ёрматов буд. Баъди қабули барнома раиси Шӯрои комиссариатҳои халқии Тоҷикистон муғризона санади сафари Ёрматов ба Маскавро имзо накард. Ин зарбаи сахте буд ба нафаре, ки тамоми барномаро таҳия намуда буд. Комил ба кумитаи синамо ба Маскав номае навишт ва баъди он ӯро директор ва ҳамзамон роҳбари бадеии киностудияи Тошканд таъин намуда, ба Ӯзбекистон фиристоданд. Чун Ёрматов ягона нафари ҳирфаии ин бахш буд, баъди рафтани ӯ дигар коргардони касбии филмҳои ҳунарӣ набуд ва студияи Сталинобод баста шуду танҳо бахши мустанадаш боқӣ монд. Ин вазъ то соли 1956 идома дошт. Фаъолияти минбаъдаи эҷодии Комил Ёрматов аз соли 1941 дар киностудияи «Ӯзбекфилм» сурат гирифт. Номбурда ба муваффақиятҳои эҷодӣ ноил гашт. Дар таърихи синамои советӣ ва бахусус синамои Осиёи Марказӣ Ёрматов ҳамчун устоди жанри таърихиву ҳолномасозии ашхоси барҷаста маъруф аст. Комил Ёрматов дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ филм-консертҳои «Ба рафиқони фронтӣ» (1942) ва «Туҳфаи Ватан»-ро (1943) офарид. Баъди ҷанг филмҳои «Алишер Навоӣ» (1947) ва «Абуалӣ ибни Сино»-ро (1956) ба навор гирифта, симою тақдири ин мутафаккирони бузургро инъикос кард. Филмҳои «Роҳи бедорхобӣ» (1946), «Харитаи Ӯзбекистон» (1949), «Ӯзбекистон» (1950), «Хоҳарон Раҳмоноваҳо» (1954), «Вақте ки гулҳо мешукуфтанд» (1959)-и ӯ аз мавзӯву мушкилоти мухталифи рӯзгору зиндагии мардумони ҷомеаи муосир ҳикоят мекунанд. Ёрматов таҳиягари филми афсонавии «Пахтаой» (1952) барои бачагон аст. Асари сегонаи таърихии ӯ «Тӯфон дар Осиё» (1964), «Саворагони инқилоб» (1968) ва «Ҳалокати консули сиёҳ» (1970) инъикоси барҷастаи мавзӯи инқилоб ва ҷанги шаҳрвандӣ дар кинои шӯравӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки филми «Тӯфон дар Осиё» дар соли 1967 ба гирифтани Мукофоти давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза шарафёб гардида буд. Ёрматов аз рӯи достони Абдулқодири Бедил «Комде ва Мадан» филми «Достони ду дил»-ро (1966) офарид, ки соли 1968 барандаи ҷоизаи «Апсораи тилло»-и кинофестивали байналмилалии Пномпени Камбоҷа гардид. Ҳамчунин соли 1973 филми «Дар байни мардум танҳо» ё «Нодирабегим»-ро таҳия намудааст, ки дар бораи кору рӯзгору эҷодиёти шоири тоҷик Нодира суҳбат мекунад. Охирин филми офаридаи Ёрматов «Солҳои дури наздик» мебошад, ки барандаи ҷоизаи махсуси кинофестивали Рига (1976) аст ва воқеаҳои солҳои барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ ва инқилоб дар Тоҷикистонро инъикос менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки Комил Ёрматов барои мустаҳкам гаштани робитаҳои эҷодии кинематографистони Тоҷикистону Ӯзбекистон хидмати босазое кардааст. Дар филмҳое, ки ӯ дар «Ӯзбекфилм» ба навор гирифтааст, адибон ва актёрони тоҷик иштироки фаъолона доштанд: Сотим Улуғзода (муаллифи филмнома якҷоя бо В. Виткович), М. Орифов (нақши Ибни Сино), М. Қосимов, А. Бурҳонов ва Туҳфа Фозилова дар филми «Абӯалӣ ибни Сино», С. Азаматова ва М. Тоҳирӣ дар филми «Вақте ки гулҳо мешукуфтанд», Г. Завқибеков дар филми «Тӯфон дар Осиё», Сайрам Исоева нақши асосӣ дар филми «Нодирабегим» («Танҳоӣ дар байни мардум»).
Соли 1992 ҳамсар ва писари коргардон (Татяна Дмитриевна ва Алишер Ёрматов) Фонди байналмилалии хайриявӣ ва фарҳангиро ба номи Комил Ёрматов таъсис доданд. Фонд мероси устод Ёрматовро ҳифз намуда, ба ин восита эҷодиёти коргардонро тарғиб намуда, дар рушду пешрафти ҳунару фарҳанг саҳм мегирад. Ҳамчунин фонд кӯдакону наврасони боистеъдодро дастгирии молиявӣ мекунад ва анъанаи неки коргардони машҳурро, ки замони фаъолияти ятимону бепарастонро дастгирӣ менамуд,  идома мебахшад. Ин ҳадафи аслӣ ва калидӣ дар зиндагии коргардони бузург буд.
Агар ба ҳавзаи синамо ва филмофарии ватанӣ таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки филмномаҳои  устод Комил Ёрматов, ки дар асоси воқеияти зиндагӣ рӯйи кор омадаанд, то имрӯз тамошобини худро аз даст надодаанд. Ин гуна филмҳо, чи аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва матн, чи аз назари бандубаст ва режиссура дар сатҳи баланди ҳунарӣ ва эҷодӣ рӯйи кор омадаанд. Ҳар қадар замон мегузарад, филмҳои мазкур ҷаззобтар, заруртар ва муҳимтар ба назар мерасанд. Одатан, бисёр филмҳо бо як маротиба тамошо кардан ҷаззобияти худро аз даст медиҳанд ва аллакай тамошобин дигар ҳавас ва ҳавсалаи тамошои онҳоро надорад. Аммо филмҳои Ёрматов имрӯз низ дархӯри талаботи замонанд ва тамошобини асил тавассути тамошои чандинкаратаи онҳо маънӣ ва мазмуни нав пайдо мекунад ва бинишашро тавсеа мебахшад.
 
Нодир НУРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: