ҲАЙАТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ПЕШВОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ИШТИРОК КАРД

Намояндагони Форуми занони пешвои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз институтҳои Иттиҳоди Аврупо дидан карданд.

Чорабинӣ, ки аз ҷониби Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд, дар рушди муколама ва таҳкими ҳамкории минтақавии байни Осиёи Марказӣ ва ИА рӯйдоди муҳим гардид.
Мақсад аз сафар табодули таҷриба бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии «Зан, сулҳ ва амният» ва баланд бардоштани нерӯи занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Ба ҳайати Ӯзбекистон раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерии Сенати Олий Маҷлис Малика Қодирхонова раҳбарӣ кард. Ба таркиби ҳайат раиси Кумитаи оид ба корҳои оила ва занони назди Вазорати шуғл ва коҳиш додани камбизоатӣ Озода Парпибоева ва директори Маркази ҷумҳуриявии рушди иҷтимоиву иқтисодии «Сабр» Мавлуда Ширинова шомил шуданд.
Ҳайатҳои Осиёи Марказӣ бо намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо сафир оид ба масъалаҳои гендерӣ ва гуногуншаклӣ Стелла Роннер-Грубачич, муовини директори генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Мириям Ферран, директори Бюрои аврупоӣ оид ба равобит дар соҳаи таҳкими сулҳ оиди масъалаи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷорӣ кардани рӯзнома дар соҳаи занон, сулҳ ва амният Соня Райнерс-Ҷиванидес, комиссар оид ба энергетика Кадрӣ Симсон, сармушовири ченаки байналмилалӣ оид ба маориф, варзиш, ҷавонон ва фарҳанг Тамас Шукс, ноиби президенти комиссияи Аврупо оид ба масъалаҳои демократия ва демография Весна Лонкарич, инчунин котиби иҷроияи Лоббии занон Мэри Коллинз мулоқот анҷом доданд.
Дар идораи президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел ва сармушовири дипломатии ӯ Симон Мордю ва мушовири калон оид ба сиёсати хориҷӣ Магдалена Гроно мулоқот барпо гардид.
Дар доираи сафар суҳбати «мизи мудаввар» оид ба ҳамкории ИА ва Осиёи Марказӣ дар пешбурди густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занон, ки аз ҷониби ҳайати парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати депутати Аврупо Томас Здеховский ташкил карда шуд, баргузор гардид.
Маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати баробарии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. Иштирокчиён оид ба самтҳои афзалиятноки густариши ҳамкории байниминтақавӣ бо мақсади баланд бардоштан ва фаъол гардондани нақши занон дар соҳаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Умуман сафари ҳайати занони пешвои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба институтҳои Иттиҳоди Аврупо далели таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду минтақа, аз ҷумла дар самти дастгирии ҳуқуқ ва васеъ гардондани имкониятҳои занон гардиданд.
Намояндагони идораи президенти Иттиҳоди Аврупо ва хидмати аврупоии амалиёти хориҷӣ динамикаи мусбати рушди равобити байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар тамоми сатҳҳо, аз ҷумла сафари роҳбари Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишелро ба минтақа ва мулоқотҳои самарабахши онро дар сатҳи олӣ, аз он ҷумла дар доираи мулоқот дар формати «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ва дар сатҳи дуҷониба алоҳида қайд намуданд.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо қайд карданд, ки қабули «харитаи роҳ» оид ба амиқсозии равобит байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти ба қарибии вазирҳо дар формати «Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо» дар Люксенбург 23 октябри соли ҷорӣ даҳҳо ҳаракатҳои амалиро фаро мегиранд, ки ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани муносибатҳои мо нигаронда шудааст.
Иштирокдорони чорабинӣ дар Брюссел нақши муҳими форуми занони пешворо дар пешбурди баробарии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ қайд намуда, инчунин таъсири эҳтимолии мусбати онро ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи занону духтарон дар Афғонистони ҳамсоя таъкид намуданд.
Ҳамаи мулоқотҳо дар рафти сафар дар вазъияти ошкоро ва дӯстона сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони институтҳои Иттиҳоди Аврупо, (комиссияи Аврупо, парлумони Аврупо), ҳайати занони пешвои Ӯзбекистон ба муҳтавои чорабиниҳо саҳми назаррас ва босифат гузоштанд.

АИ «Дунё»,
шаҳри БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: