Хазинаи глобалии экологӣ Ӯзбекистонро дар мубориза бо тӯфони қуму чанг дастгирӣ хоҳад кард

Дар ҳошияи ҷаласаи 21-уми Кумитаи баррасии рафти иҷрои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ муовини якуми вазири муҳити зист Обидҷон Қудратов бо Ҳамоҳангсози минтақавии оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Хазинаи глобалии экологӣ (GEF) Улрих Апел мулоқоти дуҷониба доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ У.Апел ҳамкориҳои дарозмуддатро бо Ӯзбекистон ва сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро дар робита ба истифодаи фаъолонаи маблағҳои грантии ҷудошуда барои давраҳои охирини маблағгузории Хазинаи глобалии экологӣ қайд намуд.

Ҳамзамон, бо дарназардошти фаъол шудани ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими муносибатҳо дар Осиёи Марказӣ, инчунин хусусияти фаромарзии масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, Хазинаи глобалии экологӣ омодагии худро барои ҷудо кардани маблағ барои барномаҳо ва ташаббусҳои муштараки минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи муборизаи зидди тӯфони регу чанг ва нарм  гардондани  оқибатҳои манфии онҳо изҳор дошт.

Бар замми ин, Хазинаи глобалии экологӣ омодагиашро бобати баррасии имкониятҳои баланд бардоштани лимити маблағгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи давраи нуҳӯми маблағгузорӣ барои солҳои 2026-2030 изҳор кард.

Барои маълумот: дар доираи давраи ҳаштуми маблағгузории ХГЭ барои солҳои 2022-2026 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағи гранди дар ҳаҷми 13 миллион доллар ҷудо карда шуд. Мувофики замимаи 11-уми қарор Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 консепсияи пешниҳоди лоиҳа дар якҷоягӣ бо ФАО СММ, Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Барномаи рушди СММ барои пешниҳоди маблағгузорӣ таҳия карда шуданд.

Дар поёни мулоқот, иштироки Директори иҷроия ва раиси Фонди глобалии экологӣ дар ҷаласаи 14-уми Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда (COP-14), ки дар шаҳри  Самарқанд 12-17 феврали соли 2024 баргузор мегардад, тасдиқ карда шуд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: