ОИЛАИ БОМАЪРИФАТ

Саҳлу осон набуд он замон аз як оила якчанд нафар пасу пеш ба мактабҳои олӣ дохил шуда, таҳсили илм кардану дониш гирифтан.

Барои ба ин бахт мушарраф гардидан ҳанӯз ҳангоми мактабхонӣ  дар зеҳни бача  таҳкурсӣ ва дониши кофӣ шуданаш лозим. Имрӯз ҳам ин чизҳо хеле аҳамияти калон доранд.
Аз оилаи онҳо Йӯлдош, Ҳусейн, Муҳаммадсиддиқ, Зарифулло, Қироншоҳ, Раҳимшоҳҳо қариб ҳамаашон дар мактабҳои олӣ хонданду соҳиби ину он ихтисос гардиданд. Агар фарзандони миёна Қироншоҳу Раҳимшоҳ ва аз хоҳаронашон Гулқиз дар Душанбе таҳсил гирифта бошанд, дигарон дар шаҳрҳои гуногуни ҷумҳуриамон хонда, аз паси касбу пешаи худ то ҳол нон мехӯранд, нони ҳалол. Аллакай ба нафақа баромада, даври пирӣ меронанд. Аз ҷумла, Қироншоҳ Шарифзода ҳоло дар ҷумҳурии ҳамсоя яке аз қаламкашони варзида мебошад. Солҳои зиёд дар матбуот ва донишгоҳ кор кард. Аз он ҷо ба нафақа баромад. 
Ҳама ба ҳар сӯ рафтанду ризқи худро меҷӯянду меёбанд. Зарифулло, Муҳаммадсиддиқ ва Раҳимшоҳ дар ноҳияи Мирзочӯл, Йӯлдош дар деҳаи Бирлашкан умр ба сар мебаранд. Дар деҳа як худи Ҳусейн монд.
Аз даме, ки Донишгоҳи омӯзгории Сирдарёро аз рӯйи ихтисоси омӯзгори забони  ӯзбекӣ хонда, ба итмом расонид, то ба нафақа баромадан дар мактаби зодгоҳаш – деҳаи Порашт дарс гуфт.
Ҳамроҳи ҳамсараш Амонгул даҳ нафар фарзандон (ду духтару ҳашт нафар писар)-ро ба камол расонд. Ҳоло акнун аз он фарзандон Ҳамид, Ҳофиз, келинаш омӯзгорони мактабанд.
Амонгул солҳои зиёд аз рӯйи пиллапарварӣ пешсафиро аз даст намедод. Як-ду бор ба Шӯрои намояндагони ноҳия депутат интихоб шуд. 
Яке аз писарони хурдаш Тӯймурод ҳоло дар маҳаллаи «Ойбек» фаъолият менамояд.  Баробари ин дар Донишгоҳи иқтисодии Тошканд ғоибона  мехонад.
Ба наздикӣ Ҳусейнбой ҷашни ҳафтоду панҷсолагиашро дар ҳалқаи  шогирдон, пайвандону дӯстонаш гузаронид. Дар бораи ин оилаи бомаърифат ва дар ҳаққи худи ӯ суханҳои нек гуфтанд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: