МУРОҶИАТНОМА БА МИЗОНИ ФАЪОЛИЯТИ МО ТАБДИЛ МЕЁБАД

Муроҷиатномаи роҳбари давлат ба Сенат ва Палатаи қонунгузориро ҷамоаи вазорати мо, ходимони сершумори хоҷагии об, ки дар ҳамин сохтор меҳнат мекунанд, бо таваҷҷӯҳи калон шуниданд.

Роҳбари давлат дар қатори муҳимтарин соҳаҳо ба масъалаҳои ҷорӣ сохтани технологияҳои сарфакунандаи об  ҷараёни идораи объектҳои хоҷагии об, назорати об ва автоматисозии сохтори пешбурди ҳисоби он, ҷамъбаст сохтани ҷараёни таҳияи Консепсияи рушди хоҷагии об алоҳида таваққуф намуд.
Аз вазифаҳое, ки дар Муроҷиатнома муайян шудаанд, баромада омада, соли равон дар мамлакатамон дар зиёда аз 44 ҳазор гектар майдон ҷорӣ намудани технологияи сарфакунандаи об, аз ҷумла, дар 24,8 ҳазор гектар пахтазор истифодаи обёрии қатрагӣ ба нақша даромадааст. Дар шароите, ки иқлими глобалӣ тағйир ёфта, талаб ба захираҳои об дар тамоми дунё меафзояд, дар парвариши кишоварзии Ӯзбекистон татбиқ сохтани технологияҳои сарфакунандаи об яке аз вазифаҳои устувори рӯз қарор гирифтааст.
Аз ҷониби давлат дастгирӣ ёфтани ин қабил корҳо ба эътибор молик мебошад. Дар соли 2020 низ барои дастгирии татбиқи технологияи сарфакунандаи об 300 млрд. сӯм ҷудо карда шуд. Миқдори субсидҳо ва тартиби ҷудо сохтани онҳо бо қарори Президент аз 25 октябри соли 2019 «Дар бораи чораҳои васеъ сохтани механизмҳои рағбатноксозии истифода аз технологияи сарфакунандаи об  дар хоҷагии қишлоқ» муайян карда шудааст. Мувофиқи қарор аз навъи кишти хоҷагии қишлоқ, технологияи обёрӣ ва балли бонитети замин баромада омада, барои сохтори обёрии қатрагӣ ба ҳар гектар ба ҳисоби миёна 8 млн. сӯмӣ, барои сохтори обёрии боронӣ 4 млн. сӯмӣ, обёрии дискрет 1 млн. сӯмӣ ҷудо кардан ба назар гирифта шудааст.
Алҳол дар ҷумҳурӣ дар 130 ҳазор гектар майдон технологияи обро сарфакунанда ҷорӣ карда шуда, аз он майдонҳое, ки бо усули қатрагӣ обёрӣ мешаванд, 77,4 ҳазор гектарро ташкил менамоянд. Соли 2020 то 250 ҳазор гектар расонидани майдонҳое, ки бо ҷорӣ шудани технологияҳои нав обёрӣ мегарданд, ба нақша даромадааст. Умуман, дар соли 2025 майдонҳои бо технологияҳои сарфакунандаи об обёришуда то 1 миллион гектар расида, аз ҷумла, майдонҳои бо усули қатрагӣ обёришаванда 250-300 ҳазор гектарро ташкил менамоянд.
Бобати ҷараёнҳои идораи объектҳои хоҷагии об, автоматисозии сохтори назорати об ва пешбурди ҳисоби он низ корҳои васеъ ба амал бароварда мешаванд. Аз ҷумла, мувофиқи шартнома бо Агентии ҳамкории байналхалқии Корея (KOICA) дар объектҳои асосии обии ҷумҳурӣ сохтори «Оби ақлнок»-и замонавӣ ҷорӣ карда мешавад. Соли гузашта дар доираи лоиҳае, ки ба ивази гранти KOICA таъмини молиявӣ шудааст, дар 61 объекти хоҷагии оби ҷумҳуриамон асбобҳое устувор шуданд, ки сарф шудани обро бо усули онлайн назорат мекунанд. Ин гуна сохтор соли 2020 боз дар 90 объект ҷорӣ карда мешавад. Сохтори «Оби ақлнок»-ро соли 2025 ба 300-то, ба соли 2030 омада, ба 1000-то расондан мавриди назар аст.
Ғайр аз ин бо мақсади маълумотҳо дар хусуси сатҳи обҳои сизотиро бо усули онлайн фиристодан, мониторинг сохтан ва ба ҳолати мелиоративии майдонҳои обёришаванда баҳо додан соли 2020 дар 2000-то, соли 2025 дар 6000 -то, то соли 2030 дар 27270-то чоҳи назоратӣ сохтори геохабарӣ гузошта мешавад.
Алҳол лоиҳаи Консепсияи рушди хоҷагии об то соли 2030 такмил дода мешавад. Барои кор карда баровардани ин ҳуҷҷат ба ҳисоби маблағҳои Бонки рушди Осиё, гранти Агентии рушд ва ҳамкории Швейсария экспертҳои байналхалқӣ ва мутахассисони ширкати «Aither»-и Австралия барои омодасозии ҳуҷҷатҳои ояндаи соҳаи хоҷагии обро муайянкунанда ҷалб карда шудаанд.
Муроҷиатномаи Президентро ба сифати барномаи асосии мизони фаъолияти худ қабул карда, барои дар муддати муайян хушсифат иҷро намудани вазифаҳое, ки дар он нишон дода шудаанд, дар вазъи боз ҳам амиқтар амалӣ сохтани ислоҳот дар соҳа чораҳои аз об самаранок истифода бурданро ҷонноктар менамоем.

Баҳодур РӮЗИБОЕВ,
ҷонишини якуми вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: