Чанде пеш дар Ҳиндустон асари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ки аз рӯйи ҳаҷм бузургтарин «Шоҳнома» мебошад, муаррифӣ гардид.
Чанде пеш дар Ҳиндустон асари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ки аз рӯйи ҳаҷм бузургтарин «Шоҳнома» мебошад, муаррифӣ гардид. Он аз 540 саҳифа иборат буда, 32 килограмм вазн дорад. Дарозиаш 90 ва бараш 50 сантиметрро ташкил медиҳад.
Дар чорабинӣ сафири Эрон дар Ҳиндустон қайд намуд, ки китоб дар асоси нусхаҳои қадимии ҳиндии «Шоҳнома» саҳифабандӣ шудааст.
Дар гирдиҳамоӣ устодони ҳинд оиди ҳусни таваҷҷӯҳи ҳиндуён ба қаҳрамони ҳамосавии «Шоҳнома» — Рустам сухан ба миён оварданд.
Барои ба танзим даровардани китоб пажӯҳишгарон, хаттотон ва масъулин 6 сол ранҷ бурдаанд. Коғаз, ранг ва сандуқчаи махсусе, ки «Шоҳнома»-ро дар он нигоҳ медоранд, дастӣ сохта шуда, саҳифаҳои онро 42 минётураи классикӣ оро медиҳад.
Дар назар аст, ки бузургтарин «Шоҳнома»-и дунё дар дигар кишварҳо низ, аз ҷумла дар Русия, ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то истилои Бритониёи Кабир адибону олимони Ҳиндустон ба забони тоҷикии порсӣ тасаллути кофӣ доштанд ва имрӯз ҳам як қисм мардуми ҳинд ба тоҷикии порсӣ балад ҳастанд. Ин алоқаи ҳиндуҳо бо осори гаронмояи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аз замонҳои бостон сарчашма мегирад.
Таҳияи
ГАНҶИНИСО.