ХАТНА: РИВОЯТ ВА ҲАҚИҚАТ

«Ин ҷазо аст.

Шумо шунидед? Хаим Бэз хатна кардани писарашро қатъиян рад кард. Ин ҳодиса нахустин дар Кишинёв аст...» Ин сатрҳои шоири шаҳири сад сол пеш И. Уткин нобоварии одамони ҳамон давраро нисбат ба расму оинҳои мухталифи динӣ, аз ҷумла оини хатна ба қалам додааст. Шаккокона бошад ҳам, вале то имрӯз ин оинро миллионҳо одамони панҷ қитъаи Замин – мусулмону яҳудӣ, бутпарасту атеист ба ҷо меоваранд. Хатна чист? Хурофот, анъанаи динӣ ё амали беҳдошти тандурустӣ?
Ба ақидаи олимону муаррихон хатна одати қабилаҳои Машриқзамин буда, появу буни бостониву амиқе дорад. Оини хатна аввалҳо бо таомули фаровонҳосилӣ вобастагӣ дошта, ба тасаввуроти шаҷараи ҷовидони ҳаёт, моҳи ҳамеша тавлидёбандаю миранда, таҷассуми гардиши олами мавҷудот алоқаманд буд ва аз одамон на танҳо парастиши муқаррарӣ, балки қурбонии узви самарро низ талаб мекард.
Дар Мисри Қадим хатна аз замонҳои басо дур вуҷуд дошт, ки ба ин ҷасадҳои чандинасра гувоҳанд. Дар девори яке аз харобаҳои Мисри Қадим мусавварае маҳфуз мондааст, ки дар он рафти ин маросим тасвир ёфтааст: ҷавоне омодаи хатна рост истода, марде дастони ӯро аз қафо доштааст, ҷарроҳ сари зону нишаста ғилофаки узви ҷинсии ӯро мебурад, каме дуртар ҷавони дигар навбати худро нигарон аст.
Дертар ин таомулро яҳудиён ба китоби динии худ «Таврот» дохил карданд. Онҳо оини хатнаро ба Иброҳим Пайғамбар – поягузори дини яҳудӣ мансуб медонанд. 
Аз «Инҷил» маълум аст, ки олати хатна корди сангӣ буда, амали хатна на дар давраи расиши балоғати ҷинсӣ (чунонки миёни мисриҳо маъмул буд), балки дар рӯзи ҳаштуми баъд аз таваллуд ба ҷо оварда мешуд. Тавсифи пурраи хатна дар «Инҷил» оварда нашудааст ва гӯё ба ин зарурате набуд. Аз ин бармеояд, ки хатна дар масири таърих анъанаи қадима доштааст, ки дар ин бора муаррихони атиқа Ҳеродот, Флавий, Страбон ва Филон низ маълумот додаанд. Ба манъи юнониҳо ва румиҳо нигоҳ накарда, хатна дар аксар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна маъмул шуд.
Тибқи як ривояти дигар, дар асри VII ҳангоми ғазо баҳри пойдории ислом дар нимҷазираи Арабистон як даста мусулмонон 40 рӯз дар муҳосира монданд. Гармо, чанг ва беобӣ ба тангшавӣ ва илтиҳоби мабдаи шаҳват (ғилофак)-и ҷанговарон оварда расонд ва сардори даста амр кард, ки ғилофаки олоти онҳоро бибуранд.
Аз ҳамон вақт ин ҷониб ин таомул (хатна) байни мусулмонон анъана гардид.
Хатнаро аслан дар синни 7-10 солагии писарбачаҳо ба ҷо меоранд. Барои хешону пайвандон он рӯз иди ҳақиқист. Ҳангоми маросими хатна зиёфат, базму нишот баргузор гардида, маблағи зиёде сарф мешавад. Ин оин то ҳол дар миёни ақвоми Австралия, кишварҳои Океания дар шакли ривояту асотир монда, дар як қатор мамолики Африқо, Индонезия ва ҳиндуҳои Амрико густариш ёфтааст. Дар таомули баъзе қабилаҳои Африқо хатна як навъ санҷиши мардонагист. Он бевосита пеш аз тӯйи арӯсӣ дар ҳузури арӯс ва тамоми қабила барпо мешавад. Домод бояд далерии худро дар назди пешвоён ва арӯсаш намоиш диҳад. Агар аз имтиҳон сарбаландона гузарад, одатан арӯс чунин суханҳоро ба забон меорад: «Ин шермардро мехоҳам шавҳари худ донам, на каси дигарро».
Хатна дар аҳди қадим чӣ тавр гузаронида мешуд? Дастури шифоҳии қадимаи яҳудиён Мишна чунин меорад: Анъана рӯзи шанбе амалӣ мешавад. Одатан пӯсти ғилофаки олати ҷинсиро бурида, саракашро урён месозанд. Хуни ҷароҳатро макида ба он хокаи карвиё мепошанду латтабанд мекунанд. 
Дар ин дастур ишорае низ ҷой дорад: «Касе, ки хатна мекунаду сараки олати ҷинсиро урён намесозад, гӯё ҳеҷ коре накардааст».
Файласуфи асри XVII ва сартабиби султони Қоҳира Маймонид «бо нохун кандани пардаи дохили ғилофак»-ро ёдрас месозад. Баъди қарнҳои зиёд дар Париж барои урёнсозии «сарак» олати махсус ихтироъ карданд.
Муаррих ва файласуф Филони Александрӣ (қарни 1 то милод) ин анъанаро аз танқиди юнониҳо ҳифз карда, дар хусуси бартариҳояш чунин нигоштааст: Аввалан ин одат махсусан дар гармои тафсон ғилофакро аз илтиҳоб эмин дошта, табобати амрози узвҳои ҷинсиро осон мегардонад. Дуюм, насли хатнакардагон гӯё зудтар меафзояд. Сеюм, хатна аҳамияти ахлоқию маънавӣ дорад, яъне аз сабаби буридани «пӯсти сарак» майли шаҳвонии инсон камтар мегардад.
Аз қадим одатан бачаҳои солимро хатна мекунанд. Ҳангоми беморӣ ё ноҷӯрӣ ин анъанаро ба дигар вақт вомегузоштанд ё тамоман бекор мекарданд (махсусан ҳангоме ки авлод дучори касалии хунравӣ бошад). «Аз рӯи қонун мебояд зистан на барои он мурдан», чунин менигарад «Таврот». Ба ин қоида риоя накардан ҷурми авфнопазире шуморида мешуд.
Зарурати хатна аксар вақт зери шубҳа мононда мешуд, вале аз тарафи дигар ҷонибдоронаш меафзуданд. Аз ҷумла, дар байни табибони бузург хатна ҳомиён пайдо кард. Ҳатто аҳамияти хатнаро дар Англия ва Русия эътироф мекарданд. И. Кон дар «Кӯдак ва ҷамъият» ном китобаш чунин меорад. Дар таваллудхонаҳои ИМА аксар писарбачаҳои навзодро хатна мекунанд ва ин корро оини динӣ намеҳисобанд.
Дар мамлакатҳои мо хатнаро асосан бо мақсади риояи оинҳои динӣ мегузаронанд. Вале, мутаассифона, амали хатна на ҳама вақт дуруст анҷом меёбад. Мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишкадаи тиббии Самарқанд профессор М. Аҳмадов, номзадҳои илм А. Раҳимов ва В. Чекмарёв замоне нигоштаанд, ки аз 412 бемории ғилофаки узви ҷинсӣ 112-тоаш хатна карда шуд. Волидони 80 нафари дигар, ки хатнаро дар шароити ғайритиббӣ, махсусан сартарошхонаҳо гузаронданд, ба сабаби пайдоиши иллатҳои гуногун, хусусан хунравии шадид аввал ба «усто»-и хатнакарда,  сипас ба духтур муроҷиат намуданд. Ҳолатҳое буданд, ки аз надонистани қоидаҳои хатна буридани сарак ва аз бех ҷудо кардани он рӯй медиҳад.
Одатан «усто»-ҳо нӯги ғилофакро ба ғарав монда, сипас ба теғи тез мебуранд.
Дар наздикӣ  ба яке аз шифохонаи Самарқанд писарбачаи тахминан ҳафтсолаеро дар ҳоли хунравии шадид оварданд. Саҳарӣ ин бачаро устои 70-сола хатна кардааст. Хун беист мерафт. Волидон аз ин ҳодисаи мудҳиш маҷбур шуданд, ки дарҳол ба духтур муроҷиат намоянд. Ҳангоми муоина маълум гардид, ки усто узви ҷинсии бачаро бо теғи тез аз бех буридааст. Зимни як сӯҳбат хатиби масҷиди Маскав Шомил Юнеев ҳодисаи мазкурро чунин шарҳ дод:
– Хатна корест судбахш, барои беҳдошти саломатии шахс. Вале то алҳол хатнаро аксар устоҳои халқӣ мегузаронанд. Бояд иброз дошт, ки ба мо хориҷиён ҳам бисёр муроҷиат мекунанд, вале аз сабаби набудани шароити мусоиди хатна онҳоро ба шифохона мефиристем. Дар чунин маврид ягонагии дину оин вайрон мешавад. Вале фикри қатъии ман чунин аст, ки хатнаро бояд духтурон анҷом диҳанд. Дар баъзе ҷойҳо аллакай қадамҳои нахустину умедбахш бардошта шуд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба ёрии мӯътақидон омада, дар фармони махсус (ба сифати хидмати пулӣ) ба тамоми шуъбаҳои ҷарроҳии шифохонаҳои ҷумҳурӣ ҷарроҳии пулиро иҷозат дод. 
Дар хусуси амали хатна раввини ибодатгоҳи хоралии Маскав А. Шаевич чунин изҳори назар кард: Тӯли як сол дар Маскав то 100 касро хатна мекунанд. Қаблан аз ин ҳам зиёд буд. Басо хуб мешуд, ки ин корро духтур анҷом диҳад. Мо мутахассисоне дорем, ки 30 сол боз ба ин кор машғуланд ва ягон бор аз беморон шикоят нашудааст. Дар амалияи хатна на камтар аз 10 нафар иштирок менамояд. Дасту пойҳои кӯдакро бо докаи тоза баста, ӯро ба рӯи бистари махсус мегузоранд. Сипас асбобҳои ҷарроҳиро дар спирт шуста, ба хатна мепардозанд. Умуман, ин ҳунар ба пояи мусаллами илмӣ расидааст.
Вале ин оини ҳазорсола имрӯз низ ривоҷ дорад. Ҳоло ҳам табибон роҷеъ ба зарурати хатна мусоҳибаҳо менамоянд, баъзеҳо зараровар, дигарон судбахш медонанд.
Вале ҳам тарафдорон ва ҳам муқобилони ин оин дар масъалаи мазкур ҳамфикранд: хатна бояд танҳо тавассути духтур ба тамоми мурооти беҳдошти тиббӣ амалӣ гардад.

А. СЛАВИН.             

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: