Президенти Ӯзбекистон аҳамияти иҷрои зудтари лоиҳаҳои кооператсия бо Қирғизистонро таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти иҷрои зудтари лоиҳаҳои кооператсия бо Қирғизистонро таъкид кард

Дар доираи барномаи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси Девони Вазирон – роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Ҷапаровро қабул кард.

Ҷанбаҳои амалии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Сатҳи баланди имрӯзаи муносибатҳои дуҷониба бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Робитаҳои пуршиддат идома доранд, лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва барномаҳои башардӯстона амалӣ мешаванд.

Чанде пеш дар шаҳри Ӯш театри таъмиршудаи ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур ботантана ифтитоҳ ёфт ва дар шаҳри Қӯқанд спартакиадаи варзишгарон бомуваффақият баргузор гардид. Ба баргузории форум дар минтақаҳо ва мулоқоти «Муколамаи наслҳо» тайёрии ҷиддӣ дида мешавад.

Сарвари давлатамон зарурати суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои автомобилсозӣ, энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, бунёди хонаҳои савдо дар пойтахтҳоро таъкид намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: