УСТОД АЙНӢ ДАР ЁДИ НАВИСАНДАГОНИ ҶАҲОН

«Ёддоштҳо» аз ҷиҳати равшании баён ва образҳои аҷибаш ба қиссаю афсонаҳои Шарқ монанд аст, ки ҳар як ҷумлааш таъсирбахш буда, дар лавҳи хотири кас нақш мебандад.

«Ёддоштҳо» аз ҷиҳати равшании баён ва образҳои аҷибаш ба қиссаю афсонаҳои Шарқ монанд аст, ки ҳар як ҷумлааш таъсирбахш буда, дар лавҳи хотири кас нақш мебандад.
Андре ЖИД, 
нависандаи фаронсавӣ, барандаи Ҷоизаи адабии Нобел.
***
Садриддин Айнӣ дар таърихи халқи тоҷик мақоми барҷаста дорад. Ӯ падари миллат, илҳомбахш ва муаллими он аст.
Иржи БЕЧКА, шарқшиноси чех.
***
Яке аз ширин китобҳое, ки дар ин авохир хондам ва баъзе аз қисматҳои онро борҳо ва борҳо хондам, хотироти Садриддин Айнӣ аст. Қуввати нависандагии муаллиф ва ҳунари тавсифи ӯ дар навъи худ камназир аст.
Муҳаммадризо Шафеии КАДКАНӣ, пажӯҳанда ва шоири эронӣ.
***
Барои ман Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он симоҳои наҷиби адабиёт мебошад, ки як мактаби бузурги реализми Шарқ ба номи ӯ вобаста аст.
Маҳдӣ ҲУСАЙН, адиби озар.
***
Имрӯз ман дар назди хонандагон муҳаббату садоқати худро нисбат ба Мухтор Авезов ва Садриддин Айнӣ эътироф мекунам. Онҳо нависандагони беназиранд. 
Чингиз АЙТМАТОВ, нависандаи қирғиз.
***
Айнӣ на танҳо падар ва устоди адабиёти тоҷикҳо, балки падар ва устоди адабиёти шӯравии тамоми Осиёи Марказӣ аст.
Бердӣ КАРБОБОЕВ, 
нависандаи туркман.
***
Айнӣ барои ман, ки шахсан мешинохтамаш, ҳамеша аз симоҳои барҷастаи замони мо буд ва мемонад.
Алфред КУРЕЛЛА, 
нависандаи олмонӣ.
***
Ҳар касе, ки асарҳои шоёни таҳсини классики адабиёти тоҷик Садриддин Айниро хондааст, ба ҷуз дӯсти халқ ӯро дигар хел номида наметавонад.
Собит МУҚОНОВ, 
нависандаи қазоқ.
***
Айнӣ натанҳо нависандаи шумо, балки нависандаи мо ҳам мебошад. Китобҳои вай на танҳо намунаи санъати зебо, балки дастурамали ҳаррӯзаи таълимӣ мебошанд.
Юлиус ФУЧИК, 
адиб ва рӯзноманигори чех.
***
Монанди ҳама хонандагони шӯравӣ ман ҳам китобҳои ӯро, ки аз фикрҳои баланд пур ва аз оташи дили ҷӯшон гарм мебошанд, гаштаю баргашта мехонам.
Самуэл МАРШАК, шоири рус.
***
«Дохунда» ва «Ғуломон» барин романҳои ӯ на танҳо асарҳои бадеианд, балки ҳар кадоме аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Барои бо Осиёи Миёна шинос шудан, китобҳои бисёре мавҷуданд, лекин бешак асарҳои Садриддин Айнӣ дар ин росто хидмати калонеро ба ҷо меоранд.
Раҳул САНКРИТЯН, 
олим, адиб ва тарҷумони ҳинд.
***
Банда бар онам, ки дар забон бояд аз роҳу равиши устод Айнӣ берун нашавем, ки роҳу равиши бузургони мост. Ин роҳ роҳи пайвандҷӯӣ ба асли худ, ба ҳастии таърихии хеш аст. Ин пайванд набояд лаҳзае қатъ гардад. Ҳар ҷо фосилае миёни Айнӣ ва мо пайдо шудааст, моро аз ҳастии миллии худ дур медорад, монеъи ягонагии миллӣ ва худогоҳии таърихии мо хоҳад омад. Ин фосиларо аз миён бояд бардошт. Он гоҳ устод Айнӣ моро бо ҳама гузаштаи мо, бо ҳама бузургони забону адабу фарҳанги бостонии мо пайванд хоҳад дод. Айнӣ пуле миёни мо ва ҳама гузаштаҳост. Роҳи ояндаи мо бо ҳамин пул пайвастааст.
Муҳаммадҷон Шакурии БУХОРОӢ,
академик.
***
Айнӣ танҳо моли тоҷикҳо нест, ӯ мутааллиқ ба башарият аст.
Алберт КУЧУЛУ, 
адиб ва рӯзноманигори эронӣ.
***
Бахтиёрам, ки бо чунин устоди забардаст ҳамаср, ҳампфеша ва дӯсти наздик мебошам.
Ғафур ҒУЛОМ, нависандаи ӯзбек.

Таҳия ва ҷамъоварии  А. КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: