Дар доираи конфронси байналмилалии CMS COP14 дар Самарқанд мулоқоти Вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ вазир ба меҳмони олӣ барои иштирок дар Конфронси 14-уми ҷонибҳои Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки аз соли 2018 дар ҷумҳурӣ барномаи барқарорсозии ҷангал дар қаъри хушки баҳри Арал бо масоҳати умумии 2 миллион гектар амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, хабар дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ҳамасола тақрибан 200 миллион ниҳол шинонда, майдони ниҳолҳои сабз то 30 фоиз зиёд карда мешавад.
«Мо сиёсати фаъолонаи васеъ намудани шабакаи ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаро пеш мебарем, ки масоҳати онҳо дар солҳои охир ба 14 фоизи тамоми қаламрави ҷумҳурӣ расонида шуд. Мо итминон дорем, ки ин талошҳо ба ҳадафу вазифаҳои даҳсолагии ташаббуси барқарорсозии системаҳои экосистемаи СММ мувофиқат мекунанд”, - гуфт Азиз Абдуҳакимов.
Дар мулоқот ҳамчунин ба таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. А.Абдуҳакимов қайд кард, ки ифтитоҳи дафтари Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) дар Ӯзбекистон дар таҳияи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳо оид ба идоракунии объектҳои фаромарзӣ нақши муҳим дорад.
«Чунон ки дар табрикоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маросими ифтитоҳ гуфта шудааст, мо ҷонибдори беҳбуди муколамаи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ ҳастем. Мо манфиатдор ҳастем, ки дар Осиёи Марказӣ як минтақаи муҳофизати фаромарзӣ дар манотиқи марзии кишварҳоямон таъсис дода шавад», - гуфт вазир.
Илова бар ин, пайвастани Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба меморандуми Raptors зикр шуд.
Барои маълумот: Raptors як меморандуми CMS оид ба ҳифзи паррандагони муҳоҷират дар Африқо ва Авруосиё мебошад, ки ҳадафи он ҳавасмандгардонии амалиёти ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ мебошад. Меморандум яке аз ҳуҷҷатҳои кории Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS) мебошад.
Дар поёни мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамкориҳоро дар самти таъмини вазъи мусоиди экологии минтақа фаъол созанд.