НОМИ БОЗ ЯК ҲАМВАТАНАМОН БА “ДАФТАРИ ТИЛЛОӢ”-И САФОРАТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БЕЛГИЯ ДОХИЛ КАРДА ШУД

Сафири Ӯзбекистон дар ин мамлакат Дилёр Ҳакимов бо роҳбари ширкати SatExpress Services, ҳамватанаш Санҷар Сидиқов, ки дар Белгия зиндагӣ мекунад, мулоқот кард.

Сафири Ӯзбекистон дар ин мамлакат Дилёр Ҳакимов бо роҳбари ширкати  SatExpress Services, ҳамватанаш Санҷар Сидиқов, ки дар Белгия зиндагӣ мекунад, мулоқот кард.
Дар оғози мулоқот сафир ба мусоҳибаш оид ба масъалаҳое, ки 17 август дар рафти видеоконфронс таҳти раисии Президент Шавкат Мирзиёев бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ӯзбекистон оиди фароҳам овардани шароити муносиб барои шаҳрвандони маскуни хориҷа баррасӣ гардиданд, маълумот дод.
Санҷар Сидиқов дар Тошканд таваллуд шудааст ва 20 сол боз дар Белгия зиндагӣ дорад.
Дар суҳбат ӯ таъкид кард гарчанде ки ӯ солҳои зиёд аз хона дур аст, аз ислоҳоти солҳои охири  Ӯзбекистон хуб огоҳ мебошад ва дилу ақлаш аз ватани худ канда нашудааст. Соҳибкор медонад, ки дар солҳои охир фазои сармоягузорӣ дар мамлакати мо беҳтар шуда,  барои соҳибкорон имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Аз ин имкониятҳо истифода бурда, Санҷар Сидиқов дар Ӯзбекистон тиҷорати худро кушод.
Аз ҷумла,  якҷоя бо шарикон дар Тошканд истеҳсоли хамирҳои яхкардашуда ва хӯрокҳои миллиро таҳти бренди «Мали» таъсис дод. Бо истифода аз маблағҳои худ ва дар заминаи технологияҳои хориҷӣ, ӯ ҳамчунин сехи истеҳсоли вафлиҳои Белгияро кушода, 35 ҷойи корӣ созмон дод.
Дар айни замон, маҳсулоти мазкур дар бозори дохилӣ талаботи зиёд дорад. Дар оянда содироти ин маҳсулот ба кишварҳои хориҷи наздик ва дур пешбинӣ шудааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба нақшаҳои оянда, аз ҷумла лоиҳаҳои тиҷоратие мисли истеҳсоли шоколади Белгия, ба роҳ мондани содироти меваи хушк аз кишвари мо мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ инчунин оид ба таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Ҳазорасп» дар вилояти Хоразм ва имкониятҳои он, аз ҷумла роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти Белгия маълумоти муфассал дода шуд.
Бо таваҷҷӯҳи зиёд ба имкониятҳое, ки дар МОИ «Ҳазорасп» фароҳам оварда шудаанд, ҳамватанамон гуфт, ки вай имкониятҳои минтақаро омӯхта ва бизнес-лоиҳаи худро омода хоҳад кард.
Дар фарҷоми суҳбат Санҷар Сидиқов аз рушди муваффақонаи тиҷорати худ дар Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ кард.
«Ман бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамватанонро дар ватан ва хориҷа бо 29-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон табрик мегӯям» гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори АИ «Дунё».
Бинобар натиҷаи вохӯрӣ маълумот дар бораи Санҷар Сидиқов ба рӯихати ҳамватанони эҳтимолӣ — «Дафтари тиллоӣ» ворид карда шуд ва изҳори итминон кард, ки фаъолияти соҳибкории ӯ тавсеа меёбад ва ба рушди нерӯи содиротии кишвар хидмат хоҳад кард.
     
АИ «Дунё».
БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: