БА РӮЗИ ҚОНУНИ АСОСӢ БАХШИДА ШУД

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муносибати рӯзи Конститутсия чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегарданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муносибати рӯзи Конститутсия чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегарданд. Яке аз чунин чорабиниҳо зери унвони “Бахти оила – дар дасти худ” дар маркази маъмурии ноҳияи Тошлоқ ба вуқӯъ пайваст.
Чорабинии мазкур бо ибтикори идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Вазорати маҳалла ва пуштибонӣ аз оила ташкил карда шуд. Дар он ғояи “Мо ба парокандашавии оила мухолифем”  низ дар миён гузошта шуд. Занони фаъоли ноҳияи Тошлоқ, инчунин модарарӯс ва келини намунавии як қатор оилаҳои марбути ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо перомуни оқибатҳои ногувори аз ҳам ҷудошавии хонаводаҳои маҳаллаҳои худ ибрози ақида намуданд.
– Як нуктаи муҳимро қайд карданиам, ки дар чорабинии мазкур хушдоману келинҳое низ ширкат карданд, ки зиндагиашон ба вартаи ҷудошавӣ расидааст ва онҳо ба машварату ҳамкории фаъолони ноҳия ниёзманд мебошанд. Гузашта аз ин, интизор меравад, ки аъзои чунин оилаҳо чи бо айби хусур ва хушдоман ва чи бо айби зану шавҳар дидаву дониста фарзандони кӯчакашонро ба сарнавишти ногувор мувоҷеҳ месозанд, – гуфт мушовири ҳокими вилоят Тӯлқиной Тоҷиева.
Вай афзуд, ки фаъолияти аъзои комиссияҳои оштидиҳии ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ҷиддан беҳбудӣ мехоҳад. Дар акси ҳол ҳодисаҳои ҷудошавии оилаҳо  ба ин дараҷа афзоиш нахоҳанд ёфт. 
Рӯзи таҷлили конститутсия ба аъзоёни комиссияи оштии ноҳияи Тошлоқ муяссар гардид, ки нӯҳ оилаи вайроншударо дубора барқарор намоянд. 
Ногуфта намонад, ки ба ин шодиву нишоти мардуми ноҳия барномаи консертии дастаи суруд ва рақси “Райҳон” ва таронаҳои овозхонҳои хушсадои хонаи маданияти ноҳия шукӯҳи  тоза бахшид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: