Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зиёд имзо шуд

  • Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зиёд имзо шуд
  • Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зиёд имзо шуд

Пас аз музокироти судманди сарони давлатҳо маросими имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба сурат гирифт.

Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Мун Чжэ Ин Изҳороти муштарак дар бораи амиқ гардондани муносибатҳои шарикии махсуси стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриёро қабул карданд.

Дар ин ҳуҷҷат масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории ба ҳамдигар муфид, васеъ ҷашн гирифтани 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, таҳкими дӯстӣ байни халқҳоямон инъикос ёфтаанд. Рақамигардонӣ, иқтисодиёти «сабз» ва татбиқи сиёсати пурзӯри иҷтимоӣ се самти асосии шарикии махсуси стратегӣ муайян шуданд.

Дар ҳузури роҳбарони ду кишвар Созишномаи байниҳукуматӣ дар соҳаи тандурустӣ, Барномаи ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Куриё барои солҳои 2022-2024, Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар солҳои 2022-2024, инчунин, муоҳидаҳо дар бораи ба роҳ мондани муколама дар соҳаи энергетика, дар бораи ҳамкорӣ оид ба рушди шаҳрҳои «оқил», дар бораи маблағгузорӣ бинобар хатти Фонди мусоидат ба рушди иқтисодӣ, дар соҳаи маъданҳои нодир, мис ва хулаҳои онҳо ба имзо расиданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни боздид меморандумҳои ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва дар соҳаи кишоварзии «оқил», созишнома дар бораи расонда додани таҷҳизоти тиббӣ бо иштироки Фонди рушди иқтисодии Куриё ба имзо расид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: