ИСЛОҲОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ТАЛАБИ ДАВРУ ЗАМОН

Ба Қонуни Асосӣ тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд ва ин кор бори нахуст дар мамлакати мо ба худи халқ ҳавола карда шудааст.

 Дар ин раванд намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа фикру мулоҳизаи хешро баён ва оид ба вориди тағйироту иловаҳо пешниҳодҳои худро ироа менамоянд. Ин бесабаб нест, зеро мамлакатамон ба сӯи демократия ва ошкорогӯӣ меравад. 
Ман низ ҳамеша бар ин фикр будам, ки вақти такмили ҷиддии Конститутсия расидааст ва бархе аз камбудиву нуқсонҳои он, ки ба талаби замон ҷавобгӯ нестанд, бояд бекор шуда, ҷои онро моддаҳои ифодакунандаи орзуву ормонҳои мардум ишғол намоянд. Хеле хуб аст, ки дар мадди аввал шаффофияти қонунҳо ва инъикоси манфиатҳои мардум меистанд. Дар ин замина мардуми зиёд аз тариқи расонаҳои мухталиф ва саҳифаҳои шабакаҳои интернетӣ андешаҳои худро баён мекунанд. Ҳатто баъзе одамонро медонам, ки чунин суол медиҳанд: “Магар Конститутсияи мо ба меъёрҳо ва талаботи имрӯз ҷавоб дода наметавонад?”
Ман тавассути ин мақола бархе аз фикру ақидаамро нисбати ин мавзӯъ ва вокунишҳоям дар қиболи шароиту имкониятҳои васеъ манзури муштариёни “Овози тоҷик” мегардонам, ки алҳол барои ширкат дар ин раванди басо муҳим ва таърихӣ фароҳам оварда шудаанд. Қобили таҳсин мебошад, ки таҳти раисии Акмал Саидов  барои омӯхтани фикру мулоҳизаҳо комиссияи бонуфуз ташкил шудааст. Дар баробари ин, барои қабули дархосту муроҷиатҳои мардум хидмати алоқа роҳандозӣ гардидааст. Ба гуфтаи А.Саидов кишварамон дар ҳамин ҳол роҳҳои ворид кардани тағйироту иловаҳоро пеш гирифтааст ва ин ҳодисаи беназир аст. 
– Мақсади Комиссияи конститутсионӣ таъмини баррасии пешниҳоди ҳар як шаҳрванд ва ҳар як ташкилот мебошад. Таклифу дархостҳои худро мардум метавонанд аз  тариқи веб-сайти meningkonstitut-siyam.uz  фиристанд, ки мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ин платформаест, ки барои  ироаи таклифу дархост ҳеч кас аввал сабти ном намешавад ва мустақиман назари худро тақдим менамояд, – гуфт дар ҷамъомади комиссия Акмал Саидов.
 Яке аз ҷиҳатҳои дигаре, ки қобили таваҷҷуҳ мебошад, ҷамъовари овозҳои зиёди ин ё он фард, бидуни монеа хондани фикру мулоҳизаҳои вакилони халқ мебошад, ки дар шабакаҳои интернетӣ аз худ боқӣ гузоштаанд. Ба таври мисол, зимни фикррониҳо омадааст, ки агар касе ба содири ягон ҷиноят гумонбар шуда бошад, то тасдиқи он набояд дар боздоштгоҳ ба сар барад. Вай инчунин метавонад вакили мудофеъ гирад ва аз усулҳои гуногуни қонунӣ истифода намояд, ки барои ҳимояи ӯ зарур мебошанд. Таъкид гардидааст, ки додгоҳ бар асоси далелу санадҳои қотеъ бояд ҳукм содир кунад, зеро бо тақдири инсон бозӣ кардан кори хатост! 
Ростӣ, чунин ақидарониҳо таваҷҷуҳи маро низ ба худ мекашанд. Зулола Темирова ном зан ба лоиҳаи Қонуни Асосӣ чунин тағйиротро дархост кардааст: “Истифода аз ҳар гуна шиканҷа ва зӯровариҳои ҷисмониву равонӣ нисбати шахси гумонбар комилан манъ карда мешавад”. Ин гуна таклифҳо матлабе нестанд, ки асари бадеиеро хонда бошиву аз он худ ягон хулоса барорӣ. Зеро ин афкори нафароне мебошад, ки чанд сол боз дар ин ҷомеа зиндагӣ карда, аз ҳавои ин муҳит нафас кашидаанд. 
Пӯшида нест, ки аъзои ҷомеаи мо дар муқобили ҳуқуқҳои пурраи қонунӣ замоне ба ин гуна мушкилот дучор шудаанд ва ё ҳадди ақал ягон наздикашон аз ҳимояи ҳуқуқӣ ба таври бояду шояд таъмин карда нашудааст. Ба иборае, фикри вай таҷаммӯъи  изҳори нигарониҳои одамоне мебошад, ки дар паҳлӯи мо кору зиндагӣ мекунанд ва барояшон ворид шудани чунин тағйирот дар Қонуни Асосӣ ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Ман фарде мебошам, ки замоне аз “мукофот”-и истироҳаткунӣ (матлабамро мефаҳмед гуфта фикр мекунам) «баҳраҳо» бурдаам ва он вақтҳо  аз манзараҳои торикистони зиндагиам маҳсуб меёбанд. Баъди бо қарори Президент  Шавкат Мирзиёев афв гардидаму озод шудам ва хостам, ки бевосита дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ, ки асоси шаҳрвандии муосирро ташкил медиҳад, иштирок намоям. Дар муқаддимаи лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таъкид шудааст, ки «Барқарор намудани давлати инсондӯстона, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ дар бораи шаъну шараф ва қадршиносӣ ғамхорӣ мекунад”. Инчунин маъниву мундариҷаҳои “ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як инсон дар он ҳимоя мегардад», он «ҷомеаи кушода, одилона ва мукаммали шаҳрвандӣ», мешавад, ҳар як фарди ҷомеа «содиқ будани худро ба арзишҳои адолати иҷтимоӣ, озодӣ ва баробарӣ бояд ҳис намояд” равшан зикр ёфтааст.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки аз 128 модда 64-тоаш тағйир дода, 6 моддаи нав илова мегардад. Меъёрҳои қонуни ҷиноятие, ки бояд ба моддаи 25 илова карда шаванд,аз орзуву ормонҳои ман низ мебошанд, ки дар боло андак зикраш рафта буд ва маро ҳеч вақт бетафовут намегузорад.
Мардуми мо давраеро аз сар гузаронд, ки шаъну шарафи инсониаш поймол шуд, натанҳо худаш, балки хешу табораш низ барои ҷинояти як нафар рӯсияҳ гардиданд. Онҳое, ки дар натиҷаи тафтишҳои ғаразнок гирифтори бемориҳо ё маъюб шудаанд, хеле хуб ҳис мекунанд, ки ин моддаи Конститутсия ҳар қадар зудтар ба ҳаёт татбиқ карда шавад, ҷомеаи мо ҳамон қадар натиҷаҳои мусбат ба даст меорад. Охир, одамонро тавассути муносибати ҳайвонӣ тарбия кардан мумкин нест! 
Тағйироте, ки дар моддаи 13-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, низ ба принсипи олӣ будани шаъну шарафи инсон асос ёфтааст. «Тамоми зиддиятҳои бартарафнашаванда ва норавшане, ки дар қонунгузорӣ ҳангоми ҳамкории шахс бо мақомоти давлатӣ ба миён меоянд, ба манфиати шахс маънидод карда мешаванд».
Халқи хирадманди мо як зарбулмасали оддӣ, вале пурмазмунро ба кор мебарад: «Ба зери дарахти себ себ меафтад”. Ман бо эътимоди қавӣ гуфта метавонам, ки ислоҳоти имрӯза ва корҳои татбиқшаванда ҳатман натиҷаҳои пурбор ба бор меоранд. Қонунҳое, ки иродаи халқро ифода мекунанд, бешубҳа, аз тарафи ҳамин одамон комилан риоя карда мешаванд. Аммо бисёр мехостам, ки ислоҳот дар Қонуни Асосӣ нодуруст талқину тарвиҷ нашавад ва натиҷаашро мо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон мушоҳида намудем. Набояд фаромӯш кард, ки ҳар кадоми мо дар назди қонун ӯҳдадориҳои худро дорем ва ин ӯҳдадориҳоро бояд риоя кунем. 

Акобир САЙИДОВ, 
рӯзноманигор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: