РОҲБАРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТУРКИЯ БА МУНОСИБАТИ ИДИ РАМАЗОН ЯКДИГАРРО САМИМОНА ТАБРИК КАРДАНД

Дар рафти мулоқоти телефонӣ 9 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба муносибати иди барои тамоми уммати мусулмон мубораки Рамазон якдигарро табрик карданд.

Роҳбарони давлатҳои мо ба халқҳои бародарии Ӯзбекистон ва Туркия орзуҳои самимии сулҳу осоиш ва шукуфоӣ баён карданд.
Инчунин, масъалаҳои актуалии боз ҳам инкишоф додан ва мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркияро баррасӣ шуданд. 
Ҳамкориҳои афзояндаи дуҷонибаи мутақобилан судманд, аз ҷумла муколамаи фаъоли сиёсӣ, динамикаи дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ афзоянда, табодули судманди фарҳангиву гуманитарӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ байни корхонаву ширкатҳои пешрафта, густариши ҳамкориҳои амалӣ дар сатҳи минтақавии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Нақшаи чорабиниҳои оянда баррасӣ шуд, аз ҷумла масъалаи баргузории маҷлиси навбатии Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олӣ баррасӣ гардид.
Сарони Ӯзбекистон ва Туркия ҳамчунин доир ба рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: