ОЛТИАРИҚ ДАР ОЯНДА АНГУРИ ХУДРО БА ХОРИҶ СОДИР МЕКУНАД

Талу теппаҳои марбути Паркҳои алтернативии мошину трактор(ПАМТ)-и шаҳраки Катпути ноҳияи Олтиариқ барои кушодани ҳазор гектар замин ва ба ангурзор табдил додани он хеле мувофиқ мебошад.

 Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров зимни анҷоми дидору мулоқот бо сокинони ин шаҳрак аввал дар ҳамин бора ибрози назар намуд.
– Ин талу теппаҳо, ки садсолаҳо ба ин сӯ ҳамчун заминҳои бекорхобида аз мадди назар дур мондаанд ва барои мардуми мо захираи пурарзиш маҳсуб меёбанд, ҷиҳати парвариши ҳосили бобаракати ангур хеле мусоидат хоҳанд кард. Зеро ниҳолҳои ангур дар ин талу теппаҳо ҷавлонзанон на-шъунамо меёбанд. Гузашта аз ин, аз ҳисоби азхудкунии заминҳо маишати аъзои хонаводаҳои зиёд таъмин мегарданд, – изҳор кард  вай. 
Дар ин мулоқот роҳбарони секторҳо, сардорони идораву муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳрвандӣ низ мушорикат доштанд. Гуфта шуд, ки дар барномаи пешазинтихоботии Президенти мамлакат ғояи “Барои қадр ва шаъну шарафи инсон” дар миён гузошта шуд ва он ба ҳамин маънӣ буд, ки таваҷҷуҳ аз марказ ба деҳот кӯчонида шавад. 
– Ҷои шубҳа нест, ки ҳар як деҳ ободу зебо мегардад, бо вуҷуди ин, сокинони деҳот низ бояд эҳсос кунанд, ки ҳаёташон рӯ ба беҳбуд овардааст ва орзуву ормонҳои онҳоро давлат оҳиста бароварда месозад. Бидуни манбаъи даромади доимӣ наметавон гуфт, ки ҳаёт беш аз пеш фаровон мешавад, – таъкид варзид Хайрулло Бозоров.
Ҳоло азхудкунии заминҳои бекорхобидаи марбути ПАМТи Катпут шурӯъ шудааст ва бо вусъат идома меёбад. Ба гуфтаи Хайрулло Бозоров ин ҷо ҳама дастаҷамъона машғули кори хайр мебошанд, то ки баъди сипарӣ шудани муддати кӯтоҳ  қишри ба ҷои кор ва манбаъи даромад эҳтиёҷманди аҳолии ин шаҳрак соҳиби мулк ва даромади доимӣ шаванд.
– Дар заминҳои азхудшуда токзорҳои замонавӣ бунёд мегарданд ва дар он навъҳои маъмултарини бозоргир парвариш меёбанд. Дар ин самт корҳои омӯзишӣ низ ба роҳ монда мешавад, то ки шаҳрвандон усулҳои нигоҳубини токзорҳоро ёд гиранд ва дар ин ҷода маҳорату малакаи хуб ҳосил намоянд. Бо мақсади таъмин бо оби обёрикунанда хароҷоти кофтани чоҳҳои амудӣ, сохтани ҳавзҳо, насби насосҳо, насби панелҳои офтобӣ ва кашидани шабакаҳои барқии захиравӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллии вилоят пардохт карда мешавад. Барои ҳар 50 гектар замин як чоҳи амудӣ мекобанд ва обёрии қатраӣ ҷорӣ карда мешавад, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Маълум шуд, ки заминҳои азхудшуда ба миқдори 20-25 сотихӣ ҳудудан ба 4 ҳазор хонаводаи шаҳраки Катпут  тақсим карда мешавад. Бонки саҳҳомӣ–тиҷоратии “Агробанк” барои онҳо ба муддати то 7 сол ва аз ин муддат 3 солаш қарзи имтиёзноки 14 фоизӣ ихтисос медиҳад. Ин маблағ дар маҷмӯъ 30 миллион сӯмиро ташкил хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки барои назми дурусти кор даромади аҳолӣ низ дақиқан ҳисобу китоб карда мешавад.
Ҳокими вилоят бо эътирофи он, ки мардуми Олтиариқ хеле меҳнатдӯстанд, изҳор кард, қабл аз ба ҳосил даромадани токзорҳо аҳолии маҳаллӣ метавонад бо ёрии мутахассисон дар зери плёнка тарбузу харбуза парвариш намояд ва аз ин ҳисоб низ даромад ба даст оварад.
– Ин замин бебаҳост, замин неъмати Худост, ганҷест! Агар мо заминро дӯст дорем, бо ғайрату матонат кор кунем, албатта, аз баракати натиҷаи корамон баҳраманд хоҳем шуд, – иброз дошт ҳокими вилоят. 
Қарор аст, ки замини талу теппаҳо ба оилаҳои ниёзманд, хатмкунандагони мактабҳо, оилаҳое, ки ба китобҳои оҳанин ва занон шомил шудаанд, инчунин ба ҷавононе одилона тақсим карда мешавад, ки дар китоби ҷавонон ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи супориши ҳокими вилоят токзорҳои нав бо таҷҳизоти агротехникӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин ҷо маркази агросервисӣ низ бунёд мегардад. Ҳадаф аз ташкили он ба фурӯш баровардани ангури аълосифати Катпути ноҳияи Олтиариқ ба бозори кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, инчунин Чину Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: