Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 март ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудиро таҳти сарварии вазири сармояҳо Халид ал-Фолиҳ, ки ба мамлакатамон дар доираи иштирок дар Форуми якуми байналмилалии сармоягузории Тошканд омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Холид ал-Фолиҳ ба Президенти Ӯзбекистон барои қабули самимӣ изҳори сипос намуда, саломи Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ал-Сауд ва валиаҳд Муҳаммад ал-Саудро расонд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Саудия баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлатамон ба рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба ва пешбурди лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баҳои баланд дод.
Саҳми корпоратсияи ACWA Power дар пешбурди лоиҳаҳои модернизатсияи инфрасохтори энергетикӣ ва рушди энергетикаи «сабз» дар минтақаҳои гуногуни кишварамон бо арзиши умумии 2,7 миллиард доллар алоҳида қайд карда шуд.
Ба ғайр аз ин, бо иштироки Фонди рушди Саудӣ як қатор лоиҳаҳои аҳамияти иҷтимоӣ дошта татбиқ карда мешаванд.
Дар асоси “харитаи роҳ” ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои истиқболи сармоягузорӣ дар саноати нафту газ, газу кимиё ва кимиё, маъданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ, инчунин дигар соҳаҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид.