МАТНИ МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ОЛИЙ МАҶЛИС ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ ШӮРОИ ДОИМИИ САҲА ПАҲН КАРДА ШУД

Чанд рӯз қабл дар ҷамъомади Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлиси Ӯзбекистон аз 29 декабри соли 2020 муаррифӣ шуд, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».

Чанд рӯз қабл дар ҷамъомади Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлиси Ӯзбекистон аз 29 декабри соли 2020 муаррифӣ шуд, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».
Дар ин ҷамъомад, ки дар тартиби видеоконфронс ташкил шуд, котиби генералии САҲА Ҳелга Шмид, раиси Шӯрои доимӣ, сафири Шветсия Улрика Фунеред, ҳайати раҳбарикунандаи Котиботи созмон ва Ассамблеяи парлумонӣ, инчунин зиёда аз 50 нафар сафирон ва сарони ҳайатҳои дипломатии давлатҳои иштирокдор ва шарикони САҲА ширкат варзиданд.
Намояндаи доимии Ӯзбекистон дар назди САҲА, сафир Абат Файзуллоев маърӯза кард ва ҳозиронро бо қоидаҳои асосии Муроҷиатномаи Президент шинос кард.
Зикр гардид, ки Муроҷиатнома хусусияти барномавӣ дошта, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистонро барои солҳои наздик муайян мекунад ва инчунин ба ислоҳоти васеъмиқёси мамлакат дар соҳаи таълим, таҳкими системаи тандурустӣ, рушди илм ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои рушди соҳаи иқтисод такони нав мебахшад.
Сафир қайд кард, ки аъзои парлумони мамлакати мо ба мақсади идома додани саъю кӯшиш ва чорабиниҳое, ки дар мамлакат дар тӯли солҳои охир барои дастгирии рушди солим ва баркамоли насли ҷавон, рушди маориф, илм ва инноватсия, тарғиби тарзи ҳаёти солим пеш гузошта шудаанд,  пешниҳоди сарвари давлатро дар бораи «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» эълон кардани соли 2021 дастгирӣ карданд.
Чӣ тавре ки таъкид шуд, Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷӣ сиёсати хориҷии рӯшод, прагматикӣ ва созандаеро идома хоҳад дод, ки ба манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯ мебошад.
Диққати иштирокчиёни ҷамъомад ба вазифаҳои асосие, ки сарвари давлат дар самти татбиқи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон дар соли 2021 муайян намудааст, ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, таҳкими дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва эътимоди тарафайн бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, васеъ гардондани муносибатҳои гуногунҷабҳа ва мутақобилан судманд бо кишварҳои шарикони асосӣ, рушди ҳамкориҳои зич бо СММ ва дигар сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ.
Дар хотима қайд карда шуд, ки дар Ӯзбекистон оид ба таҳкими истиқлолият, демократикунонии ҷомеа, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ, таъмини сулҳ ва субот дар минтақа кори фаъолона идома хоҳад ёфт.
Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад матни Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис ҳамчун як ҳуҷҷати расмии Шӯрои доимии САҲА паҳн карда шуд.

АИ «Дунё»,
ВЕНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: