2 ҲАМСОЯҲО

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта).

– Сад ҳайф... Ҳамсояҳои хубу қадрдон бо ҳар баҳона ночор рафтанду ба тоифаҳои пурозору балои ҷон ҳамсоя шудем, – байни худ бо ҳасрат мегуфтанд пиронсолон: – Э, Худо, аз осмон якбора офат борид-ку...
– Хости худаш... Ин аҷинабодак ҳам мегузарад. Дила хун накунед...
– Кай? Камаш монда буд. Кош ин балоҳоро надида, осуда мегузаштем...
– Гузаштагиҳо то куҷо расиданд? 
Саросема нашав... Мегӯянд, ки инҳо як давр меронанду боз мераванд, – шиквагарро таскин мебахшид пири маҳалла.
– Ба куҷо? 
– Ба ҷои омадагиашон... Боз дар хари худ мешинанд...
– Ин хобата ба об бигӯ...
– Ҷоҳилону муштзӯрон бе «корнамоӣ» зиста наметавонанд... Барои худ, аз рӯи одат ҳатман чоҳ мекананд... ҷавонӣ, кибру ғурур.
Боре аз кирдори нохуби ҳамсояи нави афту ришаш ғашовар пири маҳалла сахт ранҷид ва ба ӯ эътироз баён кард:
– Чаро тахтаҳои хараки бари раҳравро канда партофтӣ? Ин моли бобову падарат набуд-ку. О, ин харакро инсонҳои савобгир солҳои дар дунё набудани ту барои нафас рост кардану дам гирифтани роҳгузарони бемадору камқувват сохта буданд. Чӣ зарар дошт?!
– Зарари беҳисоб, – бо ришханд посух дод ҳамсояи ҷавони вайронкор ва шарҳ дод: – Ин харак хатар дошт, хатари ганда. Чанд шаб фикри ин хатар хобамро ҳаром кард... Ман дониста харакро нест кардам... Бисёр ғам нахӯред, ин харак кирое надорад. Лекин ту тасаввур намекунӣ, ки агар бачаҳо дар ин харак нишаста, сӯи мошини ман, – вай ба мошини ғилофпечаш ишора кард, – санг партофта, шиша ё чароғашро мешикастанд, зарараш беҳисоб мешавад. Баъд кӣ зарари онро медиҳад?
– Мошинат аз сарат монад, ноҷавонмард! – якбора хашмгин шуда, бо овозу тани ларзон фарёд зад мӯйсафед: – Маро «ту-ту» мегӯӣ, бадафт!
Харобкор! Гарданат шиканад!...
Пиразанҳо ба мӯйсафед ҳамовоз шуданд ва бо дуои баду таҳдид астару абраи ҳамсояи бадкирдорро чунон афшонданд, ки рӯбоҳвор гурехт, нопадид шуд.
Вале пас аз як ё ду ҳафта шоме ногаҳон ба роҳраву хонаи харакшикан ҳуҷуми барқвори кормандони сиёпӯши силоҳдор сурат гирифт. Ва ҳамсояҳо диданд, ки ӯро дастбаставу ба сараш халтаи сиёҳ кашида, бо қомати чанг дунг-дунгу ба ҳоли зору низор бурда, ба мошини ҷинояткашон шинонданд. Баъд овоза паҳн гардид, ки ҳангомаву дабдабааш аз рӯйи фурӯши «хоки сафед» будааст...
Солҳо сипарӣ шуданд, ҳамсояҳо рафтанду боз омаданд. Ҳар кас хотирае аз худ боқӣ гузошт: нек ё мағшуш.
Лекин пояҳои шикастаи симонтии хараки канори пиёдароҳ чун гардану пешонии шикастаи он ҳамсояи ҳарису харобкори манфур ба ёдгор монд...
Ба ростӣ, ҳамсояҳои нав низ хислатҳои гуногун доранд, инсонҳои наҷибу накукоре ҳам ҳастанд. Зани насронии миёнаумре дар қабати якуми роҳрави охирини бино танҳо мезияд. Озодапӯш аст, вале ёри шароб. Аммо дар ҳолатҳои сархушӣ ҳам оромӣ ва шоистакорӣ хислати ӯст. Пеши роҳравро об пошида мерӯбад, коғазу зарфҳои холии ноҷо партофтаи дигаронро чида, ба халтае андохта, бурда ба ахлотҷо мепартояд ва бо ин рафтораш ба ҳамсоязанҳое, ки ба харакҳо нишаста, суҳбаткунон донаки офтобпараст шикаста мехӯранду пӯсти онро ба гирду пешашон пош медиҳанд ва ё коғазу зарфҳои партофтаи кӯдаконашонро намеғундоранд, намуна нишон медиҳад. Ба кӯр – асо.
Ин зани танҳо аз рӯйи завқ амали аз ин ҳам шоистаро иҷро мекунад. Вай ҳар баҳор боғаки шафати хонаашро бо меҳру ишқ ба тартиб оварда, гулбуттаҳои ҳамешасабзро оро дода, бо сангҳои ҳарранга байни гулбуттаҳо пайроҳа сохта, дар таги дарахти себ мизи секунҷа ва курсиҳо ниҳода, боз дар кӯзае гулҳои саҳроӣ ё бобунаву садбарг мегузорад. Завқи зебоипарастӣ. Шояд ин зан шавҳар гум кардааст ё фарзандонаш ба шаҳрҳои дур рафтаанду танҳост. Дар ҳар сурат вай дарди танҳоиро бо ин амалҳои нек дармон мебахшид.
Бобо-чӣ? Як марди назарногир, бе мансаб, хоксор аст. Ҳамсояҳо бомдод аз хона баромадану бо сари хам ба кор рафтан ва шом баргаштанашро мебинанд. Зиндагии беҳангома дорад. Аммо дар маъракаҳо ҳамеша ба хизмати ҳамсояҳо омода аст. Вай боғбони кадом қисми ҳарбист, лекин худаш замини холии паси биноро аз сангу партобҳо тоза карда, дар он гулбуттаву дарахтони гуногун шинонда, боғи дилкушое сабзондааст. Бобо ҳосили боғашро ба ҳамсояҳову кӯдакон, онҳое, ки ҷӯйбору роҳрави маҳалларо тоза мекунанд, мебахшад. Ин ҳеҷ гап не. Ӯ боз як коре кард, ки ҳама дар ҳайрат монду офаринаш хонд. Чанори ғафси хушкидаи шафати раҳрави хонаашро буриданд. Гуфтанд, ки хатар дорад. Мабодо аз тундбод ё барфи вазнин биафтад, ба бино ё роҳгузаре зарар мерасонад. Бобо кундаи чанорро кандан намонд. Ҳамсояҳо ҳайрон шуданд. Магар аз кунда барои нишастани худашу ҳамсараш курсӣ месохта бошад? Чӣ мақсад дорад? Баъд Бобо даруни кундаи чанорро бафурсат бо тешаву каҷкорд тарошиду тарошид ва онро ба як табақи бузург табдил дод. Табақе, ки дар замин решаҳои устувор дорад. Чӣ лозим? Нияти Боборо дар авҷи гармои тобистон, вақте ки ҷӯйҳои маҳалла хушкиданд, фаҳмидем. Вай ҳар бомдоду бегоҳ аз хонааш, аз қабати сеюм сатил-сатил об оварда, ба ин табақкунда мерехт, ки парандагони атроф дар ҷустуҷӯи об азият накашида, ташнагӣ шикананд. Эҳе, акнун гирди ин табақ аз бомдод то шом аз чор тараф гуна-гуна паррандагон болзанон меоянд ва бо хонишашон базми шукронаи обхӯрӣ меороянд.
Абдулҳамид САМАД
(Давом дорад).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: