«ТАҶРИБАИ ҚАШҚАДАРЁ» МУАРРИФӢ ШУД

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Қашқадарё изҳор доштанд, ки дар робита ба пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни аҳолии қаламрав ба таҷрибаи хубе ноил гардиданд.

Ин мавзӯи меҳварии муҳокимаи як ҷаласае буд, ки ба ҳисоботи гурӯҳи кории махсуси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бахшида шуд. Дар ҷаласа ҳокими вилоят ва муовини вазири Вазорати корҳои дохилӣ Даврон Назармуҳаммадов ширкат варзида, бо ҳисоботи гурӯҳи корӣ шинос гардиданд.
Дар ҷамъомад доир ба пешгирии ҷиноятҳое, ки эҳтимоли сар заданашон ҳаст, инчунин ҷиноёте, ки содир гаштаву ошкор гардидани ҷузъиёташон суст идома меёфт ва дар ин робита амалиёти саривақтии гурӯҳи зудамали мақомоти интизомӣ  маълумоти муфассал дода шуд. Якҷо бо гузориши маълумот расми тақдимоти «Таҷрибаи Қашқадарё» муаррифӣ гардид, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳои сазовор гирифт.
«Таҷрибаи Қашқадарё» дар натиҷати омӯзиши фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи вилоят, хоса дар намои ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Алишер Навоӣ»-и шаҳри Қаршӣ, ки аз нигоҳи содир шудани ҷиноят дар мақоми «сурх»-и раддабандӣ қарор дошт, тақдим гардид. Мақомоти интизомии вилоят муваффақ гардидаанд, ки ин ҳудудро аз  ҷинояту ҷинояткорон пок созанд ва ба маҳаллаи амну осоиштае табдил диҳанд. 
Таъкид гардид, аз эҳтимол дур нест, ки муваффақияти кормандони идораҳои интизомӣ чун «Таҷрибаи Қашқадарё» дар томоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷорӣ шавад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: