ФОРУМИ РОҲБАЛАДОН

Табиист, ки имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар ва Президент ба эҳёгарони давраи нави Ӯзбекистон, яъне ҷавонон эътибори махсус дода мешавад.

Табиист, ки имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар ва Президент ба эҳёгарони давраи нави Ӯзбекистон, яъне ҷавонон эътибори махсус дода мешавад. Дар ин бобат бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонон ва Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон доири бо ҷойи кор таъмин намудан ва пурмазмун гузарондани вақти холии ҷавонон корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. 

Бо ташаббуси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон якҷо бо Агентии кор бо ҷавонон ва Вазорати таълими халқ дар “Оромгоҳи ҷавонон”-и ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд барои роҳбаладони ҷавонон, ки дар муассисаҳои таълимии кишварамон кору фаъолият доранд, семинар-тренингҳо гузаронда мешаванд. 
– Имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишварамон беш аз 6,5 миллион нафар хонандагон таҳсил мегиранд, 1 ҳазору 64 ташкилоти ибтидоии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон фаъолият нишон дода, ки дар онҳо роҳбалади ҷавонон  кор пеш мебаранд, – мегӯяд роҳбари шуъбаи кор бо роҳбалади ҷавонони Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Аббос Тағоймуродов. – Бо ташаббуси Шӯрои марказӣ аз 28 апрел то 2 июли соли ҷорӣ дар “Оромгоҳи ҷавонон” форуми роҳбаладон ташкил ёфтааст, ки дар давоми он мувофиқи дастур роҳбалади ҷавонон малакаи худро меафзоянд. Мувофиқи барнома, тӯли ҳар чаҳор рӯз роҳбаладонон шаҳри Тошканд, вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон инҷо омада, аз ҷониби мутахассисони соҳа барои худ маслиҳат ва маълумотҳои муфассал мегиранд. Мақсад аз баргузор намудани Форуми роҳбаладони ҷумҳурӣ ҷоннок кардани фаъолият, рушди қобилияти пешсафӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ кардани онҳо мебошад.  
Бинобар гуфти А.Тағоймуродов дар давоми Форум наздик ба 4 ҳазор нафар дар тренингҳо иштирок намуда, малакаи худро такмил медиҳанд. 

М. МИРМАҲМАДОВ,
роҳбалади ҷавонони ташкилоти ибтидоии мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯка.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: