ДАР СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ҶАВОНОН ДАВРИ ТАҒЙИРОТИ КУЛЛӢ ОҒОЗ МЕЁБАД

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти Президентиаш гуфта буд, ки дар мамлакатамон мушкилоти кадрҳои замонавӣ вуҷуд дорад.

Вақти зиёд нагузашта, ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба амиқ омӯхтан ва ҳаллу фасли ин мушкилот, тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос нигаронда шудааст, оғоз ёфтанд. 
Дар навбати аввал, оид ба рушди таълими томактабӣ, ки  пойдевори низоми таълим ба ҳисоб меравад, чораҳо андешида шуданд. Эътибор ба муассисаҳои таълим ва омӯзгорон пурзӯр гардонда шуд. Дар мактабҳои олӣ низ дигаргуниҳои калон ба амал омаданд. Бинобар рушди ин ҳалқаҳои низом то соли 2030 консепсияҳо коркард шуданд. 
Барои муайян намудан ва амиқ сабақ додан ба бачаҳои иқтидорнок бинобар самтҳои серталаб мактабҳои махсус созмон дода мешаванд. 
Мактаби ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14 сентябри соли 2017 ташкил шудааст, яке аз чунин масканҳои таълим ба ҳисоб меравад. 
Маълум аст, ки алломаи бузург Муҳаммад ал-Хоразмӣ дар асрҳои VIII-IX зиндагӣ ва эҷод намуда, доир ба илмҳои математика, геометрия, астрономия, таърих, ҷуғрофия ва ғайра рисолаҳои зиёд иншо намудааст. Ӯ нахустин бор нисбати рақами «сифр» ва низоми шумораи даҳӣ, инчунин андозаҳои қутбҳоро асоснок ва ба амал татбиқ намудааст. Муҳаммад ал-Хоразмӣ ба фанни алгебра ва назарияи алгоритм бунёд гузошта, қоидаҳои дақиқи маълумоти илмӣ ва рисолотро таҳия кардааст.
Дар байни олимони Шарқ, ки дар бобати низоми шумораи даҳӣ, самти алгебра ва алгоритм дар рушди илми дунё эътироф гаштаанд, танҳо асарҳои Муҳаммад ал-Хоразмӣ ва номи ӯ дар доираҳои илмӣ фаъол истифода мегарданд. Номаш дар истилоҳҳои илмии имрӯз мисли «алгоритм» ва «алгебра» абадӣ гардонда шудааст. Имрӯз дар соҳаи технологияи замонавии ахбору коммуникатсия, ки ба технологияи баланд асос меёбад, тамоми амалҳои ҳисоб, ки дар ин соҳа татбиқ гаштааст, кашфиётҳои илмии олими бузург Ал-Хоразмӣ чун замина хидмат менамоянд.
Соли гузашта сарвари давлатамон бо лоиҳаи ин муассисаи таълим шинос шуда буд. Ба қарибӣ дар пойтахтамон Тошканд ин даргоҳи замонавӣ сохта, ба истифода супурда шуд. 
Шавкат Мирзиёев 27 декабр ин даргоҳи илмро, ки ба амиқ омӯзондани фанҳои самти технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ ихтисосонида шудааст, аз назар гузаронд. 
Дар ин ҷо ба ғайр аз шароитҳои васеву утоқҳои пешқадами фан барои гузарондани машғулотҳои факултативӣ бо истифодаи услубҳои инноватсионӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Синфҳои махсуси ширкатҳои Artel, UCell, ZTE ва Huawei фаъолият нишон медиҳанд. 
Шавкат Мирзиёев бо шароитҳои синфхонаҳо, муҳити онҳо, таҷҳизот шинос шуда, бо омӯзгорон ва донишомӯзон суҳбат орост. 
 – Тамоми корҳоямон, ислоҳотамон ба фардои Ӯзбекистон нигаронда шудаанд. Истиқболи фардоямон бошад — шумоед, ҷавонон. Аён аст, ки шумо одамони босавод, ба Ватан муносиб шудан мехоҳед. Мо барои ин тамоми шароитҳоро фароҳам меорем, – гуфт Президент. 
Ба шахсони масъул оид ба тағйир додани лоиҳаҳои сохтмони мактаб дар асоси ин гуна андозаҳои биноҳои пешқадам,  беҳ гардондани сифати таълим дар асоси мустаҳкам намудани методология супоришот дода шуданд. 
– Тамоми ҷаҳон аз тафаккури Ал-Хоразмӣ ба ваҷд меояд. Алгоритми аз ҷониби ӯ офаридашуда асоси технологияҳои замонавӣ, маҳсулоти барномавӣ ба ҳисоб меравад. Шумо бояд бо ин ифтихор намоед, мисли гузаштаи бузургамон собитқадамона хонед ва ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошед, – гуфт сарвари давлатамон ба ҷавонон.
Дар мактаб барои азхуд намудани барномаҳои мобайлӣ ва компутерӣ, мустақилона кор кардан, таҷрибаомӯзии донишомӯзон кабинетҳои робототехника ва электроника, лабораторияи технологияҳои инноватсионӣ ва виртуалӣ ташкил карда шудаанд.
Президент бинобар зарурати дар мактаб созмон додани шуъбаи IT-и парки  дар ноҳияи Мирзо Улуғбек ташкилшуда, кушодани чунин марказҳо дар дигар минтақаҳои мамлакатамон, фароҳам овардани шароит барои ҷавононе, ки ба соҳа  шавқу рағбат доранд, таъкид намуд. 
– Бачае, ки технологияҳои ахбору коммуникатсиониро хуб медонад, бо кор машғул мегардад. Агар ҷавононро мисли чунин мутахассисон тарбия намоем, онҳо фардо ба оилааш, ба давлат нафъ хоҳанд овард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Соли ҷорӣ барои синфҳои 5-11-уми ин мактаб 680 нафар талаба бинобар озмоишҳо аз математика ва забонҳои хориҷӣ қабул гардиданд. Ба ҷамоаи педагогӣ омӯзгорон аз Бритониёи Кабир, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон ҷалб карда шудаанд.  
Баъд аз ин Президентамон дар маҷлисгоҳи мактаби ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ бо ҷавонон вохӯрӣ гузаронд.
Ҷавонони ҳар як минтақаи мамлакат, роҳбарони масъул ҷамъомадро ба воситаи видеоконфронс мушоҳида намуданд.
Тӯли солҳои охир асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон мустаҳкам гардида, Шӯрои ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба корҳои ҷавонон таъсис ёфт. 
Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ташкил ёфта, 30 июн Рӯзи ҷавонон эълон гардид. Дар айни ҳол Иттифоқ 7 миллиону 690 ҳазор аъзо дорад.
Имрӯз ба ҷавонони роҳбаре, ки дар тамоми соҳаҳо соҳиби дониш, аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоӣ фаъол бошанд, манфиати халқро аз манфиати шахсӣ воло гузоранд, ҳалолу ҷонфидо бошанд, эҳтиёҷ торафт зиёд мегардад. Ҷавононе, ки ҷаҳонбинии васеъ ва фикри тоза доранд, дар вазъиятҳои мураккаб қарорҳои дуруст қабул карда метавонанд, ба вазифаҳои масъулиятнок таъин мегарданд.
Дар маҳалҳо 8 нафар намояндагони авлоди ҷавон муовини ҳоким таъин шуданд. Дар интихобот ба Палатаи қонунгузорӣ, ки ба қарибӣ баргузор гардид,  9 нафар писару духтар интихоб шуд, қариб 10 фоизи депутатҳои навинтихобшудаи шӯроҳои маҳаллиро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ғайр аз ин 84 нафар ҷавоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷамъият ҷонфидоӣ намуда, барои афзоиши обрӯи байналхалқии мамлакатамон саҳм гузоштаанд, бо мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» ва медали «Келажак бунёдкори» тақдир гардиданд.
– Ман боварӣ дорам, ки дар байни авлоди наврас писарону духтарони босавод, фидокор зиёданд, ки чашмонашон «Ман ба Шумо такягоҳ  мегардам!» гӯён медурахшанд. Роҳи дурусти пешсафӣ, аз паси худ бурда тавонистан ин ибрати шахсӣ мебошад, – гуфт Президент.
Дар вохӯрӣ мушкилоти ҳаёти ҷавонон, вазифаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар мамлакатамон механизми самарабахши хоста гирифтани роҳбарони ҷавон, мувофиқи лаёқаташон ба вазифаҳо пешбарӣ намудани онҳо вуҷуд надорад.
– Шумо чӣ фикр доред, агар аз ҷумлаи ҷавонони ташаббускор, барои лавозими роҳбарӣ аз ҳар ҷиҳат муносиб, онҳое, ки ба ман такягоҳ ва боваринок буда метавонанд, институти «Ватан ифтихорлари» ҷорӣ карда шавад? – гуфт роҳбари давлат. – Вазифаи асосии институт аз расондани ислоҳот ва реҷаҳои бузургамон ба ҷавонон, мушкилоти маҳалҳоро маълум ва ҳал намудани онҳо иборат хоҳад буд.
Президент дар бораи таҳдид ва хуруҷҳои мафкуравии шароити ҷаҳонишавӣ ҳарф зада, суханони «Ин дунё – майдони муҳориба. Тани солим, ақли бурро ва маънавияти баланд силоҳи ин майдон ба ҳисоб меравад»-и  маърифтапарвари барҷаста Фитратро ба ёд овард.
Ба роҳбарони идораҳои дахлдор бинобар пешгирии қонуншиканиҳо ва ҷиноят дар байни ҷавонон, ҷудошавиҳои оилавӣ супоришот дода шуданд. 
Дар ҷамъомад қайд гардид, ки ҳокимони вилоят, ноҳия, шаҳрҳо ва роҳбарони дигар ба масъалаи сиёсати ҷавонон бояд эътиборро боз ҳам зиёд гардонанд.
Аз он ҷумла боло бурдани мақом ва обрӯи ҷавонон дар ҷамъият, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои онҳо, аз тариқи ташкилотҳои ҷавонон чуқуртар ворид гардидан ба ҷаҳони мураккаби насли ҷавон ва зарурати ҳал намудани онҳо таъкид ёфт.
– Ҳар як ҳоким — новобаста аз агар он ки ӯ сарвари вилоят аст ё ноҳия, якҷоя бо роҳбарони секторҳо масъалаҳои ҷавононро барои худ чун вазифаи устувор интихоб нанамоянд, дар маҳалҳо натиҷаи корҳои мо дар ин бобат самара нахоҳад бахшид, – гуфт Президент.
Дар қадами аввал, бояд таҷрибаи вохӯриҳои «Ҳоким ва ҷавонон» идома ёбад, супориш дода шуд, ки як рӯзи ҳар ҳафта Рӯзи ҳалли масъалаҳои ҷавонон, дар ҳар понздаҳ рӯз ду рӯз фақат кор бо ҷавонон муайян карда шаванд.
Ҳокимон ва роҳбарони мутасаддӣ бо масъалаҳои ҷавонон шинос гардида, моҳе як маротиба дар ҷамъомадҳои шӯроҳои маҳаллӣ онҳоро муҳокима карда, ба намояндагони халқ бояд ҳисобот диҳанд.
Мутасаддиён шуғли ҷавонон, ниёз ба таъминоти манзил, пурмазмун гузарондани вақти холӣ, таълим ва касбомӯзии онҳоро доимо омӯхта, ҳаллашонро бояд пайдо намоянд. 
Муроҷиатҳои ҷавонон қайд гардида, таҳлил карда шаванд ва ба ин масъалаҳо дар навбати худ алоҳида эътибор дода, чораҳои дақиқ андешида шаванд.
Дар вохӯрӣ нисбати ҳар як самти панҷ ташаббуси муҳими Президент ва дар ноҳия ва шаҳрҳо бо низом ба амал татбиқ намудани онҳо вазифаҳо муайян карда шуданд.
Соли гузашта дар Ӯзбекистон Олимпиадаи байналхалқии математикҳои ҷавони ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ бомуваффақият гузаронда шуд. Сарвари давлатамон пешниҳод намуд, ки дар асоси ин таҷриба олимпиадаҳои байналхалқӣ оид ба физикаи ба номи Аҳмад Фарғонӣ, оид ба кимиёи ба номи Абурайҳон Берунӣ, оид ба биологияи ба номи Абу Алӣ ибни Сино, оид ба астрономияи ба номи Мирзо Улуғбек гузаронда шаванд.
Ҷамъомадагон ташаббусро оиди ташкил намудани Агентии оид ба корҳои ҷавонон дар пойгоҳи Иттифоқи ҷавонон дастгирӣ намуданд. 
Пешниҳод гардид, ки телерадиоканалҳои соҳавӣ ва нашрҳои чопиро муттаҳид гардонда, «Медиа холдинги ҷавонон» ташкил карда шавад. 
– Мо Ӯзбекистони навро якҷоя бо ҷавонон месозем. Соли 2020-ум дар сиёсати давлатии ҷавонон соли тағйироти куллӣ хоҳад гардид, – таъкид намуд Президент. 
Дар мулоқот ҷавонон фикру мулоҳизоти худро баён намуданд. Роҳбари давлат бинобар пешниҳодоти онҳо ба мутасаддиён супоришҳо дод.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: