Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Иттиҳоди Аврупо муайян кард

  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Иттиҳоди Аврупо муайян кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Иттиҳоди Аврупо муайян кард
  • Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Иттиҳоди Аврупо муайян кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 октябр намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакалуро ба ҳузур пазируфт.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аврупо ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд. Аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи ҳозираи байналхалқӣ мубодилаи афкор барпо гардид.

Ба густариши муколамаи созандаи сиёсӣ, пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молӣ ва техникӣ, инчунин дар бахшҳои экология, маориф ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар оғози мулоқот таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо ба идомаи барномаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Нав, ки ба амиқсозии минбаъдаи дигаргуниҳои демократӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар нигаронида шудааст, баҳои баланд медиҳад ва онро пайваста дастгирӣ мекунад.

Моҳияти бисёрҷанба ва динамикии муносибатҳои дуҷониба, ки солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Қабули Стратегияи навшудаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, ба Ӯзбекистон дода шҳудани мақоми баҳрабардори низоми “GSP+”, инчунин парафбандии Созишномаи густурдаи шарикӣ ва ҳамкорӣ далели ин мебошад.

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ босамар инкишоф меёбанд. Танҳо дар зарфи 9 моҳи соли ҷори муомилоти моли байниҳамдигарӣ 15 фоиз афзуд. Ҳаҷми содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 70 дарсад афзуд. Шумораи лоиҳаҳо ва корхонаҳои муштарак дар Ӯзбекистон аз 1000 гузаштааст.

Бо иштироки сармоягузорони аврупоӣ лоиҳаҳо дар соҳаҳои баландтехнологӣ, аз қабили энергетика ва мошинсозӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ мешаванд.

Зимни суҳбат аҳамияти таҳия ва татбиқи барномаҳое, ки ба мусоидат ба рушди устувор ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ нигаронида шудаанд, таъкид гардид.

Соҳаҳои нақлиёт, инноватсияҳо, рақамикунонӣ, иқтисодиёти “сабз”, энергияи муқобил ва истифодаи оқилонаи об, таҳсилоти фарогир ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян карда шудаанд.

Масъалаҳои расонидани кумак ба ҳалли зудтари сулҳ ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон низ баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: