Вақте ки автобус аз роҳи калон ба тарафи чап тоб хӯрд, пеши назар деҳае падид омад, ки дар оғӯши дараи хушбоду ҳавои кӯҳистон воқеъ гаштааст ва номи он аллакай дар сархати нашрияҳои зиёди кишвар ва берун аз он ҷой гирифтааст.
Ин деҳа Синтаб ё Синтоб ном дошта, дар доираи чорабиниҳои Маҷмаъи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ ғолиби лоиҳаи «Беҳтарин деҳаи сайёҳӣ» эътироф гардидааст.
Журналистони расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар ин деҳа тайи ду рӯз сафар анҷом доданд, ки Кумитаи сайёҳии Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Навоӣ ташкил кардааст. Ёдовар мешавем, ки Синтаб 17 марти соли равон расман ба мақоми деҳаи туризм ноил шудааст.
Ин деҳа дар масофаи 120 километр дуртар аз маркази ноҳияи Нурато, бо табиати афсункор, ҳавои тоза, чашмаҳои зулол, таомҳои болаззати миллӣ ва зиндагии тарзи хоси мардуми он таваҷҷуҳи сайёҳонро аз соири мамолики олам, мисли Инглистон, Фаронса, Австрия, Олмон, Италия, Русия ҷалб намудааст.
Агар ба гузаштаи он назар андозем, мебинем, ки деҳа аз мероси бойи фарҳангӣ ва таърихӣ бархурдор мебошад. Боқимондаҳои қалъаҳо ва хонаҳои истиқоматии сангии қадима, ки то аввалҳои қарни гузашта маъвои зиндагии аҳолӣ будааст, инчунин беш аз 40 ғор, оромгоҳҳои Хоҷа Муҳаммади Порсо, Хоҷа Муҳаммади Саврато, Ширинато, кӯли Фозилмон дар баландии 1 ҳазору 650 метр аз сатҳи баҳр, ки ба забони мардумӣ «Кӯли оина» низ номида мешавад, Чашмаи Акко, маъбади буддоӣ, мероси фарҳангии Синтабтеппа, петроглифҳои дорои графикаи арабӣ ва расмҳои қадимии сангӣ, шаршара аз ҷумлаи ҳамон мерос маҳсуб меёбанд.
Вақте ба яке аз меҳмонхонаҳои оилавии соҳибкори маҳаллӣ Шодибой Бобоев даромадем, маълум шуд, ки бештар аз даҳ солро барои сохтани ин иморати бошукӯҳ сарф намудааст ва дар ихтиёри сайёҳон гузоштааст. Дарҳақиқат, меҳмонхонаи зебову шинам аз ду ошёна иборат буд ва деворҳои он аз сар то по бо санги кӯҳ сохта шудааст. Ҳарчанд қисмати беруни он бидуни гилкориву андова мондааст, аммо хеле назаррабо мебошад. Дохили бино бо ҷиҳози лозима муҷаҳҳаз гардидааст.
– Ин ҷо метавон дар як вақт ҳудуди чиҳил меҳмонро пазируфт. Аксарият донистан мехоҳанд, ки будубоши як шабонарӯзӣ чӣ қадар маблағ тақозо менамояд. Ҷойи пинҳон доштан нест, ки ҳар сайёҳ 25 доллари амрикоӣ ё муодули онро бо арзи миллӣ мепардозад. Се маҳал хӯрок, хидматҳои дигари лозима ройгонанд. Меҳмонҳо дар рӯйи катҳои боғамон низ метавонанд вақти худро бароҳат гузаронанд ва аз меваҳои он тановул кунанд. Ҳоло як гурӯҳ сайёҳони фаронсавӣ дар меҳмонхонаи мо ҷой гирифтаанд. Рӯзона, ба хотири баҳра бардоштан аз тамошои мӯъҷизаҳои деҳ, ба чаҳор тараф пароканда шудаанд,– мегӯяд Шодибой Бобоев.
Баъд саёҳати мо ба самти меҳмонхонаи оилавии соҳибкори дигар Дилмурод Зарифуллоев идома кард. Маълум шуд, ки ин нахустин меҳмонхона дар деҳаи Синтаб мебошад ва он дар гирифтани мукофоти «Деҳаи беҳтарини сайёҳӣ» саҳми арзанда гузоштааст.
– Ману ҳамсарам Раҳимахон аз чунин дастовард хеле шоду рӯҳбаланд шудем. Зеро меҳнати мо дар ин самт самараи нек ба бор овард ва дар байни панҷ номзад деҳаҳои ҷумҳурӣ маҳз Синтаб ба ин мақоми олӣ сазовор дониста шуд. Мо талош ба харҷ медиҳем, ки сифати хидматрасониро ба дараҷаи баланд бардорем ва ҳар як сайёҳ аз деҳаи мо бо табъи болида баргардад.
– Ин дастгоҳи барқи офтобӣ аст, ки насб кардаед?
– Бале. То деҳаи мо хати барқи пуршиддат кашида шудааст ва мардум аз қувваи он фаровон истифода мекунанд. Аммо баъзан бо вазидани боду шамоли сахт барои чанд муддат барқ хомӯш мешавад. Бо назардошти ҳамин ҳолату вазъият ин дастгоҳ барқи моро ҳамеша фурӯзон нигаҳ медорад. Ҳар як ташноби меҳмонхона низ шабу рӯз бо оби гарм таъмин аст. Дар ҳар утоқи дунафариву се нафарӣ телевизор гузошта шудааст, ки ба шабакаи интернет васл мебошад. Дар саҳни ҳавлиамон меҳмонҳо метавонанд рӯйи катҳо нишаста, орому осуда истироҳат кунанд ва китоб хонанд. Ин дарахтони сершоху барг дар фасли гармо низ намегузорад, ки онҳо аз гармии нури офтоб нороҳат шаванд. Ҳамеша насим аз чаҳор тараф ба сӯяшон вазида меистад ва ба роҳати онҳо роҳат меафзояд.
– Оё дар фасли зимистон сайёҳонро мепазиред?
– Ҳавои ин ҷо дар фасли сармо нисбат ба минтақаҳои ҳамвор сард мешавад ва барфи баланд меборад. Барои ҳамин имконияти қабули сайёҳон имконнопазир аст. Сайёҳони хориҷӣ бештар шурӯъ аз моҳи март то ахири моҳи ноябр меҳмони мо мешаванд.
– Саҳми ҳамсари худро дар ташкилу пешрафти корҳои меҳмондорӣ чӣ гуна тавсиф мекунед?
– Аз пазироии меҳмонон, меҳмондорӣ, пухтани хӯрокҳои болаззати миллӣ ва иҷрои дархостҳо, дуруст кардани рахти хоб, бархурди самимиву меҳрубонии ба занҳо хос дар ҳамсари ман таҷассум ёфтаанд, ки аз ин хеле ифтихор мекунам. Ба вай дар анҷоми ҳамаи кор аъзои хонаводаам кумак мерасонанд.
– Сайёҳони хориҷӣ аз куҷо медонанд, ки соҳибкори синтабӣ Дилмурод Зарифуллоев чунин як меҳмонсарои хубу замонавӣ бунёд кардааст ва онҳо метавонанд вақташонро хушу гуворо гузаронанд?
– Мо аз туроператорҳо сипосгузорем. Кормандони он тавсия мекунанд. Гузашта аз ин, аллакай чанд сол муқаддам деҳа ҷиҳати қабули сайёҳон дар ин минтақа ном баровардааст ва ҳамин боис мегардад, ки аз кишварҳои хориҷӣ сайёҳон рост ба деҳаи мо биёянд. Тамошои боғу роғ, манзараҳои ҷолибу ҷаззоб, хӯрокҳои лазиз, муоширату муносибати хуб ва амсоли он ба ҷалбу ҷазби теъдоди сайёҳон мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо сангҳои кӯҳро, ки зимни пора кардан мисли санги мармари сиёҳ шаффоф аст, то роҳи калон тавассути мошин интиқол медиҳанд. Ба хотири он ки пули болои рӯдхонаи Синтаб барои убури мошини боркашону вазнин мувофиқ нест, ин сангҳоро ба харҳо бор карда, ба ин тарафи соҳил мегузаронанд.
Тибқи барномаи сафари матбуотӣ ба тамошои мӯъҷизаи дигар – Чашмаи Акко омадем. Оби шаффофи он, ки аз бағали теппаи шафати рӯд фаввора зада мебаромад, ҳарорати мӯътадил дошт ва басо хуштаъм буд. Оби ин чашмаро назоракунон байтҳои шоири шаҳири тоҷик Мӯъмин Қаноат ба ёдамон расид:
Бароӣ субҳдам аз ҳотаи
гул,
Равону соф чун овози булбул.
Аҷаб нармӣ, аҷоиб беғуборӣ,
Чу шарми духтарони кӯҳсорӣ.
Бинӯшам об аз оби ҳаётат,
Барам то гӯшаи дунё сифотат.
Баъд маросими мутантани супурдани ҷоиза аз рӯи номинатсияи «Деҳаи аз ҳама беҳтарини соли 2023»-и СҶТ-ро тамошо кардем. Дар ин маросим ноиби ҳокими вилояти Навоӣ, сардори Садорати туризм ва варзиши вилоят Саъдулло Мирзоев ва ҳокими ноҳияи Нурато Азамат Файзиев, инчунин намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорони бахши сайёҳӣ, аҳолии деҳоти атроф иштирок карданд.
Саъдулло Мирзоев аҳли деҳаро бо чунин дастовард самимона шодбош гуфт. Ба таъкиди ӯ ҷойи ифтихор аст, ки ин деҳа аз тарафи Созмони ҷаҳонии туризм қобили эътироф гардид ва шӯҳрати ноҳияи Нурато ва вилояти Навоиро дар олам машҳур кард.
Баъд дар фазои мутантан ҳайкалчаи рамзии Созмони ҷаҳонии туризм ба раиси ҷамоат Мурод Мирзоев тақдим гардид. Мардуми деҳ баробар аз ҷо хеста дуру дароз кафкӯбӣ карданд ва садои «Муборак бод»-ҳо аз ҳар тараф ба гӯш расида ин фазоро боз бештар ҷаззобият ато кард.
Синтаб рӯду Ҳисори
боло дорад,
Девор зи сангу кӯҳу
шахҳо дорад,
Ҳар санги навиштааш
бигӯяд бар мо,
Торихи дусад асру
замонҳо дорад.
...гуфтааст шоири аслу насабаш синтабӣ Абдулло Субҳон.
Дар ин маросим ҳунарпешаҳои бахши вилоятии Филармонияи давлатӣ, шуъбаи вилоятии Маркази санъати миллии «Мақом» ва дастаҳои эҷодии шуъбаи фарҳанги ноҳия бо оҳангҳои дилнишин табъи иштирокчиёнро болида сохтанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
мухбирони
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.