Дар доираи барномаи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз қасри яхи «Humo Arena» дар шаҳри Тошканд дидан кард.
Дар маҷмааи варзишӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳбари Беларусро пешвоз гирифт.
Мулоқот дар қасри ях мазмуни амиқи рамзӣ дорад. Александр Лукашенко мухлиси ашаддии хоккей буда, ба рушди ин намуди варзиш дар Беларус таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва якчанд маротиба шахсан дар мусобиқаҳои хоккей ширкат кардааст.
Дар Ӯзбекистон низ барои инкишоф додани спорти зимистона, аз ҷумла хоккей кори зиёд ба ҷо оварда мешавад. Дар соли 2019 бо ташаббуси сарвари давлатамон маҷмӯи варзишии бисёрвазифагии «Humo Arena» барпо карда шуд. Дастаи “Ҳумо”-и шаҳри Тошканд дар мусобиқоти байналмилалӣ ва қитъавӣ бомуваффақият баромад мекунад, аз ҷумла, бо клуби “Неман”-и Гроднои Беларус қувва меозмояд.
Дар ҷараёни сафар Президентҳо бозии байни дастаҳои хоккейи Тошканд «Ҳумо» ва «Номад»-и Остонаро тамошо карданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмонони олиқадр либоси шахсии хоккей тақдим карда шуд.
Чорабиниҳои асосии сафар фардо, 8 феврал пешбинӣ шудааст.