ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ТИББӢ

Дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро олимпиадаи IV байналмилалии донишҷӯён барпо гардид.

Дар он зиёда аз 200 нафар донишҷӯён аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии тиббии кишвари мо ширкат доштанд.
Иштирокчиён дониши худро дар якчанд бахш ва соҳаҳо санҷиданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли олимпиада бо дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва номинатсияҳои гуногун қадрдонӣ карда шуданд.
Дар доираи олимпиада барои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ва ватанӣ оид ба илмҳои бунёдӣ, усулҳои тадқиқоти илмӣ, масъалаҳои мубрами педиатрия ва стоматология дар тибби муосир тақрибан 20 дарсҳои маҳорат гузаронида шуданд.
– Олимпиадаи байналмилалӣ ба ҷалби олимону донишҷӯёни ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, самаранок истифода бурдани неру ва тадқиқоти илмии онҳо, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълими фанҳои фундаменталӣ ва клиникӣ, рушди минбаъдаи соҳаи тиб дар кишвари мо, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва минбаъд инкишоф додани ҳамкории байналмилалӣ хидмат мекунад , — гуфт ректори Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро Шуҳрат Тешаев. 
Дар натиҷа, дастаи ДДТ Бухоро ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Асфандиёров ҷойи 1-ум, Донишгоҳи давлатии тиббии Воронеж ва дастаи Академияи тиббии Тошканд ҷойи 2-юм, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва донишҷӯёни Академияи ҳарбии тиббии Донишгоҳи давлатии Самарқанд  ҷойи 3-юмро соҳиб шуданд.

Зариф КОМИЛОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: