Дар остонаи сардии ҳаво дар ҳудуди фурудгоҳи Тошканд сохтмони павилон барои пешвозгирандагон ба анҷом расид.
Дирӯз, 2-юми ноябр майдони интизорӣ барои истиқболи мардум боз шуд. Павилони алоҳида бо масоҳати умумии 500 метри мараббаъ дар таваққуфгоҳи P2 дар минтақаи фурудгоҳи байналмилалӣ ҷойгир аст.
Дар ҳудуди барои пешвозгирандагон пешбинишуда ҷойҳо нишаст барои истиқболгирандагон, инчунин дар ояндаи наздик қаҳвахона ва дӯкони гулфурӯшӣ ба кор медарояд, дастгоҳҳои вендингӣ, банкоматҳо ва нуқтаҳои пуркунии дастгоҳҳои мобилӣ насб карда мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати «Uzbekistan Airports», павилон ҳалли муваққатӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир таҳияи лоиҳаи тавсеаи терминали мавҷуда дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад, ки дар он барои истиқболу гуселкунандагон шароит фароҳам оварда мешавад.