ИНЪИКОСИ МАНЗАРАҲОИ ТАБИАТ

Бори аввал бо ӯ тирамоҳи соли гузашта дар шаҳри Ҷиззах, ҳангоми тайёрӣ ба сафари шаҳри Хуҷанд шинос шуда будам.

Дар он сафар бо раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов, сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ», шоир Асадулло Исмоилзода ва узви фаъоли марказ Ғайрат Шарифов ӯ низ ба мо ҳамроҳӣ мекард. 
Раҳораҳ аз ину он суҳбат оростем. Маълум гардид, ки пешаи асосии Субҳон Раҳимов аксгириву  наворбардорист. Дар ноҳияи Зафаробод зиндагӣ мекунад. Солҳост, ки бо рӯзномаҳои ноҳиявиву вилоятӣ ҳамкорӣ дорад. Барилова, дар чорабиниҳои муҳим иштирок карда, аз ҷараёни он аксу наворҳои ҷолиб мебардорад. Бештари онҳо аз саҳифаҳои таърих ҷой мегиранд.
– Дар шабакаи иҷтимоӣ саҳифае бо номи «Субҳон-сайёҳ» созмон додаам, – гуфт ӯ. – Дар он бештар аксу наворҳоеро ҷойгузин мекунам, ки манзараҳои зебою аҷиби табиат, деҳот, кӯҳсор, одамони кӯҳистон, ёдгориҳои таърихиро инъикос менамоянд.
Дарвоқеъ, Субҳон Раҳимов аз шаҳри Хуҷанди бостонӣ низ бо дасти холӣ барнагашт. Маросими тақдимоти китоби ашъори шоирони вилоятҳои Ҷиззаху Навоии Ӯзбекистон ва Суғди Тоҷикистон таҳти унвони «Шукрона» ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, маҳфили шеъру суруд дар сари як пиёла чой ҳамроҳи дӯстони хуҷандӣ дар чойхонаи «Боғи Ирам»-и соҳили дарёи Сир, тамошои Осорхонаи Камоли Хуҷандӣ ва дигар лаҳзаҳои гувороро аксбардорӣ кард. Баъди бозгашт аз он аксу наворҳо филми мустанад таҳия намуд. 
Боре ба болооби деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш рафта, дар назди масҷиди қадима, ки ҳоло бо ҳиммати ҳамдиёрон таъмир шудааст, суҳбати мӯйсафедонро, ки ғолибан аз таъриху гузаштаи деҳ сухан мерафт, ба навор гирифт. Ҳамаи инро ба саҳифаи худ гузошт. Одамони зиёд аз он баҳраманд гардиданд.
– Имсол ҳам ҷараёни роҳсозӣ, асфалтпӯш кардани роҳҳои дохилии Ӯхмро ба навор гирифтам. Бо ин роҳ ба овозҷамъкунии даври дувуми таъмири роҳ саҳм гузоштам. Аз ин худро хушбахт мешуморам, – мегӯяд Субҳон Раҳимов. – Ба ин деҳа ва мардумаш ихлосам баланд аст.
Писараш – Сулаймон аз пайи ӯ рафта, ҳоло дар Донишкадаи маданияти Тошканд  таҳсил мекунад. Аҷаб нест, ки дар оянда аз домани ин пеша сахт дошта, ҳам нон хӯрад, ҳам шуҳрат ёбад.
– Дар бисоти ман аксҳое, ки дар онҳо лаҳзаҳои муҳими рӯзгори гузашта акс ёфтаанд, хеле зиёданд, – мегӯяд Субҳон Раҳимов. – Аввали солҳои ҳаштодум дар маркази ноҳияи мо – шаҳраки Зафаробод ба шоири шаҳир Ҳамид Олимҷон муҷассамаи ёдгорӣ гузоштанд. Ба маросими кушодашавии  пайкараи шоири зиндаёд арбоби барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ Шароф Рашидов, ҳамсари Ҳамид Олимҷон, шоира Зулфия ташриф оварданд. Ман он лаҳзаҳоро низ аксбардорӣ кардаам.
Таваҷҷуҳи маро бештар манзараҳои табиат, олами паррандагон ба худ мекашанд. Аз ин рӯ, зуд-зуд ба соҳилҳои Айдаркӯл меравам ва парвози паррандагони гуногунро аккосӣ мекунам, ба навор мебардорам...

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: