МАСКАНИ НАВ КУШОДА ШУД

Дар солҳои охир дар ноҳияҳои вилояти Сирдарё якчанд маскани замонавӣ таъсис ёфтааст.

Дар ноҳияи Гулистон чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи маскани нав – Маркази маънавият ва маърифат баргузор шуд.
Дар он ҳокими вилоят Акмалҷон Маҳмудалиев, роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълими халқ, масъулони ҳокимият, фаъолони Иттифоқи ҷавонон, вакилони ҷамоатӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳокими вилоят, таъкид намуд, ки фазо фазои муоширати ҷавонони эҷодкор аст. Дар Ӯзбекистони Нав ба сифати бунёдкорони ояндаи мамлакат, барои дониши амиқ гирифтан ва аз ҳар ҷиҳат солим ба воя расидани ҷавонон шароити муносиб фароҳам оварда мешавад. Дар ин бобат дар доираи панҷ ташаббусе, ки аз ҷониби Президент пешбарӣ гаштааст, корҳои бунёдкоронаи бузурге, ки дар деҳот ба амал меоянд, барои ташкил намудани фароғати ҷавонон, мутолиа, шуғли мунтазам бо варзиш заминаи мусоид ба вуҷуд оварда шудааст.
Дар маскани нав барои эҷодкорону хонандагон китобхона мавҷуд буда, дар он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Инчунин, дар даромадгоҳ лавҳаҳои дорои суханони ибратомӯз, композитсияе гузошта шудаанд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти шоирону нависандагони ҷумҳурӣ маълумот медиҳанд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.
Суратгир: муаллиф.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: