БА ТАРИҚИ ОНЛАЙН БАРГУЗОР ГАРДИД
БА ТАРИҚИ ОНЛАЙН БАРГУЗОР ГАРДИД
Тадбир дар ҳамкории шуъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят, Маркази миллию мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» гузаронида шуд.
Дар рӯнамоии китоб, ки тавассути барномаи интернетии ZOOM доир гардид, рӯзноманигорон, аҳли фарҳанг, хабарнигорони ҷамоатии рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва дӯстдорони илму фарҳанг иштирок намуданд.
Тадбирро раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Фармон Тошев ифтитоҳ бахшид.
Зикр гашт, ки дар мамлакат ба масъалаи рушди фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ, фароҳам намудани шароитҳои мусоиди корӣ барои рӯзноманигорон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, таъмин сохтани ба мардум пешкаш кардани ахбори шаффоф, холис ва беғараз эътибор дода мешавад. Дар ин замина пойгоҳи моддию техникии таҳририятҳо беҳтар гардида, онҳо ба амалҳои нек даст мезананд, тадбиру вохӯриҳои фарҳангӣ ташкил мекунанд, китобҳо чоп менамоянд.
Сипас, Қаҳрамони Ӯзбекистон, ҷонишини сарвари Садорати дастгирии маҳалла ва оила доир ба ҷонибдории солхӯрдагону собиқадорон ва афзунсозии фаъолнокии иҷтимоии онҳо Ҳасан Нормуродов дар бораи таърихи ташкили рӯзномаи “Овози Самарқанд”, оид ба сармуҳаррирон ва рӯзноманигорони фидокоре, ки баҳри вусъати кори нашрия талош кардаанд, ҳарф зада, таъкид кард, ки китоби “Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз” солномаи рӯзномаи сулолаи вилоятӣ аст. Ҳар шахсе, ки онро варақ мезанад, бо фаъолияти беш аз чорякасринаи рӯзнома аз наздик шинос мешавад. Нотиқ хизмати ҷамоаи эҷодии рӯзнома, боло рафтани нуфузи “Овози Самарқанд” дар бозори ҷаҳонии ахбор, рангорангии мундариҷаи онро алоҳида таъкид кард.
Сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов нахуст ҳозиронро хайрамақдам гуфта, дар бораи раванди омодасозии китоби «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз», заҳмати кормандони эҷодӣ, вазифа ва нақшаҳои ояндаи таҳририят сухан гуфт.
– Имрӯз фаъолияти рӯзномаҳо набояд танҳо бо чопи газета маҳдуд шавад, – иброз дошт ӯ. – Чопи китобҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарғиботӣ барои мустаҳкам гардидани робитаи байни матбуот ва халқ хизмат мекунанд. Бинобар ин, мо тӯли ду соли охир бо ҷамоаи эҷодӣ дар радифи ташкили тадбирҳо, панҷ китобро чоп ва пешкаши муштариёну аҳли фарҳанг кардем. Ният дорем ин кори худро дар оянда ҳам идома диҳем.
Дар анҷом ба як гурӯҳ хабарнигорони фаъоли ҷамоативу ҳамкорон ташаккурнома ва китобҳо туҳфа карда шуданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.