«TheDiplomat»: ӮЗБЕКИСТОН МЕТАВОНАД БАРОИ АФҒОНИСТОН «ДАРВОЗАИ САВДО» ГАРДАД

Дар ИМА бахшида ба нақши Ӯзбекистон дар оштии Афғонистон мақола чоп шуд.

Дар ИМА бахшида ба нақши Ӯзбекистон дар оштии Афғонистон мақола чоп шуд.
18 август дар веб-сомонаи нашрияи бонуфузи «TheDiplomat»-и Амрико таҳти унвони «Нақши Ӯзбекистон дар 
мусолиҳаи Афғонистон» «Uzbekistan’s Rolein Afghan Reconciliation») мақолаи таҳлилӣ чоп шуд.
Маҷаллаи «TheDip-lomat» нашрияи бонуфузи иҷтимоӣ ва сиёсии ИМА мебошад. Дар саҳифаҳои худ маҷалла мулоҳиза ва шарҳҳои коршиносони машҳури хориҷиро дар бораи рӯйдодҳои ҷаҳон дар робита бо тамоюлҳои сиёсати хориҷӣ, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, масъалаҳои муҳими амният ва суботи минтақавӣ, инчунин молияи ҷаҳонӣ, тиҷорат ва тиҷорати байналмилалӣ меорад. Хонандагони ҳармоҳаи маҷалла беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Муаллифи мавод роҳбари ширкати консалтингии «Corsair LLC» Ҷеймс Дюрсо — коршинос оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ мебошад, ки дар тӯли 20 сол ҳамчун таҳлилгар дар НҚБ ИМА кор кардааст.
Дар мақола таъкид мегардад, ки ба ҳайси Президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев хусусияти назари минтақаро нисбати Афғонистон тағйир дод ва боиси ҳамчун  як қисми Осиёи Марказӣ эътироф гардидани ҶИА гардид. Тавре муаллиф қайд менамояд, Эъломияи Тошканди соли 2018 музокироти дохили Афғонистонро дастгирӣ намуда, расман манфиати ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҷараёни музокироти дохили Афғонистон мустаҳкам кард.
Бинобар ақидаи Ҷеймс Дюрсо, то охири моҳи ноябр камаш то 5 ҳазор кам карда шудани шумораи хидматчиёни ҳарбии амрикоӣ дар Афғонистон, шояд эҳтимол ба кам шудани иштироки НАТО ва маҳдуд кардани як қатор барномаҳои башардӯстона оварда  расонад. Дар мақола омадааст, ки ба андозаи хароҷотро кам кардани ҳукуматҳои хориҷӣ  барои ҷуброн кардани коҳиш додани ҳаҷми кӯмаки хориҷӣ, барқарор кардани фаъолиятҳои иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 аз даст рафтаанд ва бо кор таъмин кардани ҷангиёни ҷавобшудаи «Толибон» бояд иқтисодиёт ривоҷ дода шавад.
Баръакси соли 1992, вақте ки ҳукумати Наҷибуллоҳ пас аз хурӯҷи нерӯҳои шӯравӣ ва қатъ гардидани кӯмаки хориҷӣ сарнагун шуд, ҳоло Кобул метавонад ба кумакҳои ҳамсоягони Осиёи Марказии худ дар ҳамбастагии ҶИА ба иқтисодиёти минтақа умед бандад, ки ин шикасти ҳукумат ва ҷанги шаҳрвандиро пешгирӣ мекунад.
Дар чунин шароит, тавре ки шореҳ қайд мекунад, Ӯзбекистон мавқеи беҳтарини ҷуғрофӣ дорад ва дорои захираҳои зарурии инсонӣ ва табиӣ мебошад, ки дар масъалаи ҳамгироии афғон ба равандҳои минтақавӣ дар шарикӣ бо Қазоқистон, ки иқтисоди калонтарини минтақаро дорад, мавқеи пешсафиро ишғол кунад.
Якум, ҳамгироии минтақавии нақлиёт мусолиҳаи Афғонистонро суръат мебахшад. Ӯзбекистон метавонад барои Афғонистон бо воситаи Маркази каргои Тирмиз ва аэропорти байналмилалии Навоӣ «дарвозаи тиҷорат» гардад, ки ба Афғонистон тавассути бандарҳои Карачӣ ва Гвадари Покистон, бандари Чабахари Эрон алтернативҳои хатсайрҳои роҳҳои нақлиётии ҷанубӣ таъмин кунад. Кобул инчунин метавонад вазнашро дар гуфтушунид бо Чин ва Покистон оид ба хатсайрҳои интиқоли бор зиёд кунад. Илова бар ин, навсозии шабакаи роҳҳои нақлиёти автомобилӣ ва оҳани Ӯзбекистон дар таъмин намудани робитаи зичтари логистикии Кобул бо  минтақаи ОМ омили мусбат  мебошад.
Дувум, Ӯзбекистон метавонад тавассути Маркази таълимии Тирмиз ва татбиқи лоиҳаи муштараки Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, ИА ва БРСММ дастрасии ҷавонони афғонро ба дониши босифат таъмин намояд. Имконияти таҳсили пурраи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар қаламрави Ӯзбекистон инчунин ба омӯзиши таҷрибаи ӯзбекии пешбурди тиҷорат, стандартҳои меҳнатӣ, шаффофияти молиявӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Хеле муҳим аст, ки ин метавонад дар амал ба афғонҳо нишон диҳад, ки фаъолият дар Ӯзбекистон то чӣ андоза самаранок ва осоишта буда, аҳолии он аз мӯътақидони асил то ба қишрҳои таҳаммулпазири  ҷомеа диверсификатсия шудаанд.
Сеюм, Ӯзбекистон, эҳтимол, бояд бо назардошти таҷрибаи мусбати ислоҳоти васеъ ва амиқи худ, ки ҷалби сармоягузорони хориҷиро фароҳам овардааст, роҳнамои ҳукумати нави Афғонистон бо иштироки «Толибон» гардад. Роҳбарони «Толибон», мумкин аст, пас аз «ғалаба» ба қабилаҳо кори хуб ваъда карданд ва мепиндоранд, ки аз ҳукумати Кобул, ИИИ ё ҳайатҳои парлумонӣ ҳеҷ чизи омӯхтанӣ надоранд.
Ба онҳо бояд фаҳмонд, ки сармоягузорон ба бозоре, ки бо зӯроварӣ ва коррупсия маъруф аст, ворид намешаванд. Масалан, аз рӯи маълумоти Хидмати ҷуғрофии ИМА, Афғонистон дорои як триллион доллар маъданҳои фоиданок мебошад, ки онҳо дар шароити ҷанг арзиш надоранд.
Тавре ки таҳлилгар қайд мекунад, пас аз рафтани НАТО аз Афғонистон, ба зиммаи Ӯзбекистон оид ба  таъмини рушди минтақа бо иштироки Афғонистон бори гарон меафтад. Дар ин масъала ИМА, ИА, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳои рушдкарда бояд дастгирии сиёсиву иқтисодии худро ба Тошканд тавассути маблағгузории инфрасохтор ва дигар лоиҳаҳо дар фазои ОМ кафолат диҳанд.
Махсусан, Иёлоти Муттаҳида метавонад саҳми худро тавассути истифодаи платформаҳои ба монанди «C5+1» ва формати сетарафаи ҳамкории «ИМА — Афғонистон — Ӯзбекистон» барои андешидани чораҳои муассир, на танҳо барои «санҷиши набз»  гузорад. Ба ақидаи муаллиф, мулоқотҳои сатҳи баланд дар доираи ин платформаҳо бояд барои қабули қарорҳои амалӣ равона карда шаванд. Ҷеймс Дюрсо мегӯяд, ки танҳо бо ин роҳ муносибатҳои байни ҳамаи тарафҳои ҷалбшуда намоёнтар ва пойдортар мешаванд.
Дар фарҷоми мақола Ҷеймс Дюрсо суханони зерини Президент Ш.М.Мирзиёевро иқтибос овардааст: «Амнияти Афғонистон — ин амнияти Ӯзбекистон, кафолати субот ва гул-гулшукуфӣ барои тамоми минтақаи бузурги Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аст». Ӯ қайд мекунад, ки Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа омодаанд, ки ба Афғонистон дар истифода бурдан аз имконияти ворид шудан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ кӯмак расонанд ва имкон надиҳанд, ки ҶИА барои терроризм ба «бандари ором»-и идоранашаванда ва маркази тиҷорати маводи мухаддир, яроқ ва одамон табил ёбад.

АИ «Дунё»
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: