АГАР МЕҲР ҲАСТ, БАС АСТ

Як гурӯҳ меҳмонон аз Афғонистон баъди зиёрату намозгузорӣ дар масҷиди Хоҷа Аҳрори Валӣ барои суҳбат дар атрофи як пиёла чой ба ошхонаи Орифамак омаданд.

 Вақти хӯроки нисфирӯзӣ дар лагани калон шоҳи таомҳо – палави самарқандӣ оварданд. Ҳозирон бо ситоиш ғизои хушхӯру болаззатро тановул карданд. Сипас қабл аз он ки ба дастархон дуои хайр кунанд, яке аз меҳмонон хоҳиш намуд, ки ошпаз асрори пухтани чунин палави олиҷанобро гуфта диҳад.
– Агар дар дил меҳри касб ҳаст, ҳамин бас аст, – бо табассум ҷавоб дод Ориф Маҷидов ва илова кард: – қариб 40 сол боз ба мардум хизмат мекунам. Устодам Тӯрақул Ҷӯраев мебошанд, ки ним аср боз ба ин кори хайр машғуланд.
– Хеле хуб, –  гуфт яке аз меҳмонон, – дар Афғонистон сихкабоб маъмул аст, мо мушоҳида кардем, ки палав дар Самарқанд.
– Палав аз таомҳои миллист ва аз қадимулайём дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ машҳур. Шояд аз ҳамин сабаб барои меҳмонони олиқадр пухтани он ба анъана табдил ёфтааст. 
Нақл ҳаст, ки як самарқандӣ ба хонадони дӯсти қазоқаш меҳмон мешавад ва аз байн чанд рӯз гузарад ҳам, нияти бозгашт намекунад. Қазоқ ба яке аз ошноёни худ шикоят карда мефаҳмонад, ки чандин гӯсфанд кушта ва хӯрда шуд, лекин меҳмон рафтанӣ нест.
Дӯсташ мепурсад: «оё калтакошӣ, яъне палав пухтӣ». «Не, – мегӯяд соддалавҳона ӯ, – о, ин таоми тоҷикон-ку?». «Эҳ, нодон, – завқ мекунад ошнояш, – дар Самарқанд палав кифоя аст, ки меҳмон хураду омин кунаду равад. Ана, барои чӣ палавро «калтакошӣ» низ мегӯянд».
– Бисёр аҷиб, – меҳмони дигар ба суҳбат ҳамроҳ шуд. – Мо мехоҳем пухтани палави самарқандро ёд гирем, то меҳмонро бо «калтакошӣ» ҷавоб диҳем.
– Дар водии Зарафшон, яъне Самарқанду Панҷакент тарзи тайёр намудани зирбак фарқ дорад. Агар дар Фарғона, Хуҷанд, Тошканд, Исфара палавро сурхранг ва бо маззаи тундтар тайёр кунанд, дар мо ранги ош сафед аст. Лекин барои тайёр кардани палав асосан равғани думба, гиёҳҳои шифобахш, бо равғани зард ё зиғир айни муддао мебошад. Гӯшти гӯсфанд, гов, кабк, мурғ ва дар кӯтоҳдастӣ тухми мурғро истифода мекунанд. Аввало гӯштро порча-порча бурида ба равғани нағз тафсидаи доғ андохта, то сурх шудан кафлес мезананд, баъд пиёзу сабзии реза партофта, камтар об, зиравор, яъне мавиз, нахӯд, зира, намак меандозанду зирбакро дар алави паст маҳин меҷӯшонанд. Баъди биринҷро тоза кардаву ду-се бор шустан, ба дег 1,5 баробари биринҷ об рехта меҷӯшонанд, то биринҷ ҷабида гирад. Сипас, ошро дар мобайни дег мисли гунбад лӯнда карда, болояшро бо лаган мепӯшанд ва 20-25 дақиқа дам медиҳанд. Баъд дар лаганҳо мекашанд... 
Мо – ошпазҳо баъди пешкаш кардани таом ба хӯрандагони худ иштиҳои хуш таманно мекунем, – хулоса кард ошпаз.
– Аҷиб, дар тӯли 40 сол чӣ қадар ош пухта бошед, – пурсид яке.
– Ғайр аз ошхона ман дар тӯю маъракаҳои маҳаллаҳои Равонак, ки зодгоҳам аст, ҳамчунин Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мӯлиён, Даштак, Шалғамон, гузарҳои шаҳри Самарқанд аз ду то панҷ-шаш пуд ош пухтаам, – ҷавоб дод Орифамак. Хушбахтона, шогирдонам Авазҷон, Ихтиёр, Акобир, Комилҷон ва дигарон низ дар Самарқанд бо ошпазӣ ном баровардаанд.
– Фарзандон-чӣ?
– Як писар дорам – Одилҷон, ки ҳамеша дар шафатам аст. Духтарҳо – Нилуфар, Нигина, Наргиса дар хона ош мепазанд. Умед дорем, ки аз набераҳо як ё ду нафар касби боборо мегиранд, иншооллоҳ.
– Дар қатори шогирдон бачаҳои моро ҳам илова кунед, то ки устоди мо низ бошед, – лутф кард меҳмон.
Аз ин илтифот табъи Орифамак болида гашт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии
ноҳияи Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: