Бо ҳамкории ҳокимияти вилояти Навоӣ, Кумитаи сайёҳии ҷумҳурӣ ва Шӯрои ошпазҳои Ӯзбекистон маротибаи аввал ҷашнвораи таомҳои миллии «Navoi national food fest» баргузор гардид.
Ҷашнвора дар шаҳри Навоӣ гузаронда шуд ва дар он аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ошпазу пазандаҳо маҳорати худро намоиш доданд. Дар павилонҳое, ки аз ҷониби ҳудудҳо ташкил карда шудааст, ҷамоаи фолклори ҳамон минтақа урфу одат, ёр-ёр ва сурудҳои миллиро тараннум намуданд. Намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ бошад, ба иштирокдорон таассуроти калон гузошт.
Ошпазҳои бомаҳорат таомҳои ба худ хосу моси маҳалли худро омода намуданд. Таъму мазза, намуд ва ороиши таомҳо аз ҷониби ҳакамони тоифаи байналхалқӣ – сармуҳандиси шӯрои ошпазҳои Ӯзбекистон Толибҷон Умаралиев ва ошпази турк Мустафо Алҷабен баҳо дода шуд.
– Ҳангоми ба Навоӣ омадан иштирокдорон ба мо чӣ гуна таомҳоро пешкаш мекарда бошанд, оё дар Навоӣ низ таоми машҳур вуҷуд дорад, чӣ гуна хӯрокҳоро кашф мекарда бошем? – барин саволҳоро фикр мекардем, – мегӯяд Т. Умаралиев. – Аммо дидем, ки дар ин минтақа низ ба худ хос хӯрокҳои бомазза бисёр будаанд. Дар ҷумҳурӣ вилояти Навоӣ аввалин вилоятест, ки баргузории ҷашнвораи таомҳои миллиро ба роҳ монд. Ин анъанаро, албатта, дар дигар вилоятҳо низ идома медиҳем. Пешниҳоди худро дар ин хусус ба Кумитаи сайёҳӣ ва Девони Вазирон расондем. Ҳар як хӯроки бренди минтақаро муайян намуда, хусусиятҳои ба худ хос ва тарзи омодасозии онҳоро ҷамъ намуда, ният дорем китоби алоҳида чоп намоем. Имрӯз бо ҳамфикрии ҳокими вилоят қарор намудем, ки китоби таомҳои миллии вилояти Навоиро аз нашр барорем.
Бино ба хулосаи ҳакамон ошпази карманагӣ Санъат Рӯзиев бо хӯроки «Гӯшти шикорчӣ» ба ҷойи сеюм, ошпази «Мономаркази Навоӣ» Фарҳод Бекнаев бо хӯроки «Лаззати Шарқ» ба ҷойи дуюм ва ба ҷойи якум ошпази меҳмонхонаи «Зарафшон» Акрам Тошпӯлодов бо таоми «Гӯшти ассортӣ» лоиқ дониста шуданд.
– Хӯроки ба ҳакамон пешкашкардаамон «Ассортии гӯшти Навоӣ» ном дорад, – мегӯяд ғолиби ҷашнвора А. Тошпӯлодов. – Хӯрокамон аз маҳсулоти гӯштҳои мухталиф иборат аст. Дар ҷараёни ороиши таом аз санъати карвинг ва сабзавоти мухталиф истифода бурдем. Илова бар ин, оши худамонро низ пешкаш намудем. Мо аз он хурсанд ҳастем, ки ба меҳнатамон баҳои баланд доданд.
Ба ғолибон ва иштирокдорон аз ҷониби ташкилотчиҳо мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супурда шуданд.
Абдувалӣ БӮРИЕВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир: Сироҷ АСЛОНОВ (ӮзА).