ВАЗЪИЯТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ ТОҶИКОНИ ОКРУГИ ҚАШҚАДАРЁ ДАР ОХИРИ СОЛҲОИ 20-УМИ АСРИ XX

Қашқадарё вилоятест дар ҷануби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, воқеъ дар ҳавзаи Кешрӯд. Вилояти Қашқадарё 11 ноябри соли 1924 ташкил ёфтааст. Вилоятро аз 17 феврали соли 1927 то 15 январи соли 1938 ба округи Қашқадарё табдил додаанд.

Инак, тасмим гирифтем  дар бораи вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикони воҳаи Кешрӯд  тибқи маълумотҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» (№ 251, аз 12 августи соли 1928) чанде андешаронӣ намоем. Дар шумораи номбурда «Баъзе аз аҳволи тоҷикони Қашқадарё» (Мактуб аз Қашқадарё) ном мақолаи 
М. Саидӣ чоп шудааст. 
Дар мақола омадааст, ки тоҷикони камбағал дар доираи Қашқадарё ҳастанд. Онҳо аз шаҳр ва аз маркази ноҳия дур, дар байни кӯҳҳо ва дар саҳроҳо зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон асосан ба боғдорӣ, деҳқонӣ, баъзан ба чорводорию ҳунармандӣ машғул буданд. 
 «Аз замоне, ки инқилоби Бухоро ба зуҳур омада, ба иддаи камбағалон озодӣ бахшид, ба сабаби тарафдорони амир, ки аз ҳукмдорӣ боз монда буданд, дар қитъаи дарё тӯдаи ғоратгарон ташкил ёфт. Ин ғоратгарони муттаҳам ба кори коргарону деҳқонон чӣ қадар зулм ва тааддиҳо намуданд. Чанд қишлоқҳоро сӯзонида, аҳолиашро ба қатл расониданд. Молҳои онҳоро толону тороҷ намуданд». – омадааст дар рӯзнома. Дар натиҷа бисёр деҳқонони бозмонда ба манзилҳои дигар кӯч бастанд. Ин ҷо муаллиф саргузашти деҳоти Ғелон ва Кандизро хотиррасон намудааст. Деҳқонони деҳоти номбурда алоқаро бо аскарони сурх мустаҳкам намуда, ғоратгаронро аз миён бардоштанд ва камбағалон аз чанголи он ғоратгарон халос шуданд ва корҳои хоҷагии худро пеш мебаранд.

ШУМОРАИ ТОҶИКОН ДАР ОКРУГИ ҚАШҚАДАРЁ

Тибқи маълумотҳои дар рӯзнома оварда, соли 1927 дар округи Қашқадарё аз аъзоёни 4298 хонадони  75 деҳа, 20 671 нафар нуфусро тоҷикон ташкил медодаанд. Дар ноҳияи Китоб 15 деҳа, 1404 хонадон, 8556 нафар нуфус, дар ноҳияи Шаҳрисабз 32 деҳа, 1470 хонадон, 7424 нафар нуфус, дар ноҳияи Таг ҳам 33 деҳа 1167 хонадон,  8531 нафар нуфус, дар ноҳияҳои Ғузор, Ғилмон, Бешкент ва Чироқчӣ 2665 нафар нуфуси аҳолиро тоҷикон ташкил медодаанд.

КОРҲОИ МАОРИФИ ТОҶИКОН

М. Саидӣ менависад, ки  барои тоҷикони округи Қашқадарё дар соли хониши 1927-1928 панҷ мактаби ибтидоӣ ва чор курси маҳви бесаводӣ кушода шуда буд. Аз ин ҳама се мактаби ибтидоӣ ва ду курси маҳви бесаводӣ дар ноҳияи Шаҳрисабз ва ду мактаби ибтидоӣ ва ду курси маҳви бесаводӣ дар ноҳияи Китоб фаъолият доштанд. Дар ин мактабҳо зиёда аз 316 нафар фарзандони коргару деҳқон таълим гирифтаанд. Ғайр аз ин барои тоҷикон дар ноҳияи Анго(р) ҳам се мактаби ибтидоӣ кушода шуда буд, ки таълим дар ин мактабҳо ба забони модарии онҳо намерафт.Аз ин ҷиҳат толибилмон ранҷи зиёд кашидаанд. 
Мактабҳо камбудии зиёд доштанд. Китобҳои муносиби тоҷикӣ намерасид, омӯзгорон камқувват буданд. Мактабҳо бо асбобҳои зарурӣ таъмин набуданд. Бинои мактабҳо дар вақташ таъмир нагардид. Ҳатто дар баъзе мактабҳои деҳот китобу парта набуд. Хонандагон дар замин нишаста таълим мегирифтанд. Борҳо деҳқонон ва коргарон дар бораи зиёд намудани миқдори мактабҳо муроҷиат карда бошанд ҳам, идораҳои ноҳиявӣ ба онҳо эътибор намедоданд. Барои зиёд намудани шумораи муаллимони тоҷик идораи маорифи ноҳияҳо аҳамият надод. Чунончӣ, талаб барои се нафар зиёд кардани муаллимони тоҷик қабул нагардид.
«Барои ин дар вақти оянда лозим аст, ки ин гуна камбудиҳоро дар вақташ нест карда, барои тараққии маориф ва маданияти камбағалон ҳаракат карда шавад», – омадааст дар мақола. 
Дар Осиёи Миёна чойхона аз қадим маркази маърифат буд. Мардони деҳот як ҷо гирд омада бо ҳам суҳбат мекарданд, шахси босавод китоб мехонд, дигарҳо аз он баҳраи маънавӣ мегирифтанд. Замони шӯроҳо ҷойи ин гуна чойхонаҳо чойхонаи Сурх ташкил ёфт. Дар ин чойхонаҳо китобу маҷалла, рӯзномаҳо гузошта мешуд. Муаллиф афсус мехӯрад, ки ин гуна чойхонаи Сурх танҳо дар деҳаи Варганза буда, дар деҳоти дигар онро намебинем.Ба деҳоти тоҷикнишин ҳеҷ гуна рӯзнома ва адабиёт намеравад. Ҳатто дар чойхонаи Сурхи Варганза ҳам рӯзнома ва адабиёт ба забони маҳаллӣ ёфт намешавад. Барои ин аҳволро дуруст кардан ҳеҷ кас чора намебинад. Барои ба деҳқонон моҳият ва чораҳои ҳукумати шӯроиро фаҳмонида додан ва онҳоро ба атрофи ҳукумат кашидан байни онҳо рӯзнома ва адабиётро зиёдтар тарғибу ташвиқ кардан лозим аст. Инро низ ба идораҳои дахлдор гӯшзад менамоем.

ТАШКИЛИ АРТЕЛ ВА ХОҶАГИҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ

Омадааст, ки дар байни тоҷикон ҳар гуна ҳунармандон бисёранд. То ин вақт ба фаъолияти онҳо аҳамият дода, артел кушода нашудааст. Ҳунармандон ба тариқи пароканда фаъолият доранд.Дар байни деҳқонон бошад, фақат як артел дар деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоб ташкил ёфтааст. Дар ин артел 30 нафар деҳқонони камбағал кор мекарданд. Аз сабаби аҳамият надодани идораҳои дахлдор аксар аъзои артел пароканда шуда рафтанд. Ҳозир ҳашт нафар аъзо дорад. Бинобар ин идораҳои дахлдор бояд барои зиёдтар ташкил кардани артел ва хоҷагиҳои коллективӣ чораҳо бинанд.

КОРҲОИ 
ТАНДУРУСТӢ

Вазъи корҳои тандурустӣ дар ҳудуди округи Қашқадарё аз назари муаллиф дур намондааст. Ошкор намудааст, ки дар байни деҳоти тоҷикнишин танҳо як шифохона дар деҳаи Варганза ба деҳқонон хидмат мекунад. Он ҷо 3 нафар шифокор фаъолият доранд. Деҳқононе, ки дар минтақаҳои кӯҳии аз маркази ноҳия дур зиндагӣ мекунанд, ба бемориҳои зиёд дучор мешаванд.Онҳо бояд ду-се шабонарӯз роҳ гашта беморро то шифохона расонанд. Дар соли 1927 духтурони зиёд ба деҳаҳо рафта беморонро табобат намуданд. Имсол, яъне соли 1928 ин тадбир амалӣ нагардид.
«Мо аз корҳои иҷтимоии тоҷикони Қашқадарё ҳамин қадар навишта бо ҳамин кифоя намудем. Ислоҳи камбудиҳо вазифаи идораҳои дахлдор аст.» – навиштааст М. Саидӣ.
Мебинем, ки кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» аз замони пайдоиш то ба имрӯз ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро бо ҳама бурду бохташ дар рӯзнома интишор дода, баҳри пешбурди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳанг, ҳаёти осоиштаву зиндагии фаровони халқ хидмат кардаанду хидмат мекунанд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: