АҲЛИ АДАБУ ФАРҲАНГ ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТИВУ РАФОҚАТ НАҚШИ МУАССИР ДОРАД,

— мегӯяд академики тоҷик Кароматулло Олимов

Бештар аз панҷ сол аст, ки робитаҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ барқарор гардидаву он сол аз сол густариш меёбад. Ин падидаи нек маҳз ба шарофати иродаи сиёсии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст. 
Ташкили сафарҳои эҷодии олимону журналистон ва боздиди онҳо аз ин ё он кишвар аз намунаи беҳтарини ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангу иттилоот мебошад. Дар ин замина аъзои як ҳайат аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро ташриф оварданд ва бо аҳли адабу фарҳанг ва ҳунари ду шаҳр якчанд дидору мулоқот анҷом доданд. 
– Ин сафари мо сафари одӣ нест, балки ба ин васила мо дар аснои ин сафар ҳаёти дӯстони худро меомӯзем, аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ боздид мекунем, аз таърихи гузашта ибрат мегирем, ёди онҳоеро гиромӣ медорем, ки барои рушду такомули ду кишвари ҳамҷавор заҳмати зиёд кашидаанд, – гуфт дар яке аз мулоқотҳо академик Кароматулло Олимов.
Вай афзуд, ки ба мардуми шарифи Самарқанд бо ҳавас менигарад. Чунки онҳо идомадиҳандагони иқдомоти наҷиби ҳамон ниёконе мебошанд, ки дар гузаштаи дуру наздик неъматҳои бузурги моддӣ, маънавӣ ва фарҳангиро барои наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштаанд. Ҳоло ин неъматҳо боиси ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон низ мебошанд.
– Ҷойи ифтихор аст, ки ман шогирди Алоуддин Баҳоваддинов ҳастам. Ин шахсияти бузург маҳз дар шаҳри бостонии Самарқанд зодаву парварда шудааст ва барои ду кишвару мардуми он хидматҳои арзандаву шоиста анҷом додааст. Дар баробари шаҳрҳои Тошканду Самарқанд дар Тоҷикистон низ шогирдони зиёдро тарбия намудааст, ки имрӯз корҳои ӯро идома медиҳанд. Шахсан ман дар назди мардуми Самарқанди бостонӣ қарздорам, барои ҳамин дар ҳақи устод Алоуддин Баҳоваддинов чанд китоб таълиф ва нашр намудам, – изҳор намуд академик.
Кароматулло Олимов мегӯяд, баъзан дар байн сардиҳо меафтанд ва мушкилиҳои зиёд эҷод мешаванд. Чунин ҳолу вазъият дар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ба миён омада буд ва  он хеле ба сахтиҳо паси сар гардид.
Академики тоҷик ба он нукта боз таъкид варзид, ки ба даст омадани сулҳи тоҷикон танҳо барои мардуми Тоҷикистон не, балки барои мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ  муҳим шумурда мешавад ва  он дар осори гуногуни таҳлилгарони олам эътироф шудааст. 
– Ҷойи шубҳа нест, ки бо омадани сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон аз ҳаракатҳои ифротгароиву мазҳабӣ ва террористӣ дар минтақа ҷилавгирӣ шуд. Аммо агар Тоҷикистон ба майдони ҳарбу зарб табдил меёфт, маълум набуд, ки ин раванди ногувор мардуми кишварҳои Осиёи Миёнаро то чӣ андоза ба коми худ мекашид. Маҳз ҳамин маъниро ду сарвари давлати ҳамҷавор ба хубӣ дарк мекунанд ва коре карданд, ки ҳоло мо дар чунин фазои дӯстиву рафоқат ба сар мебарем, – гуфт академик Олимов.
Вай дар мавриди мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ, эҷоди фазои амну ором нақши аҳли фарҳангу адаб, хусусан журналистонро хеле муассир арзёбӣ кард. Барои ҳамин сафари эҷодии кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳти сарварии сардабири он Қурбоналӣ Раҳмонзода ба Ӯзбекистон барои иҷрои ҳамин рисолат мусоидат хоҳад кард.
Дидору мулоқотҳои меҳмонони тоҷикистонӣ дар шаҳри Бухорои шариф аз боздиди мақбараи асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуд. Баъд онҳо аз ҷойҳои таърихиву меъмории ин шаҳри куҳан боздид намуданд. Дар нимаи рӯзи дувуми сафари эҷодӣ ба Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷику форси вилояти Бухоро ташриф оварданд. 
– Мо аз ташрифи шумо хеле сарфарозем. Ин гуна дидору мулоқотҳо бояд ҳарчи бештар роҳандозӣ шаванд, зеро дӯстии мо оҳиста ба меҳру муҳаббат ва шафқат табдил хоҳад ёфт. Мо аз азал дӯсту бародарем ва ин рисолати некро бо камоли эҳтиром ва арҷгузорӣ идома хоҳем дод, – гуфт раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷику форс Рауф Авезов.
– Ҳамроҳи мо як гурӯҳ рӯзноманигорони ҷавон низ омадаанд. Аксари онҳо бори нахуст ба шаҳрҳои Самарқанд ва Бухорои Шариф омадаанд.  Бо итминон гуфта метавонам, ки онҳо анъанаҳои неки ниёкони моро бо эҳсоси масъулият идома медиҳанд, – қайд намуд ходими намоёни давлатӣ М.Асрорӣ. 
Дар мулоқот як гурӯҳ омӯзгорон низ иштирок доштанд. 
– Ман Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи устод Айниро хатм кардаам. Солҳои зиёд дар мактаби деҳаам аз забон ва адабиёти тоҷик ба насли наврас сабақ додаам. Аз барқарории муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон хеле шоду масрурам. Зеро он орзуву ормонҳои моро бароварда месозад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбирони  
“Овози тоҷик”.

БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: