ҶАВОНОН – ОЯНДАСОЗИ ВАТАН

Дар байни зиёда аз 250 кишвари дунё ҷойи пой пайдо кардани давлатҳое чун Ӯзбекистон, ки ҳамагӣ се даҳсола пеш соҳиби истиқлол гаштаанд, кори осону саҳле нест ва он бидуни заҳмат ва меҳнати фаровон ба даст нахоҳад омад.

Дар ин «маҳшаргоҳ» муборизаҳо шадид ва беамон буда, аз давлатҳои ҷавон ҳушёрӣ ва заковатро талаб мекунад. Ин арсаи набардро ман чун дори баланде тасаввур мекунам, ки дорбозон аз рӯйи як хат сим моҳирона гом мебардоранд. Як қадами беҷо ва як ҳаракати бемавқеъ бо фоҷиа тавъам хоҳад гашт! 
Қонуни ҳаёт мураккаб аст, ки ҳар як давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то мавқеи худро мустаҳкам кунад ва нуфузашро ба дигарон густариш дода, барои обрӯяш часпу талош варзад. Хоса дар замони мо, ки солҳои охир, мутаассифона, авзои ҷаҳон ноором шудааст ва аз ҳар сӯ садои ҷангу ҷангҷӯён баланд гашта, ба ҳаёти одамон ва осоиши онҳо таҳдид мекунад, аз роҳбарони давлатҳо низ як сиёсати хирадмандона тақозо месозад. Дар чунин шароити хеле ҳассос, ки дар замираш бешак манофеи иқтисодӣ хоб аст ва давлатҳои абарқудрати дунё аз барои чунин нафъи саркаш омода ҳастанд, ки пеши роҳ кишварҳои ҷавонро қурбони хостаҳои худ – тобеи якумрӣ гардонанд, ҳушёриву зиракии роҳбарон ва мардуми онҳо хеле зарур аст. Хоса, ҷавонон бояд омода бошанд ва дар канори роҳбари кишвар қарор гирифта, фикру зикри худро пойбанди пешрафти Ватан гардонанд.
Ӯзбекистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолияташ бо ҳамсоякишварҳои хеш як сиёсати ороми сулҳхоҳонаро, ки дар пай равобити ҳасана ва ҳусни ҳамҷаворӣ дорад, роҳандозӣ кард ва ин сиёсати хирадмандона имрӯз аз ҷониби раҳбарияти кунунии давлатамон дар сатҳи боз ҳам олӣ идома дорад. Барқарор гаштани муносибатҳои хуби шоёни таҳсин байни ҳамсоякишварҳоямон, сода шудани режими раводид ва бартараф гаштани монеаҳо дар омаду рафт ба кишвари ҳамдигар далели ин гуфтаҳост. Аммо бояд таъкид кард, ки то дар минтақа нуфузи кишварамон зиёд гардад ва он аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ба таври бояду шояд шинохта шавад, роҳбарони давлат – фарзандони некноми Ватан шабону рӯзон заҳмат мекашанд. Ӯзбекистон дар ин авохир барои ноил шудан ба як кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ ғанӣ ҳаракат дорад ва дар ин росто пайгирона қадам мебардорад. Маълум аст, ки то иқтисоди кишвар рушд накунад, ҳалли соири мушкилоти вобаста ба дохил ва хориҷи давлат муяссар намешавад. 
Ӯзбекистон дар Конститутсияи худ бо ҳарфҳои хоно қайд намудааст, ки як «давлати иҷтимоӣ» ба ҳисоб меравад, бинобар ин дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ бештар тамаркуз гирифтаву барои беҳбуд бахшидани шароити зисти мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аммо бояд гуфт, ки ҳалли кулли мушкилоти иҷтимоӣ бидуни иқтисоди пешрафта номумкин аст. Аз ин рӯ, раҳбарияти кунунии кишвар бо ҷалби сармояҳои хориҷа ба сохтани коргоҳҳои муқтадир, ки ба ҷуз таъмини талаботи бозори дохилӣ, маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содир намуда, буҷаи давлатро ғанӣ хоҳанд кард, бештар эътибор медиҳанд. Маълум аст, ки барои расидан ба ин ҳама орзуҳо, ки дурнамои кишвари моро ифода мекунанд, мардуми мо бояд омода бошанд. Хоса, ҷавонон ҳамқадами вақт гашта, дар ин замонаи мураккаб, ки дар ҳар қадам як дом дорад ва ҳар лаҳза сар задани фитнаҳое аз эҳтимол дур нест, омода бошанд.
Масъалаи ҷавонон дар ҳама давру замон аз масоили ҳассос ва нигаронкунандаи ҷомеа ба шумор меравад ва дар сурати бепарвоӣ ва нодида гирифтани мушкилоти онҳо муаммоҳои боз ҳам печида падид меоянд. Масалан, дар сурати беэътиборӣ ҷавонон метавонанд таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротӣ қарор ёфта, билохира ба амнияти Ватани худ халал оваранд. Ин аст, ки ҳама доираҳои сиёсӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ин неруи сабз ва ҳамеша дар талотум ба нафъи худ истифода кунанд. Ҷавонон мудом дар маркази диққати сиёсатмадорон қарор гирифта ва беҳуда нест, ки раҳбарияти имрӯзаи давлати мо низ такя ба ин неруи сабз овардааст. 
Аз ҷониби роҳбари давлат унвон гирифтани соли нави 2024 чун Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат давоми мантиқии сиёсати ӯ дар роҳи рушди иқтисодиёти кишвар, ноил гардидан ба як мамлакати аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта мебошад. Ӯзбекистон дурнамои тараққиёти худро то даҳ соли баъдӣ таҳия намудааст ва тибқи он кишвар бояд аз як мамлакати воридкунандаи коло ба содиркунандаи маҳсулоти тайёр ноил гардад. Барои расидан ба ин орзу соли рафта бештар ба сифати таълим эътибори ҷиддӣ дода шуд ва ислоҳоти соҳаи мазкур аз ин баъд низ бо суръат идома хоҳад кард. «Масъалаи ҷавонон» ҳам давоми мантиқии ҳамин ислоҳот ба шумор меравад. Зеро ҳукумат ҳоло бештар ба заковат, илму дониш ва ҳунари волои ҷавонон такя овардааст ва табиист, ки маншаи он боз ҳамон мактабу маориф мебошад, ки тараққиёти давлатро бидуни ривоҷи бояду шояди он тасаввур кардан душвор аст. Дар маркази эътибор қарор ёфтани ҷавонон боиси хурсандиҳост. Зеро маҳз ҳамин қишри ҷомеа ояндасози кишвар ба шумор меравад ва агар мушкилоти ҳаёти ҷавонон имрӯз ҳал нагарданд, рушди иқтисодие, ки ҳукумат барои расидан ба он беш аз пеш ҳарисона ҳаракат дорад, бо кундӣ идома хоҳад кард. Ҳал намудани мушкилоти рӯзгори ҷавонон кори як солу ду сол нест ва инро ҳукумати кишвари мо хуб дарк мекунад ва ин аст, ки ҳар сол дар ин самт пайгирона қадам мебардорад. Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷавононро азият медиҳад, кам будани ҷойҳои кории доимӣ дар дохили мамлакат аст. Аз ин рӯ, қисми бештари онҳо ба хориҷи кишвар мераванд ва дар мусофирату муҳоҷират зиста, аз барои ояндаи худ маблағе ба даст меоранд. Бештар ба рушди иқтисодӣ ноил гардидан ва ба ин тартиб таҳия намудани ҷойҳои кории доимии сердаромад аз дурнамои кори ҳукумати имрӯз маҳсуб меёбад ва барои расидан ба чунин орзу тамоми чораҳо андешида мешаванд. Масъалаҳои иҷтимоии мардум, хоса ҷавонон бештар ҷанбаи иқтисодӣ доранд ва бо дарки ин маънӣ ҳукумат низ қотеъона дар рушди иқтисоди кишвар камари ҳиммат бастааст. Аз тамоми кишварҳои дунё сармоядоронро ҷалб месозад ва барои онҳо шароити мусоид фароҳам сохта, заминае барои рушди минбаъдаи кишвар мегузорад. Соҳибкорони маҳаллӣ низ аз эътибор наафтодаанд, баръакс, барои ривоҷи кори онҳо низ шароит муҳайёст. Ин як сохтори мураккабест, ки танзими хирадмандонаеро талаб мекунад ва имрӯз майлони рушди иқтисодии кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки Ӯзбекистон дар роҳи рост қарор дошта, ба ҳадафҳои худ бо қадамҳои устувор наздик мешавад.
Аммо ҷавонони моро зарур аст, ки аз ҳадафҳои роҳбари давлат дар ноил гардидан ба сохтани Ӯзбекистони Нав огоҳ бошанд ва чун як неруи муқтадиру сабз ба пешрафти Ватан, ободии он, обрӯю эътибори вай дар арсаи байналхалқӣ аз тамоми имконоти мавҷуда кор гиранд. Дониши худро зиёд ва билохира дар хидмати Ватани ҷонаҷон қарор диҳанд. Умедворем, ки Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат самари муфиде хоҳад дод ва ҷавонони мо бештар ба илму маърифат рӯй оварда, неруи ақлии худро рушд мебахшанд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: