ДАР ДОМАНИ ЛОЛАЗОРИ ЁР АФТОД

Хабари марги нависандаи боистеъдод Саттор Турсун барқосо паҳн гашта, маро низ аз Тирмиз ба Душанбе расонд.

Аз барои видоъ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматии ӯ адибони номвари Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Равшани Махсумзод, Толиб Луқмон ва даҳҳо тани дигар, инчунин хешу таборон, мухлисони насри ӯ гирдиҳам омада буданд. Ҳама сарафканда ва дар қайди ғаму андӯҳи гаронанд. Ҳар ҷо дар соядави дарахтон давра кашида, байни худ аз воқеоти рӯзгори марбут ба марҳум гуфтаву мешуниданд. Ба гӯшам расид, ки шоираи маҳбуб Гулрухсор бо надомат мегуфт:
– Ҳамсафони ман як-як аз даҳони адабиёт чун дандон меафтанд. Сад дареғ!
***  
Ман ба манзили адиб сар халондам. Хонаи ӯ хеле хоксорона буд, маълум аст, ки соҳибхонаро ҷуз ғами ғановати адабиёт андӯхтани молу сарват ба кӯйи худ набурдааст... 
Дар назди ҷисми берӯҳи адиб, ки дар рӯйи хона гузоштаанд ва атрофаш додаронаш бо дидагони пурнам менишастанд, оҳиста зону задам. Вай дар рӯйи як ҷуфт кӯрпачаи пахталаганда хоб аст: ором, беҳаракат ва тану ҷон ба хоҳиши қазову қадар таслим намуда! Сукути вазнинро гиряву нолаи занон халалдор мекунад, ки гоҳе паст, гоҳе авҷ карда, аз хонаҳои шафат дар гӯшҳо менишаст. 
Чун докаро аз сару рӯяш оҳиста бардоштам, ҳамон симои ҷиддии адиб, вале айни ҳол меҳрубонаш падид омад, ки замоне айнан дар ҳамин хона дида будам.
– Шумо барин қаламкашон ба мисоли гиёҳҳои худрӯйи кӯҳиед. Дар токчаву камарҳо ба таври худ руста, ба шукӯҳи кӯҳистони азим меафзоед. Аммо барои чидаву дар хидмати адабиёт қарор додан гиёҳшинос мебояд буд. Гиёҳшиносон пас аз сари Айниву Турсунзода дар байни мо қариб намондаанд, – гуфта буд ӯ ва як зарра дар чеҳрааш сояи ғам фаромад.
Дар бозгашт, аз мани адиби пир як каф дуо гуфта, ба сари китфам даст монду рост ба умқи чашмонам нигарист ва пас аз чанд сухани гарм дастамро самимӣ фишурд. Ҳоло ҳар гоҳ қалам ба даст мегирам, ҳамон ҳарфҳои соҳир ба гӯшам менишинанд, ҳамон фишорро дар ангуштонам ҳис мекунам, ки ноаён ба ман нерӯ мебахшанд.
***
Адиби мо ҳоло парвои одаму олам надорад!
Амонати худ таслим намуда, аз барои ҳисобу китоб ба сӯйи Парвардигори худ шитофта буд. Як табассуми баасрор низ дар лабони ӯ шах шудаанд. Ин табассумро адиб шояд ба рӯйи марг андохта буд. Каме тирафом аст рӯйи нависанда, кавири сӯхтаи лабташнаеро мемонад, ки дар оғози фасли гармо ҳама чашмаҳояш ногузир хушк шуда ва асари ҳаёт надоштанд.
Чашмонаш – дидагони солҳои охир нурбохтааш пӯшида! Ин ҳамон чашмон буданд, ки нури худро зарра-зарра дар ҳар сатр, дар сари ҳар вожаи китобҳои мондагори нависанда бохта, ба ҷилои онҳо афзудаву худ дар поёни умри соҳибашон бефурӯғ гашта буданд. Вақте адиб дар ҳаёт буд, аз паси айнаки шишакалон он чашмони барроқ ба атроф мӯшикофона менигаристанд, ба ҷустани ҳақиқати ҳаёт, пастиву баландӣ, фарқи сиёҳу сафед машғул буданд ва ба як нигоҳ мефаҳмиданд, ки дар дили ҳассоси ҳаммеҳанон чӣ андешае нуҳуфтааст. Як марди қавиҳайкали гандумгуне буд  Саттор Турсун, ки ҳоло хеле лоғар шудаву дар ҷисми пӯсту устухонаш асари ҳаёт ба мушоҳида намерасид. Танҳо бинии барҷастаи тоҷиконааш, бале, маҳз ҳамин биннии баланд ва зебо,  ногузир хаёли маро дуздида, ба ёди зодгоҳи нависанда – деҳаи Пасурхии Бойсун меандозад. 
Дар назари ман чунин метофт: Худованд бо азамати беқиёси худ дар рӯйи ин адиби номдори тоҷик, ки акнун аз ҳама дарду ғам ва қайдҳои ҳаёти мураккаб вораста буд, зодбуми худи ӯ – Пасурхии боғҳояш дар айни ҳол ғарқи меваро бо нақшҳои хоное ҳаккокӣ кардааст. Пасурхӣ – ин деҳаи бошандагони мардумони наҷиб дар қади як рӯдхонаи начандон бузург маъво дорад, ки баҳорон серобу хурӯшон ва боқии фаслҳо хеле камоб буда, як пири фартутро дар зеҳнҳо бедор месозад ва дар забони мардуми маҳал бо номи рӯди Оҳангарон маъруф аст. Ин деҳа дар паси талҳои сурх ҷой гирифта ва аз ин хотир Пасурхиаш хондаанд. Ҳаёти мардумонаш чун зиндагии боқии бошандагони деҳоти атроф, ба монанди Бибиширин, Кӯшкак, Авлод, Сариосиё, Лофгаҳ, Шаҳидон... гоҳ ба шодӣ, гоҳе ба ғам тавъам идома мекунад. Устод Саттор Турсун дар домани ҳамин талҳои оғӯшбаоғӯши сурх, дар оилаи як тан аз бошандагони обрӯманди деҳ Турсун Шукур 15 феврали соли 1946 ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи рақами 5-и зодгоҳашро, ки он вақт ба номи Горкий буд ва бачаҳои чандин деҳаи музофот онҷо таҳсил мекарданд, соли 1962 хатм намудааст. Адиб захми хору санги кӯчаҳои деҳ, талу теппаҳои атрофи он дар кафи пойҳо... аз ин кӯҳпора ба шаҳри азими Душанбе омадаву инҷо мақом ёфт, ин ҷо шуҳрат пайдо кард. Вай ба бахши арабии факултети шарқшуносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Нахустин ҳикояи ӯ «Шабе дар роҳ» ном дорад, ки рӯзномаи овозадори «Тоҷикистони советӣ» соли 1967 чоп кардааст. Пас аз дастрас кардани ҳаққи қалам аз ин идора, ки аз стипендияи ӯ дар донишгоҳ зиёдтар будааст, қаламкаши ҷавон «асири қаламу коғаз» мегардад ва то замоне, ки чашмонаш медиданд, хома рондаву асарҳои пурмағзе таълиф менамояд... Вай баъдан барҳақ таъкид карда буд: «Асирии ҷодаи адабиёт асирии якумрист.»
Китоби «Бо дили гарм» (1971) нахустин қадами ӯ дар домани сабзи адабиёт буд, ки хуб пазироӣ шуд. Минбаъд асарҳои дигари ӯ яке пайи дигаре рӯйи нашрро дида, ба адиб шуҳрати беандоза оварданд. Таърихи таълиф ва нашри китобҳои ӯ низ печидагиҳо дошта, мисли ҳаёти мураккаби инсоният гаҳе ҳамвор, гаҳе пасту баланд сурат гирифтаанд. Ҳасудон ҳар замон дар роҳи вай ғавчӯб шуда, гаҳу ногаҳ пешипоиҳо низ додаанд. Аммо вай ин ҳамаро бо қавиҷонӣ таҳаммул карда, мунтазам ба сӯйи қуллаи мақсуд ҳаракат кардааст.
*** 
Хаёлам ба дуриҳо рафта, боз ба рӯйи адиби дӯстдоштаи худ хира мешавам!
Дар андоми тирафоми нависанда биннии баланду теғадораш ба монанди як арчаи бисёрумри кӯҳистон тани танҳо дар сари шахе рост меистод.«Вай дар кафи пурқуввати ин шахи баланд солҳои дароз умр дида, боре ҳам ба чунин ҳол наафтодааст. На аз шуълаи барқ меҳаросид, на аз гулдуроси раъд меларзид, гӯё дурахши барқро намедид, садои раъдро намешунид. («Умри дарози арча»)». Гӯё ин дарахти пир бо вуҷуди худ аз он баландӣ бо як шаҳомати ба худ хос ба гузаштаи дуру ифтихорманде таъкид мекард. Ҳамин узви тани адиб инчунин як теғаи кӯҳи баландро ба хотир меовард, ки аз пошнаи он ғолибан талҳои пасту баланди аксарашон сурх, обраҳаву обкандаҳои яке жарфтару дигаре саҳл нозук (ожангҳо...) оғоз шуда, рӯ ба шеб – ба вусъати заминҳои обии саросар сабз ва лалмии комилан лучаку бегиёҳ мепайвастанд. Ҳамон девори барқади кӯҳи Фарҳод, ки нависанда дар асарҳои худ ҷо-ҷо ба тасвир кашидааст (қиссаи «Обёрӣ, ё худ кавкабони кабуд») ва деҳкадаи Пасурхӣ ҳам ғолибан дар пошнаи ҳамин кӯҳи азим воқеъ афтода, аз ҷонибе дар иҳотаи талҳои сурх мондааст, шабеҳи бинии баланду бовиқори адиб аст, ки бо як дидан зодгоҳи ӯро дар зеҳнҳо таҳрик медиҳад. 
Ҳоло ин пири хирадмандро қисмати он мӯйсафедон – қаҳрамонҳои ҳикоёти намакини худи ӯ насиб гашта буд, ки ҳар кадоми онҳоро дар дами марг хеле боварибахш тасвир карда буд. Нависандаи беназир дар аксари асарҳои худ симои мӯйсафедонро басо барҷаста ба қалами тасвир кашидааст. Дар тасвири ӯ дунёи пирони рӯзгордида аҷаб табиӣ ва хеле хонданӣ ба анҷом расидааст. Нависанда ахлоқи иҷтимоии ҳаёти ҷомеаро аз ҳар паҳлӯ таҳқиқ кардаву басо муассир ба қалам додааст. Ҳикояҳои «Қазо», «Душманон», «Падар» ва «Ситораи корвонкуш» аз ҳамин шумор буда, дар онҳо рӯзгори печида ва дунёи мураккаби пиронсолон хеле табиӣ тасвир гаштааст. Саттор Турсун дар интихоби вожаҳо басо усто буда, ҳар як калима дар устохонаи зеҳни ӯ коркард ёфта, ба гунаи дигар ҷилва медиҳанд, басо марғуб мешаванд. Вай ба забони асари бадеӣ диққати беандоза медод, «аз забони ланҷи асар» комилан парҳез мекард, гӯё дар сари ҳар вожа, тасвири наву тару тоза бас ҷонбозиҳо мекард. Ин аст, ки асарҳои эҷодкардаи ӯ дар дили хонанда маъво ёфта, вайро водор мекунад, ки такрор ба такрор онҳоро ба даст гирад. «Забони асари бадеӣ набояд ланҷ, мағшуш, носуфта ва ҳатто миёнаҳол бошад. Зеро ба чунин лафзу лаҳҷа як амри беҳуда аст кашф намудани олами ботинии инсон, баён доштани кори ақлу фаросат, вазъи хавоси хамса, умуман возеҳ ба таҳқиқ гирифтани ниҳонхонаҳои дилу ҷони одамизод», – навиштааст ӯ.
Саттор Турсун бешак як тан аз фидоиҳои адабиёт буд, ки умри гаронмояи худ сарфи ғановати он сохт. Нишоти ҳаёти худро ба пешрафти адабиёти тоҷик иваз намуд, рисолати шахси адибро дар пеши миллат софдилона ва бо виҷдони пок иҷро кард. Вай аз камназир нависандагони тоҷик аст, ки қаламиҳои мондагораш ба зиёда аз 30 забони дунё нашр гардида, кунун ба аҳли дунё миллати сарбаланди моро муаррифӣ мекунанд. Вай пайваста таъкид мекард, ки обрӯйи ҳар миллатро насри барҷастаи он машҳури дунё мекунад ва ояндаи адабиёт ғолибан дар дасти наср аст. Устод адибони ҷавонро таҳрик медод, ки дар навишти асарҳои пурмағз иқдом кунанд ва ин бори вазнинро ба ҳар наҳвае набошад, то манзили мурод расонанд.
***
«Ҳар боре, ки додарам ба Душанбе маро хабаргирӣ меомад, дар оинаи чашмонаш пора-пора нақши талу теппаҳои зодгоҳамро меовард», – навиштааст Саттор Турсун дар «Фонуси хаёл».
Ҳоло дар атрофи ҷисми берӯҳи ӯ додарони ӯ нишастаанд. Самеъ, Солеҳ...  Онҳо бешак дар оинаи чашмони худ нақши талу теппаҳои зодгоҳи адибро овардаанд. Аммо сад дареғ, ки нависандаи маҳбуби дилҳо ҳоло нақшу нақлҳоро аз қисмати ин талҳои сурх, тангкӯчаҳои хокиву каҷу килеби он, чеҳраҳои шиносу гарми ҳамдеҳагон, боғзорони ғарқи мева, шуввоси якнавохти оби рӯдхонаи Оҳангарон на медид, на мешунид! Ин орзуро абадан бо худ бурда буд.
Саттор Турсунро қисмати қаҳрамони романи «Се рӯзи як баҳор»-аш Усмон Азизи диловар насиб гашта буд. Усмон Азиз дар тасвири адиб пас аз нокомиҳо тир хӯрда, «Ва аз хонаи гарми зин канда шуда, оҳиста ба замин, рӯйи майсаву лолахасакҳои саросар шукуфон...» ғалтида буд. Адиб низ дар лаҳзаҳои вопасини умр дар мағзи сина тири аҷал дар домани лолазори ҳамболини худ – Лолаи шоирбону як даст дар кафи ёр ва як даст дар кисабағал – он ҷо сурати ҷигарбандонаш маҳфуз буд, – бо сари баланд, аммо каме бо дили кашол ба сӯйи Холиқи худ бебозгашт рафт!
Ба гӯшам навҳаи Лола менишинад:
Ёрам рафта хона мазор аст, аламо.
Ҷонам зи ғамаш сахт фигор аст, аламо.
Сард аст ҷаҳон чу қаҳваи кунҷаки миз,
Шаҳри дили ман чу шоми тор аст, аламо.
***
Адибро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супориданд. Додари ӯ – Мулло Солеҳ ҷисми вайро дар лаҳад гузошт ва «Ором бихоб, акаҷон. То дидор дар қиёмат!» – гуфту ашкрезон берун омад. Дар як дам чашми носери гӯрро хок пур кард ва «як кӯза зар» дар синаи хоки нам пинҳон шуд. 
Лучоб. Ин ҷо маъвои охирати даҳҳо тан аз аҳли сухан аст, ки устод Саттор Турсун дар тӯли умри болиғи худ бо аксари онҳо ҳамкор ва аз наздик шинос буд, ё ҳадди ақал пайвандии равонӣ дошт. Мирзо Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир... ҳама ҳаммаслакони ӯ буданд, ки рисолати худро иҷро намудаву сар ба хоки тар гузоштаанд. Акнун ба ҷамъияти адибони хомӯш пайваста, суҳбат, баҳсҳои гарми онҳо идома хоҳад кард, танҳо бесадо, бидуни шарру шӯре! Ин ҷо ҳама баробар ва дар ғами ҳисобу китоб бо Холиқи якто ҳастанд! 
– Илоҳо, шаби нахустини марҳумро осон, маъвои охираташро чароғон гардонӣ! – дар пайи ин дуо ҳама даст ба рӯ мекашем ва устодро дар баландии Лучоб бо «ҳаёти нав» тани танҳо гузоштаву бо дили реш қафо мегардем. Шоири ҷавон ва умедбахши мо Толиби Луқмон оҳиста ҳиҷо мекунад:
Бо шукӯҳу виқори зебанда,
Ҳар гаҳ аз кӯчаҳо гузар мекард,
Файласуфона роҳ гаштанҳош,
Бар муҳиту фазо асар мекард.
Буд дар ӯ фарри Улуғзода,
Бо таанниву тоқату тамкин,
Порае аз нубуғи Икромӣ,
Партаве аз фурӯғи Фазлиддин.
Зоҳиран гарчӣ кӯҳпайкар буд,
Андар ин кӯҳ рӯди нолон дошт.
Ҳалқа-ҳалқа чу дуди сигораш
Оҳи бар авҷи чарх печон дошт...

Шариф ХАЛИЛ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: