«БОНУВОН ДАР РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ»

Бо чунин ном таҳиягарон аз Русия доир ба фаъолияти бонувони соҳибкори Ӯзбекистон филмҳои мустанад бардоштанд.

 Аҷибаш дар он аст, ки таҳиягарони соҳибтаҷриба Кристина Кретодова ва Анна Каменева худ тавассути автомобил ба шаҳри Самарқанд омаданд. 
Онҳо бо собиқ директори китобхонаи ба номи Пушкини вилоят ва сарвари хиёбони таърихӣ-этнографӣ Елена Ладик суҳбати дилнишину самимӣ ороста, ба пурсишҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар «Шаҳри абадӣ» таҳиягарони филмҳои мустанад бо бонувони ин мавзеъ вохӯрии хотирнишон гузарониданд.
— Бонувони Самарқанд ба мо таассуроти калон гузошт, – гуфт Кристина Кретодова, – онҳо ҷаҳонбинии васеъ дошта, аз бонувони мо камӣ надоранд. Чанде пеш мо дар бораи бонувони баҳри Байкал низ барномаи калони мустанад таҳия карда, пешкаши мухлисони телевизиони Русия намуда, ҷоизаҳои давлатии мамлакатро гирифтем. Умедворам,  филмҳои мустанаде, ки дар Ӯзбекистон ба навор бардошта шуданд, ба мухлисони телевизиони Русия писанд хоҳад омад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: