БА МУЛКДОРОН ВА СОҲИБОНИ ОШХОНАҲО ЧӢ ГУНА ИМТИЁЗОТ ДОДА МЕШАВАНД

Дар давраи барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят мураккаб паҳншавии сирояти коронавирус на танҳо ба саломатии шаҳрвандон, балки ба иқтисодиёти кишварҳо низ оқибатҳои манфии худро намоён месозад.

Дар давраи барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят мураккаб паҳншавии сирояти коронавирус на танҳо ба саломатии шаҳрвандон, балки ба иқтисодиёти кишварҳо низ оқибатҳои манфии худро намоён месозад.
Айни замон дар натиҷаи чораҳои қатъии мисли пӯшидани сарҳадоти беруна, маҳдудиятҳо оид ба ҳаракатҳо, қатъӣ иртибот дар тамоми соҳаҳо бо кишварҳои хориҷӣ  соҳаи хидматрасонӣ, ки дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нақши муҳимро мебозад, аз ҳама зиёдтар зарар мебинад.
Аз моҳи марти соли равон дар мамлакати мо як қатор Фармон ва қарорҳои Президент, ки оид ба нарм гардондани таъсири манфии пандемияи коронавирус ва ҳолатҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, куллан барҳам додани балои коронавирус вазифаҳои ниҳоят муҳим ва таъхирнопазирро дар бар мегиранд, қабул шуданд, ки ба коҳиш додани  оқибатҳои пандемия хидмат мекунанд.
Ҳамзамон, ба мақсади фароҳам овардани шароити зист ва кор ба аҳолӣ дар муҳити пандемия имрӯз зарурати дастгирии соҳаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасониро тақозо менамояд.
Дар фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии аҳолӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ барои коҳиш додани таъсири манфии пандемияи коронавирус» ба дастгирии маҳз ин соҳаҳо дар шароити душвори имрӯза эътибор дода шудааст.
Ҳамин тавр, дар ин давраи мураккаб дар баробари дастгирии иловагии аҳолӣ, соҳибкории соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ боз чӣ гуна имтиёзҳо дода мешаванд?
Якум, аз 1 июли соли 2020 то 31 декабри соли 2020 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва корхонаҳое, ки ба иҷораи биноҳо тахассус доранд, аз пардохти  андоз аз гардиш озод карда мешаванд.
Инчунин, шахсони ҷисмонӣ низ аз пардохтани андози даромаде, ки аз пешниҳоди амволи ғайриманқул ба иҷора ба даст оварда мешаванд,  озод карда мешаванд.
Дуюм, дар давраи аз 1 апрели соли 2020 то 31 декабри соли 2020 корхонаҳои хӯроки умумӣ аз пардохти хироҷ барои ҳуқуқи анҷом додани савдои чаканаи маҳсулоти спиртдор озод карда мешаванд
Илова бар ин, мӯҳлати имтиёз доир ба аз 5 то 3 фоиз коҳиш додани миқдори маблағҳои корхонаҳое, ки бо савдои яклухти нӯшокиҳои спиртӣ шуғл меварзанд, то 31 декабри соли 2020 дароз карда мешавад.
Сеюм, аз 1 июли соли 2020 аз 25 то 50 нафар афзоиш дода шудани шумораи ҳадди миёнаи солонаи кормандон барои корхонаҳои хӯроки умумӣ аҳамияти назаррас дорад, зеро он ба баланд бардоштани манфиатдории қонунӣ гардондани фаъолияти кормандоне, ки дар ин соҳа низ аз қайд нагузашта фаъолият нишон медиҳанд, мусоидат менамояд.
Чорум, то 1 июли соли 2021 ба муассисаҳои хӯроки умумӣ ба ҷойгиркунии озодона ва сохтани иншооти сабук дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳуқуқ дода мешаванд, ки ҳатто дар шароити пандемия хизматрасонӣ ба мизоҷонро таъмин мекунанд.
Панҷум, дар давраи то 1 июли соли 2021 ба субъектҳои соҳибкорӣ ба андозаи бекор кардани  маҳдудиятҳои карантинӣ ҳуқуқи амалӣ намудани  савдо тавассути дӯконҳои мошин, мағозаҳои автомобилӣ, автоприсепҳо, зарфҳои мошин ва  фудтракҳо бо роҳи огоҳ намудани мақомоти давлатии хидмати андоз бо нишон додани мӯҳлат, молҳо ва ҷойҳои савдо, ки барои қарор гирифтани воситаҳои нақлиёт манъ намебошанд, бидуни ба имзо расондани шартнома бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дода мешавад.
Ғайр аз он, муддати имтиёзҳо барои субъектҳои соҳибкории хурд аз пардохти андози амвол ва андози замин, инчунин кам кардани ставкаи андози иҷтимоӣ барои микрофирмаҳо ва корхонаҳои хурд аз 12 то 1 фоиз то 31 декабри соли 2020 дароз карда мешаванд.
Инчунин, муддати шаҳодатномаҳои тахассусии аудиторҳо, риэлторҳо, нархгузорҳо, актуарҳо, роҳбарони дорухонаҳо ва филиалҳои онҳо, кормандони ташкилотҳои сайёҳӣ ва гидҳо (роҳбаладҳо), омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, ки аз 1 марти соли 2020 ба охир мерасанд, то санаи имтиҳонҳои навбатии тахассусӣ дароз карда мешаванд.
Дар хотима, бояд қайд кард, ки дар назди мо мунтазам омӯхтани корҳое, ки дар минтақаҳо оид ба татбиқи имтиёзҳое, ки Президент дар фармон ва қарорҳои ба нарм гардондани оқибати пандемия нигарондашуда пешниҳод намудааст ва оид ба иҷрои онҳо назорати парлумонӣ пеш бурдан аз вазифаи муҳим боқӣ мемонад.

Абдуғанӣ УМИРОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
узви фраксияи ҲСД «Адолат».  ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: