Ҳамоиши ҳаштуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон

Чи хеле ки хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҳамоиши ҳаштуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон 11-12 ноябр аз Ҷумҳурии Туркия боздид намуд.

Чи хеле ки хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар ҳамоиши ҳаштуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон 11-12 ноябр аз Ҷумҳурии Туркия боздид намуд.
Чорабиниҳои асосии ҳамоиш 12 ноябр баргузор гардид.
Дар шаҳри Истанбул дар бинои нави котиботи Шӯрои туркӣ парчамҳо барафрохта шуданд.
Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сарони давлатҳои бародар иштирок намуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ парчамҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон, инчунин Венгрия, Туркманистон ва худи ташкилот барафрохта шуданд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки котиботи мазкур минбаъд низ дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои созмон нақши муҳим мебозад.
Бинои котибияти Шӯрои туркӣ дар ибтидои асри XIX сохта шуда, дар ноҳияи Фотиҳи шаҳри Истанбул ҷойгир аст.
Баъд аз ин Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши ҳаштуми Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон иштирок намуд.
Бо ташаббуси Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған чорабинӣ дар ҷазираи Демократия ва озодӣ, ки дар наздикии Истанбул ҷойгир буда, яке аз нуқтаҳои аз нигоҳи таърихӣ муҳими Туркия ба шумор меравад, баргузор гардид.
Дар ҷамъомади Шӯро инчунин Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт-Тоқаев ва ҳамчунин Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Сарвазири Венгрия Виктор Орбан иштирок намуданд.
Бинобар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои васеъ намудани ҳамкориҳои бисёрҷанба дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, иқтисодиёти «сабз», технологияи рақамӣ, нақлиёт ва коммуникатсия ва ҳамчунин таълиму маданият баррасӣ гардиданд.
Раҳбари Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ба пурра ба рӯи об баровардани иқтидори бузурги ҳамкории мамлакатҳоямон ва мустаҳкам намудани созмон нигаронда шудаанд, пеш гузошт.
Дар поёни ҳамоиш қарор дар бораи ба Ташкилоти давлатҳои туркӣ табдил додани Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон, гузаштани раёсат дар ташкилот ба Ҷумҳурии Туркия ва соли оянда дар Ӯзбекистон барпо намудани ҳамоиши якуми Ташкилоти давлатҳои туркӣ қарор қабул гардид.
Роҳбарони давлатҳо беш аз даҳ ҳуҷҷат – Декларатсияи ҷамъбастии ҳамоиш ва ҳамчунин ҳуҷҷати барномавии «Назари ҷаҳони туркӣ – 2040» ва дигар қарорҳоро ба имзо расонданд. 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: