Меҳнаткашони ноҳияи Пахтакор 32-солагии иди истиқлолро бо рӯҳияи баланд ва кайфияти аъло истиқбол мегиранд.
Аҳли ноҳия воқеаҳои муҳимро дар ҳаёти сиёсии мамлакат, ба мисли қабул карда шудани Сарқонун бо таҳрири нав, ислоҳоте, ки баҳри гузоштани пойдевори Ӯзбекистони Нав, Эҳёи саввум равона карда шудааст, аз ҳар ҷониб дастгирӣ менамоянд ва барои амалӣ гардидани он саъю ҳаракат мекунанд. Дар ин ҳудуд ба туфайли рушд додани ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, ба соҳибкорӣ роҳи васеъ кушодан, таъмин намудани иҷрои барномаи давлатии ободонӣ некуаҳволии мардум ҳам торафт беҳ мешавад.
Имрӯзҳо орзуву умеди наслҳои нави ин авлоде, ки тақдири хешро ба азхудкунии дашт сахт пайвастаасту аксаран пешаи деҳқониро баргузидааст, ҷомаи амал мепӯшанд ва рӯзгорашон ба фаровонӣ рӯ мениҳад. Онҳо ноҳияи худро ба як макони инноватсионӣ табдил доданиянд ва иди аз ҳама бузург, аз ҳама азизро бо комёбиҳои беназири меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Мо дар зер аз боби ҳаёти онҳо як силсила мақолаҳо омода кардаем, ки ба ҳукми хонандагони рӯзнома ҳавола месозем.
Бозори нав, ҳамкорони нав
Ба маҳсулоти Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «World trading company» натанҳо дар бозори дохилӣ, балки берун аз кишвар ҳам эҳтиёҷ зиёд аст. Лоиҳаи ин корхонаи муштарак 5 миллиону 145 ҳазор доллари Амрико қимат дорад. Он асосан барои автомобил равған мебарорад. Аз ҷумла, соле сад ҳазор тонна моеъоти сардкунӣ, дусад ҳазор дона филтрҳои ҳаводиҳӣ, дусад ҳазор ҷуфт ноқилҳои баландволт, шаш ҳазор тонна барои муҳаррикҳои дизелии тамғаи «АУС-32» равғани махсус истеҳсол менамояд.
Соли сипаришуда ҷамъият дар ҳаҷми 2 миллиону 190 ҳазор доллари Амрико маҳсулот содир кард. Дастандаркорони корхона имсол ба нақша гирифтаанд, ки ин нишондиҳандаро ба 2 миллиону 600 ҳазор доллар расонанд. Онҳо ашёи хомро аз Русия, Туркия, Эрон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва ИМА меоваранд.
– Аз рӯи талаботи бозор бо мақсади барои автомобилҳо истеҳсол намудани равғани муҳаррикӣ ва техникӣ дар ҳудуди корхонаамон сехе таъсис додем, – мегӯяд директори корхонаи муштарак Зайниддин Иброҳимов. – Рӯзҳои наздик боз имкон пайдо мекунем, ки маҳсулоти нав истеҳсол намуда, ҳаҷми содиротро афзун диҳем.
Айни замон маҳсулоте, ки дар ин ҷо тайёр мекунанд, ба Туркия, Литва, Гурҷистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон содир мешавад. Дар ин корхона 116 нафар ҷавонон бо кор банданд.
Лоиҳаҳои истиқболнок дар «Paxtakor Teks»
Аз ин чаҳор сол муқаддам дар ҳудуди маҳаллаи «Ғалаба»-и шаҳри Пахтакор корхонаи муштараки «Paxtakor teks» таъсис ёфт. Он барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ихтисос ёфта, аҳолии маҳалро бо шуғл фаро гирифтааст.
Корхона соле нӯҳ ҳазор тонна нахи пахтаро азнавкоркард мекунаду калоба мебарорад. Дар ин ҷо ҳамеша кор дар ҷӯшу хурӯш аст. 440 нафар ҷавонони ноҳия дар ин ҷамоа фаъолият мекунанд. Дар ҳафт моҳи гузашта корхона бо қимати 11 миллиону 300 ҳазор доллар ба хориҷа маҳсулоти тайёр баровард.
Севара Қаршибоева аз зумраи бонувони ҷавонест, ки ҳунарро ба пуррагӣ аз бар намудааст. Ӯ ду нафар фарзанд дорад. Фарзандонашро ба боғчаи бачагона дода, кор мекунаду ба оилааш нафъ меорад. Ҳоло саркори сех аст, ба ҷавонону ҳамсолонаш асрори касб меомӯзонад.
Дар корхонаи муштарак боз як лоиҳаи нави истиқболнок амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа, ки 18,5 млн. евро қимат дорад, истеҳсоли матоъ, рангубори он ва дастгоҳҳои дӯзандагиро муҷаҳҳаз намудану барпо сохтани бахши нав дар назар аст. Дар сурати ба кор даромадани лоиҳаи нав 400 ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд меояд.
Маҳсулот ба Чин
Дар ноҳия меваву сабзавот зиёд аст. Баробари истеҳсол инчунин қадоқ менамоянду ба Чин мефиристанд. Ин корҳо, яъне қадоқкунии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Чин – «Jjzzakh Agritrade» ба амал бароварда мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолот 16 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин корхона алҳол 25 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст. Имсол бо қимати 4,5 млн. доллар маҳсулот ба Чин содир карданд. Таъсисгари корхона Луо Ҷиган дар аснои суҳбат чунин гуфт: «Чор сол аст, ки дар вилояти Ҷиззах фаъолият пеш мебарам. Як ҳақиқатро бо ҳам диданӣ ҳастам. Мардуми ин ҷо дилкушод, самимӣ ва басо меҳмондӯстанд. Ин омилҳо барои бемалол ва бемамониат фаъолият кардан ёрӣ мерасонанд. Кишваратонро иқлимаш гарм, рӯзҳояш аксаран офтобист, аз ин рӯ меваҳояш ҳам серкаллорияанд.
Аз фурсат истифода бурда, мардуми сарбаланди Ӯзбекистонро бо иди истиқлол табрику таҳният мегӯям. Бигзор муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои тарафайни Ӯзбекистону Чин бардавом бошанд».
Маҳаллаи ман – сарнавишти ман
Барои инфрасохтори маҳаллаҳоро беҳ намудан корҳои зиёд ба сомон расиданд. Аз ҷумла, пуле, ки маҳаллаи «Роҳи бузурги абрешим»-ро бо маркази ноҳия мепайвандад, аз таъмир баромад. Дар маҳаллаҳои Дилором, Олмазор, Сувонобод, Тошканд ва Ғалаба ҷамъ 6439 метр дарозии роҳҳои кӯчаҳои дохилӣ мумфарш карда шуд.
Ба як қисми кӯчаҳои маҳаллаҳои марказӣ шағал хобониданду роҳҳои дохилиро сангфарш намуданд. Албатта, дар доираи корҳои ободонӣ шабакаҳои газ, хати об нав гардид. Бештари маҳаллаҳо ба худ намои зебо гирифтанд. Корҳои ободонӣ ҳоло ҳам идома доранд.
Як боғе мешавад, ки...
Тибқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар ҳудуди ноҳия беш аз 80 ҳазор ниҳолҳои манзаравӣ ва мевадиҳанда шинониданд. Аз ин дар 15 маҳалла қариб 38 ҳазор бех кӯчати дарахтони манзаравӣ ва мевадиҳанда, наздик ба 22 ҳазор дона қаламчаи сафедор, дусад ҳазор бех кӯчатҳои гул шинониданд. Ҳамаи ин корҳо баҳри ба вуҷуд овардани сарсабзиву хуррамии ҳамин диёр равона карда шудааст.
Дар ҳудуди хоҷагии фермерии «Наврӯз» аз тарафи корхонаи муштараки «Silver-leafe» дар 130 гектар майдони замин 81 ҳазор бех ниҳоли павлония парвариш карда мешавад. Аз ҷониби корхонаи унитарии «Ҷиззахйӯлкӯклам» дар нӯҳ гектар замини ҳудуди хоҷагии фермерии «Навбаҳор» плантатсияи ниҳолпарварӣ ташкил дода шудааст. Ҳамчунин мувофиқи шартномаи миёни ҳокимияти ноҳия ва институти «Ӯзӯрмонлойиҳа» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Пахтакор» 1,9 гектар «Боғи сабз» барпо меёбад.
***
Гуфтан ба маврид аст, ки баҳри эҳтиёҷи рӯзмарраи мардумро нисбат ба маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин намудан, дар маркази ноҳия Экобозор фаъолият мекунад. Дар ин ҷо зиёда аз 200 растаи савдо мавҷуд. Рӯзҳои ид барилова маҳсулоти арзон ба фурӯш бароварда мешавад.
Рамзиддин ҚУРБОНОВ.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.